«ТАЪРИХУ-Р-РУСУЛИ ВА-Л-МУЛУК» (Таърихи Табарӣ), аввалин таърихномаи умумиҷаҳонӣ дар тамоми мамлакатҳои исломӣ. Дар ибтидои асри 10 аз ҷониби донишманди форс-тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (850‒923) ба забони арабӣ таълифу тадвин шудааст. Китоб ҳодисаҳои оламро аз «ибтидои офариниш» то соли 915 м. дар бар мегирад.

Дар он тамоми манбаъҳои таърихӣ, ки ба миллату мардуми гуногун (сарфи назар аз нажод, мазҳабу эътиқоди динӣ) тааллуқ доранд, истифода шудааст. Матолиби таърихии китоб асосан дар атрофи ҷуғрофияи мамлакатҳои исломист ва баъзан зимни нақли ҳодисаҳо аз мамлакатҳои дигар низ сухан меравад. «Таъриху-р-расули ва-л-мулук» аз 16 ҷилд дар 8 китоб иборат аст. Китоби аввал (754 саҳ.), аз ҷилдҳои 1, 2 ва қисми аввали ҷилди 3 мураттаб шудааст. Аз аввали офариниш, таърихи паёмбарону давлатҳои қадими эрониён ва саргузашти онҳо то зуҳури паёмбари исломро дар бар мегирад. Китоби дуввум (762 саҳ.), ҷилди 3 (идомаи ҷилд) ва 4 (комилан) аз замони паёмбари ислом шурӯъ шуда, ҳамаи ҳодисаҳои даъват ба ислом, ҷангҳо, марг ва шарҳи сифату хислатҳои паёмбар, давраи иртидоди мардум пас аз марги ӯ, замони хилофати Абубакр (рз)-ро фаро гирифтааст. Китоби севвум (758 с) доир ба ҳодисаҳои солҳои 636‒656 м. Ҷилди 5 ва 6 (аввал). Аз ҷанги Қодисия шурӯъ мешавад, баъдан ҳодисаҳои забти шаҳрҳои гирду атрофи рӯдхонаҳои Даҷлаву Фурот, Шом, бунёди Басра, фатҳи шаҳрҳои Эрони Ғарбӣ, Рай, Гургон, Табаристон, Озарбойҷон, ҳодисаи қатли Умар (рз) ва корҳои анҷомдодаи ӯ, ба хилофат расидани Усмон (рз), гурехтани Ядгирд ба Хуросон ва қатли ӯ, зуҳури фитна дар замони Усмон (рз), қатл ва шарҳи корҳову хислатҳо, қиссаҳои хунхоҳони ӯ, ҷанги Ҷамал ва ба тахти хилофат нишастани Алӣ ибни Абитолибро дар бар мегирад. Китоби чорум (738 саҳ.), ҳодисаҳои солҳои 657‒686 м. Ҷилди 6 (охир), 7 (комилан) ва 8 (аввал). Аз идомаи фитна дар ислом, мухолифатҳои Алӣ (рз) бо Муовия ва ҷангҳои миёни онҳо, кушта шудани Алӣ (рз) васфи хислатҳо ва корҳои ӯ, ба тахти хилофат нишастани Ҳасан ибни Алӣ (рз), ҷангҳо, ҳукумати Муовия ва марги ӯ, ҳодисаи Ҷанги Карбало ва кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ (рз), ҷангҳои шиаҳо барои хунхоҳии Ҳусайн, зуҳури Мухтор ва ибтидои ҷангҳои ӯ иборат аст. Китоби панҷум (726 саҳ.), ҳодисаҳои солҳои 687‒738. Ҷилди 8 (охир), 9 (комилан), 10 (аввал). Зуҳури Мухтор дар Куфа ва идомаи муборизаҳои ӯ баҳри хунхоҳии Ҳусайн (рз), ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва муборизаҳои Ҳаҷҷоҷ, ҷангҳо дар ду тарафи рӯди Ому, ҷангҳои Қутайба дар Мовароҳуннаҳр, Ҷанги Асад дар Хатлон, ибтидои зуҳури давлатдории Аббосиён барои мубориза бар зидди Умавиён ва дигар ҳодисаҳо. Китоби шашум (712 саҳ.), ҳодисаҳои солҳои 738‒775. Ҷилди 10 (охир), 11 (комилан). Фаъолияти баъдии идорӣ ва ҷангу мухолифатҳои Насри Сайёр дар Хуросон, ҷангҳои хориҷиён, зуҳур ва фаъолияти Абумуслим дар Хуросон, ворид шудани хориҷиён ба Мадина, ғалабаи Абумуслим бар Умавиён ва ба хилофат омадани Аббосиён, ҷангҳои пай дар пай бо хавориҷ, бунёди шаҳрҳо, аз ҷумла Бағдод ба дасти Абуҷаъфари Мансур ва ҳолу рӯзгори ӯ то замони маргаш ва ҳодисаҳои дигари марбут ба ин рухдодҳо. Китоби ҳафтум (726 саҳ.), ҳодисаҳои солҳои 775‒840. Ҷилдҳои 12, 13. Шарҳи ҳодисаҳои замони хилофати Маҳдӣ то марги ӯ. Хилофати Ҳодӣ, Ҳорунаррашид ва фаъолияти ӯ, хилофати Амин ва зиддияту муборизаҳои ӯ бо Маъмун, зуҳури хонадони Тоҳириён дар корҳои сиёсии хилофати ислом, ҷангҳои Тоҳир дар Эрони Ғарбӣ, ба сари қудрат омадани Маъмун, ҳукмрон шудани хонадони Тоҳириён дар тамоми қисми шарқии хилофат, мактуби Тоҳир ба писараш, марги Тоҳир ва ба сари қудрат омадани писараш Абдуллоҳ, марги Маъмун, исёни Бобаки Хуррамдин ва шарҳи ҷангҳои Афшини Ушрусанӣ бо ӯ, хашми муътасим бар Афшин ва амсоли чунин ҳодисаҳо дар ин замони таърихӣ рух додаанд. Китоби ҳаштум (824 саҳ.), ҳодисаҳои солҳои 840‒932. Ҷилдҳои 14, 15, 16. Матолиби он чунин ҳодисаҳоро дар бар мегирад: қатли Афшин, марги Муътасим, идораи хилофат аз ал-Восиқ то ал-Қоҳир Биллоҳ, баёни муборизаҳо ва қатли баъзе аз хулафо, ахбори хонадони Тоҳириён, исёни туркони дарборӣ, ҷангҳои зангиён, зуҳури хонадони Саффориён, муборизаҳои Яъқуби Лайс, муборизаҳои мазҳабӣ дар байни хилофат. Мансури Халлоҷ, хуруҷи қарматиён, Ибни Муқла, ахбори пароканда дар бораи Сомониён ва ғ. Китоби мазкурро Абулқосим Поянда аз забони арабӣ тарҷума кардааст. Дар СИЭМТ таҳрир ва тасҳеҳ шудааст. Ҳар як китоб бо теъдоди 1000 нусха дар матбааи «Эр-граф» ба табъ расидааст (соли 2014).

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top