РЕДАКСИЯИ ХАРИТА, ТАСВИРОТ ВА КОМПЛЕКТАТСИЯ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭСТ ва СИЭМТ, ки соли 1968 бо номи редаксияи Тасвирот ва харита таъсис ёфтааст. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш амал мекунад. Асосан ба таҳияву тадвини аксу тасвирҳо, нақшаву харитаҳо ва ороишу дизайни китобҳои донишномаӣ машғул аст. Дар таркиби СИЭСТ дар ҳайати редаксия И. Сайфиддинов, Р. Барч, А. Юсуфов, И. Тибилов, Э. Миркамолов, Ҳ. Ҳакимов кор карда, 8-ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», 3 ҷилди «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Революцияи Кабири Социалистии Октябр», «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» ва чандин донишномаи дигарро бо харитаву тасвирҳои тадвину таҳиякардаи худ таъмин кардаанд. Феълан дар редаксия 4 воҳиди корӣ (мудир, харитасоз, суратгир, танзимгар) вуҷуд дошта, дар он Н. Шамсов, Ш. Шарипов, У. Ҷобатшоева ва Т. Сафаров кор мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар редаксияи мазкур Б. Мухторов, Ш. Шарипов, М. Азизов, Ҳ. Садиров, А. Солиев, Б. Раҷабова, М. Баҳриева, М. Амиршоев низ фаъолият доштанд. Ҳайати редаксия дар таъмин ва тазйини ҷилдҳои 1–7 «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ҷилдҳои 1–2 «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Донишномаи Душанбе», «Шинохт ва ёдгирӣ», «Чӣ, кай, дар куҷо?», «Шигифтиҳои бадан», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» бо аксу тасвирҳо ва нақшаву харитаҳо саҳм гузоштаанд. Мудирони редаксия: Сайфиддинов И. (1970–2004), Садиров Ҳ. (2011–13), Мухторов Б. (2010–14), Шамсов Н. (аз 2015).

РЕДАКСИЯИ ФАРҲАНГ, МАЪРИФАТ, КОРҲОИ ҲАРБӢ, ТУРИЗМ ва ВАРЗИШ, яке аз сохторҳои калонтарини СИЭМТ, ки бо тадвин ва таҳрири мақолаҳои марбут ба фарҳанги умумибашариву миллӣ, санъати мусиқиву меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маориф (педагогика ва психология), корҳои ҳарбӣ, соҳаҳои туризм ва варзиши ЭМТ ва энсиклопедияҳои соҳавӣ машғул аст. Редаксия соли 1968 баробари ЭСТ таъсис ёфта, ибтидо аз ду редаксия – Маданият ва санъат; Матбуот, маорифи халқ ва педагогика иборат буд. Баъдан ба як редаксия табдил дода шуда, таҳти унвони Маданият ва санъат (1981), Санъат (1986) амал мекард. Аз соли 2005 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Ҳангоми ду редаксия будан, 8 корманд дошт. Ҳоло дар редаксия 5 нафар (Қодиров С., Нурова М., Наимов С., Раҳмонов Ҳ., Раҳмоншоева М.) кор мекунанд. Редаксия дар ҳайати СИЭМТ дар таҳияи мақолаҳои дахлдори «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд, 1978–88), «Таджикская ССР» (1974, 1984), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (3 ҷилд, 1988,1989, 2004), энсиклопедияи «Душанбе» (2004, 2016), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), «Ҳазору як корнома» (3 ҷилд), «Китоби хотира» (2005, дар бораи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (5 ҷилд, 2011, 2013, 2015, 2016, 2017) иштироки фаъол дошт. Барои таълифи мақолаҳои энсиклопедӣ редаксия ҳамеша ба олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор такя мекунад, ки шумораи онҳо ҳоло ба беш аз 60 нафар расидааст. Муаллифони фаъоли мақолаҳои марбут ба редаксия: Раҷабов А., Нуров А., Ҳабибов Ш., Раҳмонқулов А., Муқимов С., Раҳмонӣ Р., Раҳимов Д., Шарифзода Қ. ва дигарон.
Мудирони редаксия: Беҳбудӣ М. (1974–76, редаксияи Маданият ва санъат), Раҳимов Х. (1974–76, редаксияи Матбуот, маорифи халқ ва педагогика), Шарифова М. (1975–82, редаксияи Маданият ва санъат), Ҳасанов М. (1975–82, редаксияи Матбуот, маорифи халқ ва педагогика), Абдураҳмонов Б. (1982–90), Раҳматов Б. (1990–2005), Шарипов Н. (2005–14), Қодиров С. (аз августи 2014).

