SJ Health - шаблон joomla Авто
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

Атласбофӣ. Дӯзандагии либоси атласАТЛАСБОФӢ, раванди истеҳсоли матои абрешимӣ ва нимабрешимии атлас. А. дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Атласи хушранг ва олисифаташро «хонатлас» меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро «шоҳсабз», «барги карам» ва «атласи сиёҳ» меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд.

Раванди коркарди абрешим аз се марҳалаи асосӣ иборат буд: тайёр кардани калоба ё ресмон, бофтан ва ороиши матоъ. Рангубор намудани калоба ду зинаро дар бар мегирифт: ишқордиҳӣ ва кабудгарӣ.

Тори 12-бандаи атлас 44 см бар дошт. Аз ҳар чашмаки теғи дастгоҳ 4–8 нахи абрешимро мегузарониданд. Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъмул буд. Атласи навъи аввалро дар дастгоҳи чорпопушалӣ ва чоргула мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи чорум пайваст мешуданд. Попушалро ба тарзи I–II–III–IV пахш менамуданд. Дар натиҷа се нах ба рӯй баромада, як нах дар поин мемонд. Навъҳои беҳ­тарини атласро дар дастгоҳи ҳаштпопушалӣ мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи сеюм, попушали сеюм бо гулаи якум, попушали чорум бо гулаи чорум, попушали панҷум бо гулаи панҷум, попушали шашум бо гулаи шашум, попушали ҳафтум бо гулаи ҳаштум, попушали ҳаштум бо гулаи ҳафтум пайванд мешуданд. Попушалро ба тарзи I–VII–II–VII–III–VI–IV–V пахш мекарданд. Ҳангоми пахш кардани попушали якум гулаи дуюм поин шуда, байни нахи зер ва нахи болои он кушода мешавад ва аз байни онҳо пуди якум мегузарад. Ба ин тариқ, дар байни ҳашт нах ҳашт пуд болои ҳам ҷой гирифта, матои якрӯя бофта мешуд. Чунки як нах дар поин монда, ҳафт нах ба боло мебаромад.

А. дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти абрешимбофӣ дар Хуҷанди бостонӣ Шоҳроҳи абрешим таъсири бисёр расонидааст. Тоҷирон аз Чин ба шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим оварда, мефурӯхтанд. Дар навбати худ косибону ҳунармандони суғдӣ ба Чин рафта, нозукиҳои абрешимбофиро аз устоҳои чинӣ меомӯхтанд. Дар асрҳои 4–5 соҳаи пилапарварӣ ва шоҳибофӣ дар байни суғдиёну бохтариён тараққӣ кард. Ниёгони тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, ки ба атласи ҳозира монандӣ дошт, шуҳрат пайдо кардаанд.

Шаҳри Хуҷанд дар давоми асрҳои 18–19 яке аз марказҳои истеҳсолкунандаи атлас ба шумор мерафт. Аввали асри 20 дар ин ҷо қариб 3 ҳазор дукони А. амал мекард, ки бештар аз 6000 коргар дошт. Дар солҳои 1920-ум дар Хуҷанд артели аввалини матоъбофӣ бо номи «Бофанда» таъсис ёфт, ки он беш аз се ҳазор бофандаро муттаҳид мекард. Дар солҳои 1927–28 дар Хуҷанд корхонаи шоҳибофии «Бофандаи сурх» ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии шоҳибофии «Хуҷандатлас» таъсис ёфт, ки бо иқтидори 2290 ҳазор метр дар як сол атласҳои гуногун истеҳсол менамуд. Ҳоло дар корхонаҳои шоҳибофии Хуҷанд, Шаҳринав ва Қӯрғонтеппа беш аз 20 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шуҳрат дорад. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Ад.: Турсунов Н. Атлас. // Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978; Майтдинова Г. М. Традиции художественного ткачества таджиков. // Мероси ниёгон. 1999, №4; Хакимова Н. Абровые ткани таджиков ХХ столетия (история и технология). // Оче­р­ки истории и теории культуры таджикского народа. Д., 2010.

