Энсиклопедияи Советии Тоҷик

Аввалин донишномаи бисёрҷилдаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ...

Бештар...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Нахустин асари бисёрҷилдаи донишномавии миллӣ-универсалӣ...

Бештар...

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо...

Бештар...

Донишномаҳои кӯдакон ва наврасон

 

Нахустин донишномаи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон....

Бештар...

Донишномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Китоб-маълумотнома дар бораи ҳудудҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Бештар...

18 марти соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии ҷилди севвуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба Наврӯзи ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз ёфт. Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба аҳаммияти илмӣ ва миллии Донишнома, ки оид ба таърихи ҷашни Наврӯз, анъанаҳои идона ва таҷлили он дар кишварҳои гуногун маълумоти муътамади илмӣ медиҳад, ҳарф зад.

«Ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи олимону муаррихон, ки дар ҷамъоварии маводди донишнома заҳмат кашидаанд, инчунин ба Вазорати фарҳанги ҶТ барои мусоидат ба нашри донишнома изҳори сипос менамоем», - иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ, Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ Носирҷон Салимов ва муаррих Аскаралӣ Раҷабов оид ба нашри Донишнома ибрози андеша намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён, ки олимону донишмандон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ буданд, як нусхагӣ китоби тозанашр тақдим гардид.

Боиси зикр аст, ки ҷилди сеюми тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» иборат аз 800 саҳифа аст. Донишномаи мазкур, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таҳия гардидааст, туҳфаи арзандае ба аҳли илм ва мардуми фарҳангдӯсти кишвар аз номи муассисаи мазкур ва Вазорати фарҳанги ҶТ мебошад.

Бино ба қавли таҳиягарон, матолиби ин донишнома аслан, баъди ба тасвиб расидани «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013‒2020» 31 майи соли 2012 бо таваҷҷуҳ ба мақоми байналмилалиро соҳиб шудани ҷашни Наврӯз мутобиқи қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-и Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – фасли 4-и «Фарҳанги ҷаҳон», ки бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон ба тасвиб расида буд, бо истифода аз 1300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, публитсистиву ахборӣ ва маҷаллаву китобҳои алоҳидаи ба ҷашни Наврӯз бахшидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар аз 200 китобу маҷаллаи дар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, аз қабили Эрону Афғонистон ва соири мамолики хориҷ банашррасида гирдоварӣ, таҳияву тадвин шуда, пас аз супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат (19.03.2018) боздиду комил гардида, ба нашр расид.
Ҳамчунин, маводди пурарзиши таърихии «Таъриху-р-русул ва-л-мулук»-и Табарӣ, «Осору-л-боқия» ва «ат-Тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «ал-Маҳосин ва-л-аздод»-и Ҷоҳиз, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Зайну-л-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, садҳо таҳқиқоти бунёдии уламои рус, аз қабили М. С. Андреев, В. В. Бартолд, Е. Э. Бертелс, К. А. Инострансев, И. Карухи, Н. А. Кисляков, Л. Майский, А. А. Семёнов, А. Красноволская, уламои эронӣ Баҳор Меҳрдод, Бурузи Наҷмо, Ваҳидӣ Ҳусайн, Додагӣ Фаранбағ, Кова Алимуҳаммад, Сайидҳусайн Наср, Разӣ Ҳошим, Муҳаммад Рашшод, Ризоӣ Абдулъазим, Равандӣ Сайидмуртазо, Тақизода Саид, Шуштарӣ Имом, Ялукбошӣ Алӣ ва таълифоти мутааддади дигар муҳаққиқини маъруфи хориҷӣ – Дюрант Вилл, Артур Кристенсен, Мэри Бойс, Ричард Фрай ва дигарон, китобу мақолаҳои мардумшиносони тоҷик Р. Аҳмадов, А. Турсон, Д. Обидов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимӣ, Д. Карамшоев, Қ. Сатторӣ, Ҳ. Муҳаммадӣ, М. Ҳазратқулов, махсусан суханрониҳои силсилавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои мардумӣ мавриди баҳрабардорӣ дар тадвини мақолоти ин китоб гардидаанд.

Китоб ҳовии муқаддима ва 8 фасл (Таърих, Гоҳшуморӣ, Рамзҳо, Маросим, Тадорукот, Суннату ойинҳои наврӯзӣ, Ашъори наврӯзӣ, Наврӯз дар ҷаҳони муосир, Дигар ҷашнҳо ва Тартиби алифбоии матолиб) мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик соли 2018 дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида буд.

   

Таърихномаи Табарӣ

Аввалин таърихномаи умумиҷаҳонӣ дар тамоми мамлакатҳои исломӣ...

Бештар...

Фиқҳи исломӣ

Китоб оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фиқҳӣ ва маорифи исломӣ...

Бештар...

Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ дар бораи олимони тоҷик... 

Бештар...

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top