SJ Health - шаблон joomla Авто
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

АККОЛБОЗӢ Ёгед ДарвозАККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ликакбозӣ, чиликқаҳрӣ, лашбозӣ, навъе аз бозиҳои қадимии халқии бачагони тоҷик, ки дар байни наврасон баргузор мешавад. А. бештар дар фасли баҳор ва махсусан, айёми Наврӯз сурат мегирад. Бозии мазкур навъҳои гурӯҳӣ ва якнафарӣ дорад. Асбоби ин бозӣ аккол (чилик) – чӯби тарошидаи (15 см) ду нӯгаш уреби тез ва акколдаста (чиликдаста, дангал) – чӯби дарозтари (70–80 см) тарошида мебошанд. Ҳангоми А. бозигарон (миқдорашон маҳдуд нест) ба ду гурӯҳ тақсим шуда, ҳар гурӯҳ ба худ сардор интихоб мекунад. Агар бозии гурӯҳӣ бошад, ду ҷуфт чӯб даркор мешавад. Барои бозиро сар кардан пилаҷой (марраҷой) – давраи диаметраш 1,5–2 м мекашанд ва дар он ҷо акколдастаро мегузоранд. Бозигарон аввал интихоб мекунанд, ки кадом даста дар дохили давра истода, онро аз чиликҳои партофтаи дастаи ҳариф ҳимоя мекунад. Сипас шумораи муайянеро ҳамчун марра қарор медиҳанд. Масалан, шумораи холи ниҳоӣ 200 ё 400 ва ғайра метавонад бошад.

Равиши бозӣ чунин аст: бозигари якум ё дастаи якум дар дохили давра истода, акколро (чиликро) бо акколдаста (дангал) ба масофаи дур мезанад. Аз он ҷое, ки аккол (чилик) афтод, ҳарифон чиликро гирифта, ба даруни давра ҳаво меандозанд. Бозигарони даруни давра саъй мекунанд, ки аккол (чилик)-ро бо чусту чолокӣ бо акколдаста зада аз хатти давра дур кунанд. Агар аккол (чилик) аз давра зада дур андохта шавад, масофаеро, ки аккол тай кардааст, бо қади акколдаста чен мекунанд. Масалан, агар ин масофа 25 баробари акколдаста (дангал) шавад, муҳофизони давра соҳиби 25 хол мегарданд. Баъди ҳисоб боз аз нав аккол (чиллик)-ро бо акколдаста (дангал) ба масофаи дур партоб мекунанд. Агар ҳарифон чӯбчаро ба давруни давра партофта тавонанд, ҷойҳо иваз мешаванд, яъне, навбати ҳимояи давра ба ҳарифон мегузарад. Агар ҳарифони майдон аккол (чиллик)-ро аз ҳаво дошта гиранд, пас, холҳои ҷамъкардаи муҳофизони давра «сӯхта» ба сифр баробар мешавад. Дар ин бозӣ ҳамон гурӯҳе, ки бештар хол гирад, ғолиб дониста мешавад. Ғолибон мағлубонро бо тарзи махсус ҷазо медиҳанд. Ҷазо чунин аст: бозигар ё дастаи ғолиб аккол (чилик)-ро бо дасташ баробари қадаш боло партофта, кӯшиш мекунад, ки онро то ба замин афтоданаш бо акколдаста 2–3 бор, баъзан бештар занад. Фарз кардем, ки аккол (чиллик)-ро дар ҳаво 3 бор зад, пас, зарбаҳои ҷаримавӣ ҳам 3 бор мешаванд. Бозигари гурӯҳи ғолиб аз дохили давра истода аккол (чиллик)-ро бо акколдаста ба масофаи дур мезанад, бори дуюм акколро аз ҷойи афтодааш гирифта боз дуртар мезанад. Дафъаи сеюм рафта, боз як зарба дуртар мезанад. Дар натиҷаи се зарба аккол аз давра ба масофаи тахминан 60–80 м дур меафтад. Бозингари мағлуб вазифадор аст, ки аз ҳамон ҷо аккол (чилик)-ро гирифта, то ба хатти давра бо як нафас «зууув»-гӯён давад. Агар дар роҳ «зу» гуфтанаш канда шуда, нафасаш гирад, он гоҳ ҷарима аз ҷойи аз «зу» гуфтан бозистодани мағлуб такрор мешавад. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҷазои мағлуб ба поин мерасад.

А. вобаста ба навоҳию минтақаҳо ҷузъиёту қоидаҳои иловагӣ дорад. Намуди ҷазо ҳам дар баъзе ҷойҳо фарқ мекунад. Масалан, дар Мастчоҳ ба ҷойи «зу» гуфта давидан, ҷазои якпоя то давра ҷаҳида омадан муқаррар шудааст. Дар баъзе деҳаҳои ноҳияи Ҳисор бозигари мағлуб акколро ба болои гӯшаш гузошта, ба сӯйи давра медавад.

Ад.: Пещерева Е. М. Игрушки и детские игры у таджиков и узбеков (по материалам 1924–1935) // СМАЭ. Т. XVII. М. – Л., 1957; Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.

Д. Раҳимов.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View