«ҲАМРОҲИ РӮЗА», донишномаи рӯза, ки ба манзури баланд бардоштани сатҳи донишҳои маърифатӣ ва шинохтҳои динии оммаи мардум ва ба вуҷуд овардани андешаи таҳлилӣ ва таҳдоби устувори илмӣ дар онҳо таҳия гардидааст. 

Дар бахши пурсишнома ҳар суол ва ҳамин тавр ваҷҳҳои ҷавоби он гузида ё хулосаи мавзӯи комиле дар боби худ мебошад, ки аҳёнан хонанда метавонад бо тарҷеҳи маълумоти зеҳнӣ ё пурсиши сатҳӣ аз касе ҷавоби дурустро аз байни се ҷавоби дарҷшуда дар поёни ҳар суоли он интихоб намояд, вале барои такмили донишҳои маърифатӣ ва шинохтҳои илмии худ дар ҳар мавзӯе ӯро хуб, балки зарур аст, ки бо истифода аз мавқеъҳои илмӣ дар шабакаи интернет ё пурсиши донишмандони огоҳи соҳа мавзӯъро аз паҳлуҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор диҳад ва дар бораи он маълумоти кофие ба даст оварад ва аз ҳама муҳимтар ҳисси маърифатпарварӣ ва завқи илмдӯстиро дар худ бедор намояд.

Дар канори онҳо аксҳо ва тасовире аз масоҷид, осори меъморӣ ва дигар шоҳкориҳои мусулмонон дар саросари ҷаҳон оварда шудааст, ки шукӯҳу азамат, густараи ҷаҳонӣ ва таъсири тамаддуни исломро дар фарҳанги иҷтимоии ҷавомеи башарӣ нишон медиҳад.

Ин тартиб дар тарҳи нави Донишномаи рӯза аз он пеш гирифта шуд, ки намое аз даврони шукуфоии фарҳангу тамаддуни исломро ба мардум муаррифӣ намояд ва нишон диҳад, ки мусулмонон дар он давра илмро ба ибодат ва ибодатро ба амал пайваста буданд. Онҳо ба ҳар сарзамине, ки мерасиданд, аввалин коре, ки анҷом медоданд, бинои масҷид, мадраса (таълимгоҳ) ва китобхона буд. Дин назди онҳо ҳам барномаи ҳидоят, роҳи рост ва маҷмӯа таълимоти танзимгари ҳаёти инсон ва ҳам тамаддуни фарогире ба паҳнои зиндагии башар буд.

Китоб аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташхиси давлатии диншиносӣ № 56, аз 13. 06. 2014) ба чоп тавсия шудааст. Донишнома 36 саҳифа доштаву бо тасвирҳо оро ёфта, бо теъдоди 1500 нусха дар матбааи «Орбита» ба табъ расидааст. Мураттиб — Абдушарифи Боқизода.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top