«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ МУХТАСАРИ РӮЗГОРДОРӢ», нахустин донишнома дар бахши рӯзгордорӣ ба забони тоҷикӣ. Соли 1988 ба табъ расидааст. СИЭСТ онро дар асоси «Краткая энциклопедия домашнего хозяйство» (1984) бо дар назар доштани маълумоти минтақавӣ тарҷума ва ба чоп омода кардааст. Аз 7 фасл: «Истиқоматгоҳ», «Хӯрок», «Тандурустӣ ва косметика», «Либос ва пойафзол», «Дар вақти фароғат», «Боғ ва полез», «Маълумоти ҳуқуқӣ» иборат аст.

Мақолаҳои ҳар фасл бо тартиби алифбои тоҷикӣ ҷо ба ҷо карда шудаанд. Дар донишномаи мазкур доир ба абзор, асбобу анҷоми рӯзгор, тарзи истифодаи онҳо, беҳдошт, нигоҳубину ороиши рӯю мӯй, ёрии аввалияи тиббӣ, анвои дӯхт, интихоби либос, гулдӯзӣ, намудҳои оммавии варзиш, туризм, моҳигирӣ, шикор, инчунин интихоби китоб, рустаниҳо, боғдорӣ, парандапарварӣ, обчакорӣ низ маълумоти умумӣ ва аксу тасвирҳо мавҷуданд. Адади нашраш 25 000 нусха.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top