Д. Раҳимов

Алочабофӣ. Дастгоҳи алочабофӣ дар Қаратоғ

АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо маъмул буд. Дар Осиёи Марказӣ алоча бо номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маълум аст. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд, фарангӣ ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешимӣ номида мешуд.
Алоча матои рахдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз рахҳои ҳаррангаи кабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку заъфар» ва «байрақ» ном доранд. Тори алочаи дубанда 400 нах дошта, бараш тақрибан 40 см мебошад. Пудашро аз ресмони кабуд, сиёҳ ва баъзан сабз тайёр мекунанд. Дар А. ҳам занону ҳам мардон иштирок мекарданд. Кори асосиро мардҳо иҷро карда, занҳо ба онҳо дар ресидани ресмон, кушодани пила ва ба найча печонидани нах ёрӣ ме­расониданд.
Алочаи ҳисорӣ аввалҳо тангбар буд. Дар охири асри 19 бари он аз «чор ангушту чоряк» (26–27 см) то 56–58 см васеъ карда шуд, ки онро мардуми маҳаллӣ «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «як лӯла» ном дошт. Аз он як ҷомаи мардона ва ё як куртаи занона дӯхтан мумкин буд.
Баъзан нақши алочаро бо ду рахи барашон яксони гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекарданд. Аз ин навъ алоча маъмулан ҷомаҳои занонаву мардона медӯхтанд. Алочае, ки аз ресмонҳои дуруштнах бофта мешуд, пудаш дар байни асоси матоъ хуб намоён буд ва ба матоъ тобишу ҷилои махсус медод.
Устоҳо ин усулро моҳирона истифода бурда, матоъро ҷилодору хушнамуд месохтанд, чунки бо роҳи рангкунӣ чунин тобиш ба вуҷуд намеомад. Чунончи, дар матои асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро мегузоштанд, ки дар натиҷа алочаи кабуднамо истеҳсол мешуд.
Дар А. усули абрбандиро низ истифода мекарданд. Бофандагони Қаратоғ усули абрбандии худро доштанд, ки он бо нақшҳои калону равшан аз матоъҳои абрбандишудаи алочабофони дигар шаҳрҳо тафовут дошт. Дар алочаҳои қаратоғӣ нақшу нигори бодомчаҳои печида, давра, росткунҷа, хатти шикаста, барги дарахти хурмо (палметта) ва ғайра ба назар мерасанд, ки бо ҳамнишинии махсус тасвир шудаанд. Заҳматталабтарин кор дар истеҳсоли алочаи абрбандӣ таҳияи торҳои он барои рангубор мебошад. Дар гузашта ин корро устоҳое, ки маҳорати рассомӣ доштанд, иҷро мекарданд.
Ду навъи алоча маъмул буд. Сиёҳалоча, ки пуди онро аз нахҳои сиёҳ мекарданд ва сурхалоча, ки пудаш аз нахҳои сурх таҳия мешуд. Сиёҳалоча матои нисбатан олмиёна ва торикранг буд, ки бештар барои ҷомаҳои мардона истифода мешуд. Сурхалоча каме равшан буда, аз он либосҳои занона медӯхтанд.
Солҳои 30 асри 20 дар Тоҷикистон соҳаи бофандагӣ рушд ёфт ва А. низ ҳамчун як бахши он беш аз пеш тараққӣ кард. Дар шаҳраки Шаҳринав артели бофандагӣ ба кор оғоз намуд. Баъдтар як қисми кормандони он ба Душанбе омада, дар муассисаҳои шоҳибофӣ ба кор даромаданд. Қисми дигари коргарон дар Қаратоғ А.-ро идома доданд.
Соли 1972 дар Қаратоғ коргоҳи бофандагии «Дилором» кушода шуд. Дар он ҷо алочаи пахтагин истеҳсол карда, барои фурӯш ба мағозаҳои кишвар интиқол медоданд. Дар фабрикаҳои шоҳибофии Душанбе ва Суғд (Хуҷанд) минбаъд истеҳсоли атласи абрешимӣ бо нақши абр васеъ ривоҷ ёфт.
Ад.: Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 1. Под ред. Н. А. Кислякова..., Д., 1966. Ершов Н. Н. Гиссарская алача. // Памяти А. А. Семёнова. Сб. статей. Д., 1980; Турсунов Н.. Алоча / Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 2011. Д. Раҳимов.

Адрасбофӣ. Дастгоҳи адрасбофӣ. Бухоро, асри 20АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои мунаққаши дастибофи тораш абрешиму пудаш аз ресмон. Дар Хуҷанд адрасро «подшоҳӣ» ва адраси сурхро «под­шоҳии сурх» низ меномиданд. Дар гузаштаи начандон дур адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15–20 пилаи даҳбандӣ иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сӯрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузаронданд. Нахи тори беқасаб борик, вале адрас тори ғафс ва пуди борики ресмонӣ дорад. Пуди адрас аз се ресмони борики тори сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се навъ мешавад: одӣ (одмиёна) – 40 см, сербар (олчинбар) – 70 см ва камбар (якбара) – 26 см.

Адрасбофҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. «Бофанда» устое буд, ки дар дастгоҳи А. кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат мекард, ӯро «иштибар» меномиданд. Устоҳои дигар нақшҳои адрасро таҳия мекарданд, ки ин амалро абрбандӣ мегуфтанд.

