Энсиклопедияи Советии Тоҷик

Аввалин донишномаи бисёрҷилдаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ...

Бештар...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Нахустин асари бисёрҷилдаи донишномавии миллӣ-универсалӣ...

Бештар...

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо...

Бештар...

Донишномаҳои кӯдакон ва наврасон

 

Нахустин донишномаи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон....

Бештар...

Донишномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Китоб-маълумотнома дар бораи ҳудудҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Бештар...

Ин номаи накуии адаби форсӣ ва шоҳкори беназири адабийёти ҷаҳон бо ибтикору иҳтимоми Сарредаксияи илмии Энсиклопедии миллии Тоҷикистон, зери унвони «САЪДИИ ШЕРОЗӢ «Гулистон» ба зевари чоп кашида шуд.

Китоби тозанашр тақрибан матни комили «Гулистон»-ро фаро гирифта ва ҳовии се паёми аслӣ барои дӯстдорони адаби порсӣ ва муштоқони сухани Шайхи Аҷалл аст:
Нахуст, он бо коғази барроқи навъи баланд, ба таври ранга, ва расму тасвирҳои марбут ба муҳтавои ҳикоёти Саъдӣ зиннат ёфтааст; дар поёни матн чанд сафҳа луғот таҳия шудааст, ки хонанда аз он баъзе алфози душворро пайдо мекунад;

Дигар ин ки ин «Гулистон»-и мусаввар ҳар саҳифае бо ду ҳуруф – сириллики тоҷикӣ ва ҳуруфи форсии аҷдодӣ пероста шудааст. Донишмандони дастбакори арҷманди мо дар солҳои 1950–60 аз ин таҷрибаи нек баҳра мебурданд, то нахи қудсии маърифати гузаштагон бо имрӯзиён густаста нашавад ва ҳам ҳавохоҳони хатти аҷдодиро бо ин роҳ ташвиқ мекарданд; ва аз ҷумла як намунаи хуби он маҷмуъаи рубоиёти ҳаким Умари Хайём буд, сафаҳоташ бо ҳуруфи форсию сириллик ороишёфта. Ҳоло ин «Гулистон» низ бо ин риволи хуб – матни ҳар ҳикоя дар як сафҳа бо ду ҳуруф тарҳрезӣ шудааст, то дӯстдорону муштоқон дар муқоясаи ду хатт, ҳуруфи форсии бобоиро ба осонӣ фаро гиранд. Аз сӯе ҳам, ба шарофати матни форсӣ, дӯстдорони ҳарфу каломи Шайх Саъдӣ дар ҳар ҷои олам, аз ҷумла дар Афғонистону Эрон ҳам метавонанд аз он бархурдор шаванд.

Паёми сеюм дар пешгуфтори ин асар, бо унвони «Андар зарурати омӯзиши ҳатмии «Гулистон»-и Саъдӣ» (навиштаи Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, сардабири Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон) садо додааст. Ба таъкиди доктор Амиршоҳӣ, дар ростои бархурди шадиди фарҳангҳо зери унвони «ҷаҳонишавӣ», ҳар чӣ бештар рӯ овардан ба асолати миллии хеш ва мусаллаҳ будан ба ғановати забони миллии худ сипари баланду муҳкаме дар баробари ҳар қудрате хоҳад буд. Доктор Амиршоҳӣ аз мақоми баланду арҷманди Саъдӣ ёдовар шуда, афзудааст ки Саъдӣ дар олам яке аз муъаллимони бузурги башарият шинохта шудааст ва ин мояи ифтихор аст, ки мо чунин муаллими ҷаҳонгири миллии худро дорем! Ва ҳамчунин «Гулистон»-и Саъдӣ дер боз китоби мақбулу баргузидаи ҷаҳониён гашта; олами мутамаддин онро ба забонҳои худ баргардонидаву мунташир кардаву аз таълими он дар либоси миллии худ истифода кардааст. Аммо, мо, тоҷикон, неъмати маънавие бад-ин бузургиро ҳануз ҳам то ба охир дарк накардаем ва дарнаёфтаем ки то ба кадом ҳадд «Гулистон» метавонад ноҷии ҳамешагии мо дар забти маъонии баланди миллиямон буда бошад.

Бар ин бино, омадааст, дар ин пешгуфтор, азм бад-он қарор гирифт, ки «рисолати таърихии ин китоб, ки Саъдии бузурвор барои кулли форсизабонҳои тамоми давру забонҳо таъйин кардааст, бо файзи истиқлол дар Тоҷикистон, баъд аз суқути даҳсолаҳо, бори дигар идома дода шавад, яъне кори таълиму тадриси хоссаи «Гулистон» дар ин қисмати таърихии сарзамини ориёиҳо, ки акнун ба манзилаи ноҷӣ, нигаҳдоранда ва рушддиҳандаи имрӯзу фардои забону адаби ҷаҳонгири форсии тоҷикӣ дар минтақа аст, бо тамоми ҷиддият роҳандозӣ шавад».
Мураттибон ғараз аз таҳийяи ин асарро он гуна тавҷеҳ медиҳанд, ки аҳли китоби имрӯз, ба вижа шогирдони дабиристонҳову донишгоҳҳои мо ва умуман ҳар фарди муштоқ ба забони форсӣ матни «Гулистон»-ро мебояд комилан аз бар кунад, то дар тамоми давраи умр ӯро корагар бошад ва ҳам бад-ин восита забону адаб ва хатти обоии худро ки муҳкамтарин зербинои ҳастии қавми мо ва роҳгушои арзишманде дар шинохти ҳувийяти миллист, фаро гирад. Ё ба таъбир дигар, «Ҳамнишинӣ бо «Гулистон» ва аз бар кардани он ҳар касеро ва пеш аз ҳама, мо тоҷиконро, ки хушбахтона он ба забони модарии мо таҳийя шудааст, ба аваҷи иззати инсонӣ мерасонад ва беҳтарин василае барои расидан ба сарбаландии ҳамешагӣ, ба таври умум солиму бегазанд нишон додани сунану маънавиёти волои аҷдодӣ хоҳад буд».
Интихоби ниҳоии матни «Гулистон» аз ҷониби Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, сардабири идораи Энсиклопедии миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Баргардонанда аз форсӣ ба кириллӣ Обиди Шакурзода ва вироишгари матни форсӣ Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсию тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, муҳаррирон Муборакшоҳ Шамсов, Мубашшири Акбарзод ва мусаввирон Сайёра Имодинова ва Неъматуллоҳ Акбаров будаанд.

«Гулистон»и мусаввари ҳазрати Шайхи Шероз дар ҳаҷми бузург (ба андозаи 84х108 1/16), 348 сафҳа ва бо теъдоди панҷ ҳазор нусха чоп шудаст.

Обид Шакурзода

    

    

   

   

 

Таърихномаи Табарӣ

Аввалин таърихномаи умумиҷаҳонӣ дар тамоми мамлакатҳои исломӣ...

Бештар...

Фиқҳи исломӣ

Китоб оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фиқҳӣ ва маорифи исломӣ...

Бештар...

Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ дар бораи олимони тоҷик... 

Бештар...

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top