«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.

Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум дар бахши «Кишвари ман», «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI» ва Донишномаи бачагонаи «Чӣ? кай? Дар куҷо?» (дипломҳои махсуси озмун).

Шоистаи ёдоварист, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеъи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ аз соли 2004 инҷониб баргузор мегардад. Дар озмуни мазкур зиёда аз 107 адабиёти тозанашр аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Руссия ва Беларус пешниҳод гардиданд.

Ҳакамони озмун зикр намуданд, ки аз Тоҷикистон соли равон барои иштирок дар озмун се Донишнома пешниҳод гардид. «Нашри се Донишнома дар муддати як-ду сол кори саҳл нест, ва ин аз он далолат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашри адабиёти зарурӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд», — гуфт Александр Воропаев, ки узви ҳакамон аз Федератсияи Россия буд.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top