Донишномаи донишмандони Тоҷикистон

«ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI», асари бисёрҷилдаи донишномавӣ дар бораи олимони тоҷик. Ҷилди 1-и он соли 2018 ба табъ расида, мақолаҳоеро дар бораи олимон дар бар мегирад, ки сароғози ҳарфи насабашон «А» мебошад. Дар СИЭМТ мураттаб ва таҳияву тадвин шудааст. Донишномаи мазкур бо дебочаи мухтасар оғоз шуда, шарҳи ҳол ва таълифоти илмии беш аз 560 донишмандеро, ки дар қарни 21 дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дар бар мегирад. Номи донишмандон мувофиқи тартиби алифбо, бидуни ба назар гирифтани унвонҳои илмӣ зикр гардида, баъдан номи рисолаҳои дифоъшуда (агар унвони илмӣ набошад, мавзӯи таҳқиқ), китоб, ҷузва, дастурамал, мақола, мухтасари шарҳи ҳол, дастоварди илмӣ ва мукофот дарҷ шудаанд. Унвони китобу мақолаҳо (ба истиснои номи рисолаҳои илмии н. и. ва д. и., ки ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд) бо ҳамон забоне, ки мунташир шудаанд, зикр гардидааст. Донишнома аз 766 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Эр-граф» ба табъ расидааст.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top