АЛАФДАРАВАК ҚаратоғАЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар фасли баҳор иҷро мешавад. Дар Самарқанд онро дар айёми Наврӯз барпо мекарданд. Гурӯҳи бачаҳо дар ягон ҷойи сералаф ҷамъ шуда, ба шакли давра гирди ҳам менишастанд. Як нафарро сармир таъйин намуда, дигарон нақши алафдаравро иҷро мекарданд. Ҳама дасти росташро зери тоқӣ руст карда, ба «алафдаравӣ» сар мекард. Дар ин вақт сармир ба онҳо наздик шуда, фармони аз «алафдаравӣ» бозистоданро медод. Бо фармони сармир ҳама якбора алафи даравидаашонро ба тоқиҳояшон андохта, ба мобайн мегузоштанд. Касе, ки бисёр даравида бошад, сармир ва дигарон ӯро мазоҳу масхара мекарданд.

Ад.: Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.               Д. Раҳимов.