«ДОНИШНОМАИ ДУШАНБЕ», китоби энсиклопедӣ доир ба таърих, иншоот, кӯчаҳо, маҳалҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси маъруфи шаҳри Душанбе. Ба муносибати ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ва ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст. Донишнома дар СИЭМТ мураттаб ва таҳияву тадвин шуда, хонандаро бо таърихи шаҳр, саҳми сокинони он дар бунёди давлати муосири миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди ҳаёти моддию маънавии кишвар ва ғайра шинос мекунад. Он таҷассумгари тараққиёти пойтахти давлати навини тоҷикон мебошад. Асари мазкур аз 728 саҳифа иборат буда, соли 2014 дар нашриёти «Ганҷ» бо теъдоди 500 нусха чоп шуд.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top