Бофандагон барои рангубори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шанҷарф, суринҷ, лоҷвард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.

Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшунигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо яксон сурат мегирифт. Адрасро абрбандӣ карда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо А.-ро пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғ. меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, А.и дурӯя ном дошт.

Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш ҷилодор мешуд. Аз адрас кӯрпа ва дигар лавозими рӯзгор медӯхтанд.

Ад.: Адрас. // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1978; Майт­динова Г. М. Традиции художественного ткачества таджиков. // Мероси ниёгон. 1999, № 4; Хакимова Н. Абровые ткани таджиков ХХ столетия (история и технология). // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Д. 2010.

Д. Раҳимов.

Абри баҳор«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои китобҳои дастнавис. Ҳунармандони ин касб, ки худ мусаввир, наққош ва хаттотони моҳиру мумтоз буданд, пас аз сабти зебои матн давродаври ҳуруфро бо хатҳои моилу каҷ, ҳар гуна нақшҳои ҳандасӣ ва тасвирҳои наботӣ тавре оро медоданд, ки гӯё матн дар дохили абр, боло ё зери он бошад. Иловатан баъзе ҳунармандон замини матнро ҳалдавонӣ ва ё тилорезӣ мекарданд.

Тарзи тасвир намудани ин навъи санъати ороишӣ чунин аст: дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангҳои гуногун ва оби ширешдор омехта, бо мӯқалам пайиҳам (шурӯъ аз ранги баланд ба паст) ба дохили хатҳои кашида мепошанд. Сипас ба воситаи шонаи махсус ҳар гуна тасвирҳо ба вуҷуд оварда, болои ин варақро бо коғази обногузар мепӯшонданд. Баъди муддати кӯтоҳе коғазро эҳтиёткорона гирифта аз як гӯшааш дар ҷойи соядор овезон мекунанд, то ки моеи рӯйи коғаз шорида, он хушк шавад. Нақшу гулҳои «А. б.» маъмулан ба ҳамдигар монанд нестанд, вале ҳунармандони моҳир метавонистанд як нақш ё гулро чандин баробар бамав­қеъ ва муносиб такроран ба кор баранд. Дар гузашта чун саноати китобчопкунӣ ҳоло ба вуҷуд наомада буд ва китобҳо дастнавис мешуданд, санъати «А. б.» ҳам хеле маъмул гардида буд ва баъд тадриҷан аз миён рафт, вале солҳои охир барои аз нав эҳё намудани он ҳунармандон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

АбрбандӣАБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш 1-метрӣ ва ду ҷуфт ме­хи чӯбини дарозиаш 1–1,2 м, ки дар фосилаи 3–3,5 м аз ҳам ба фарш кӯфта шудаанд, иборат мебошад. Дар гузашта ҳунармандоне, ки истеъдоди рассомӣ ҳам доштанд, А. мекарданд. Онҳо рангҳоро интихоб менамуданд. Устои абрбанд дар коғаз тарҳи як нақши матоъро кашида, хатҳои онро бо мӯқалам ё баъзан бо чӯбчаи одӣ ва ранги дар об шусташаванда ба торҳои матои дар замин тунукшуда мегузаронид. Ин амалро нусхапартоӣ меномиданд. Сипас усто ва ё ёвари ӯ ҳамаи ҷойҳои ишорашударо, ки ранг кардан даркор набуд, дар торҳои матоъ бо ресмони ғафси обногузар сахт мепечониданд ва боқимондаи торҳоро ранг мекарданд. Баъди ранги аввал ресмони рӯйкашро кушода, торҳоро мехушкониданд ва боз ҳамон тарз рӯйкашро мепечониданд. Танҳо он ҷойҳое, ки бояд ранги дигарро мегирифтанд, печонида намешуданд.

Ин амал то охири кор чанд бор такрор мешуд ва хеле нозуку мураккаб буда, маҳорати баландро тақозо мекард. Ҳар як торро эҳтиёткорона аз байни нахҳо ва шона чунон гузаронидан лозим буд, ки тасвир халал наёбад. Торҳои ба ҳамин тарз ба дастгоҳ устуворшударо бо бурс оҳар мекарданд ва сипас ба бофтани матоъ шурӯъ менамуданд, ки кори он як андоза сабуктар ба ҳисоб мерафт. Баъди А. ва ранг додан торҳои танидаро дар байни мехҳои чӯбин таранг мекашиданд. Торҳоро хушконида, сипас ба дастгоҳи бофандагӣ мебастанд ва аз он матои матлубро мебофтанд.

Ад.: Турсунов Н. Абрбандӣ // Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978; Ершов Н. Н. Гиссарская алача // Памяти А. А. Семёнова. Сб. статей. Д., 1980.             Д. Раҳимов.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View