Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик

«ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК», асари бисёрҷилдаи донишномавӣ доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросим ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик. Ду ҷилди нашршудаи донишнома дар асоси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мардуми тоҷик дар СИЭМТ таҳия шуда, таҳкурсии ин китоби бузургҳаҷм маҳсуб мешаванд. Китоби мазкур фарҳанги ғаниву рангоранги мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ҷилди 1 (2015) аз маҷмӯи мақолаҳои сароғози мавзӯъҳои таҳти ҳарфҳои А – М (776 саҳ.) ва ҷилди 2 (2017, 756 саҳ.) аз Н – Я иборат буда, дӯстдорони мероси фарҳангии халқи тоҷикро бо суннату ҳунарҳои мардумӣ шинос мекунад. Донишнома бо тасвирҳо оро ёфта, бо теъдоди 5000 нусха дар матбааи «Эр-граф» ба табъ расидааст. Ҷилдҳои 1 ва 2-и ин китоб дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъати китоб»-и ИДМ сазовори Шоҳҷоиза гардид (2018). Ҷилди 3 «Наврӯз», ҷилдҳои 4–5 «Таомҳои мардумӣ» ва ҷилдҳои баъдӣ мавзӯъҳои «Наврӯз», «Сӯзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Бозиҳои бачагона», «Ҷашнҳои иҷтимоии мардумӣ» ва ғайра)-ро фаро хоҳанд гирифт.

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик
Ҷилди 1 (А – М). Душанбе, 2015. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 668 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-79-8

Подробнее...

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик
Ҷилди 3 (Наврӯз ва ҷашнҳои дигар). Душанбе, 2018. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 804 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-91-0

Подробнее...

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик
Ҷилди 2 (Н – Я). Душанбе, 2016. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 668 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-78-1

Подробнее...
Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top