РЕДАКСИЯИ ФАЛСАФА, ДИН ВА ҲУҚАҚ, яке аз воҳидҳои СИЭМТ, ки бо таълиф, таҳия, таҳриру такмил ва тадвини мақолаҳои марбут ба масъалаҳои фалсафӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ машғул аст. Солҳои 1967–88 бо номи редаксияи Фалсафа ва ҳуқуқ амал карда, дар ҳайати он беш аз 11 нафар (М. Султонов, У. Назиров, А. Шарифов, М. Ёқубов, С. Қаландаров, С. Ҷононов, А. Шеров, К. Холиқов, И. Зиёев, О. Дадоев, Х. Азимов) фаъолият доштанд, ки дар таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба илмҳои фалсафа ва ҳуқуқ дар 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» саҳм гузоштаанд. Баъдан редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ ном дошт. Аз соли 2014 редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ. Дар ин давра дар редаксия Ш. Олимова (2011–13), Н. Додов (2011–13), С. Ҳусейнов (2013–14), Ф. Назаров (2016), С. Давлатзода (2016), Н. Сайвалӣ (2017–18), У. Ҷобатшоева (оператор, 2011–14) кор кардаанд. Феълан дар редаксия 6 нафар [А. Боқиев (аз 2013), У. Камолов (аз 2015), М. Матробов (аз 2016), С. Наимов (аз 2017), М. Шамсов (ним воҳиди корӣ, аз 2018] ба таълифу таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо оид ба мафҳум ва истилоҳоти фалсафию динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, дину оиинҳо, шарҳи ҳол ва осори файласуфону сиёсатшиносон, орифону муфассирон, муҳаддисону фақеҳон, ки барои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» пешбинӣ шудаанд, машғуланд. Барои таҳияи мақолаҳои дахлдори энсиклопедӣ редаксия бо беш аз 40 муаллиф (Шарифов А., Музаффарпур В., Ҷонбобоев С., Сайфуллоев Н., Музаффарӣ М., Олимов К., Зиёев И., Ҳазратқулов М., М. Абдураҳмон, Раҷабов С., Имомов А., Зокиров Г., Абдуҷалилов А., Ҷабборов Ф.), ки дар марказҳои илмиву таҳқиқотӣ фаъолият мекунанд, ҳамкорӣ дорад. Мудирони редаксия: Султонов М. (1968–80), Шарифов А. (1980–81), Ҳазратқулов М. (1981–83; 1986–88), Беҳбудӣ М. (1983–84), Ҷононов С. (1984–86), Маҳмадуллоев С. (2014–18), Наимов С. (аз 2019).

РЕДАКСИЯИ ТАЪРИХ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба таърихи халқи тоҷик, умумиҷаҳонӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ машғул аст. Соли 1969 чун редаксияи таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва санъат таъсис ёфт. Баъдан (1973) ба ду редаксияи алоҳида: Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС ва Таърихи умумӣ, археология ва этнография ҷудо шуд. Солҳои (1989‒2008) редаксияи Таърих ном дошт. Давоми солҳои 2008‒12 бо редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ муттаҳид гардида, унвони редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқро гирифт. Аз соли 2012 бо номи кунуниаш амал мекунад. Редаксия дар табъу нашри ҷилди махсуси «Таджикская ССР», «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Революцияи Кабири Социалистии Октябрь», «Лениннома», «Энсиклопедияи Хуҷанд», «Энсиклопедияи Душанбе» саҳм гузоштааст. Солҳои зиёд дар редаксия А. Қосимов, М. Муродов, А. Самадов, Р. Шарифов, Т. Шокиров, Р. Раҷабов, А. Ҷалолов (муҳаррирони калони илмӣ), С. Абдуллоев, Х. Салимов (муҳаррирони илмӣ), С. Ғоибов, Ю. Бозоров, Д. Холмуродов, Х. Нозиров (муҳаррирон) ва дигарон кор кардаанд. Феълан дар редаксия 2 нафар: С. Ҳусайнов (мудир), А. Муҳаммадӣ (муҳаррири пешбар) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо барои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғуланд. Мудирони редаксияи Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС: Пӯлодов Ӯ. (1969‒73), Абдуманнонов А. (1975‒78), Саъдиев М. (1973‒75; 1979‒82), Назиров У. (1982‒89); редаксияи Таърихи умумӣ, археология ва этнография: Пӯлодов Ӯ (1973‒75), Мирзоев Н. (1975‒78), Валиев А. (1979‒94); редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ: Раҳматов Б. (2008‒12); редаксияи Таърих: Абдураҳмонов Б. (2012‒15), Ҳусайнов С. (аз соли 2015).

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top