SJ Health - шаблон joomla Авто
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

Аждаҳо. Тасвири ҷанги паҳлавон бо аждаҳоАЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо ва боварҳои мардуми тоҷик, ки онро дар гӯйишҳои мухталифи забони форсӣ ба гунаи «аждаҳор», «аждуҳор» ва «аждар» ном мебаранд. Дар Авесто он дар шакли Ажидаҳака зикр шудааст, ки номи махлуқи офаридаи Аҳриман аст. Он секаллаву сепӯзаву шашчашм буда, мехоҳад ҷаҳонро аз мардумон холӣ кунад.

А. дар афсонаву ривоятҳои тоҷикӣ махлуқи моршакли азимҷусса аст, ки дар баъзе қиссаҳо як сар ва гоҳе се калла дорад. Макони А. одатан ғорҳо, паси кӯҳҳо, соҳил ва ё зери дарёву рӯдхона­ҳо ва ҳавзҳо мебошад. Ма­салан, дар як афсонаи тоҷикӣ «аждуҳора куштани як бача», ҷойи зисти А. торику мартуб ва боронӣ тасвир шудааст.

Тавсиф ва тасвири А. дар афсонаҳои манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ ва Эро­ну Афғонис­тон ба якдигар монанд буда, ба муштаракоти асотир ва фарҳанги таърихии онҳо ишора мекунанд. Масалан, аз даҳони А. оташу дуд мебарояд; дандонҳои бузургу даҳони чун ғор дорад, ки одаму гову ҷонварони дигарро ба як бор фурӯ мебарад. А. гӯшти одамӣ ва гов ё гӯсфанд мехӯрад. Дар афсонаҳо ҳар рӯз, ё ҳар ҳафта, ё ҳар моҳ як одаму як гов, баъзан як хик (зарфи бузурге) равған қурбонӣ мекунанд. Дар афсонаи «Хирсиддин-паҳлавон» омадааст, ки «...аждаҳоре ҳаст, ки ҳар шаб барои вай як духтар, чил барраи бирён, чил машки шароб тайёр карда мемонанд. Агар тайёр набошад, ними шаҳрро хароб мекунад...». Аз ин оҳанг хулоса кардан мумкин аст, ки одамони ибтидоӣ дар замонҳои хеле қадим ҳайвонҳои азимҷусса ва ё махлуқоти асотириро ҳамчун тотем (ҳомии қабилаи худ) парастиш мекарданд ва ба онҳо қурбониҳо меовардаанд.

Одатан қаҳрамони аф­сонаҳо бо шамшер ё корди бузург бо қасди куштани А. ба даҳони ӯ наздик мешавад ва А. ӯро фурӯ мебараду қаҳрамон ҳам бо шамшер ӯро ба ду ним пора месозад ва шоҳдухтарро, ки навбати қурбон шудани ӯ буд, озод менамояд.

Дар баъзе афсонаҳои тоҷикӣ А. чӯҷаҳои Симурғро мехӯрад ва қаҳрамон аждаҳоро кушта, чӯҷаҳоро наҷот медиҳад. Симурғ ба ивази ин кораш ҷавонро болояш савор карда, ба дунёи дигар, ба макони худи қаҳрамон мебарад.

Намоди А. ва мазмуну оҳангҳои марбути он, ки дар байни мардумони эронитабор густариш ёфтааст, бунёду решаҳои муштарак дар асотиру тасаввуроти ибтидоӣ доранд. Намод ва фаъолияти ин махлуқи асотирӣ ба фарҳанги халқҳои турктабор низ гузаштааст. Масалан, туркҳо А.-ро эждер меноманд; ӯзбекҳо аз тоҷикон гирифта аждарҳо мегӯянд; қирғизҳо – ажыдаар; озариҳо – аждаҳо, қазоқҳо – айдагар; тотори мишорҳо – аздяка, нуқайҳо – аздага ва бошқирду қарақалпоқҳо – аждаҳо меноманд. Тавассути туркҳо намоди А. ба фолклори баъзе халқҳои Аврупо низ роҳ ёфтааст, чунончи, сербҳо онро аждайя ва булғорҳо – аждер мегӯянд.

Ад.: Брагинский И.С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. М., 1956; Басилев В. Н. Аждарха. // Мифологический словарь. М., 1991.

Р. Раҳмонӣ., Д. Раҳимов.

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар асрҳои 8–9 пайдо шудааст. Дини ислом дар ибтидо ба муқобили ҳама гуна ширк буд, вале бо гузашти замон, дар натиҷаи инкишофи парастиши бузургони дин – пайғамбарон, халифаҳо (Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ) ва авлоди онҳо, А. равнақ ёфта, яке аз аҳкоми дин гардид. Минбаъд А. аз сабаби дар дохили дини ислом пайдо шудани равияҳои гуногуни динӣ, сиёсию фалсафӣ ривоҷ мегирад. А. одатҳои парастиши мазори авлиёҳо ва аз онҳо мадад ҷустанро ба вуҷуд овард. Авлиё дар байни аҳли ислом ҳамчун ашхоси соҳибкаромат эътироф шуда буданд. Қариб аксарияти адабиёти ба таълимоти тасаввуф ва намояндагони алоҳидаи он бахшидашуда, каромоти авлиёро қоил шуда, ба ҳар кадоми онҳо ин ё он навъи каромотро нисбат медоданд. Аз ҷумлаи онҳо: аз дарёҳо хушк гузаштан, бо ишорае мақсади ҳайвонҳои даранда ва хазандаҳоро фаҳмидан, забони онҳоро дониста бо онҳо гап задан, аз балоҳои заминию осмонӣ мардумро наҷот додан, воқеаҳои ояндаро пешгӯӣ кардан, душманонро дар майдони ҷанг мағлуб намудан ва ғайра мебошанд. Аз сабаби зуҳду тақвопарастӣ, ақидаҳои сулҳу мусолиматомез, мадорокорӣ ва ба мардум наздик будан авлиё дар назди на танҳо оммаи васеи халқ, балки ба ҳокимону шоҳони давру замон низ хеле маҳбуб ва соҳибиззат буданд.

Ад.: Мухаммедходжаев. А. Идеология накшбандизма. Д., 1991; Муҳаммадхоҷаев А. Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор. Д., 2007.

А. Муҳаммадхоҷаев

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик), муво­фиқи таълимоти ислом, касе, ки бо илҳоми илоҳӣ ё бо роҳи таҳзиби ахлоқ, риёзати нафс ва таҳсили илму маърифати илоҳӣ ба Худо наздик шудааст. Аз нуқтаи назари тасаввуф агар дигарон охиратро дар хоб бинанд, А. дар бедорӣ мебинад ва ба ҳаводиси олам таъсир расонда метавонад. А. гӯё бо илми ладунӣ (ғайбӣ), яъне бо илму дониши худодод аз асрори илоҳӣ огоҳ шуда, метавонад баъзе воқеот, фоҷиаву бадбахтиҳоро пешгӯӣ ва бартараф кунад. Дар имтидоди асрҳо ақи­даҳо дар бораи А. бо хурофот печида, ба ифрот расиданд, аммо дар ҳар сурат, аз қолиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ берун нарафтанд. Дар «Тазкирату-л-авлиё»-и Фаридаддини Аттор оид ба шарҳи аҳволи А. маълумоти фаровоне дода шудааст.                                                         А. Муҳаммадхоҷаев.

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ, адабӣ ва таърихии ақвоми ориёӣ. Маънии калимаи «Авесто»-ро ба маънии «дониш», «матни асосӣ», «бунёдӣ», «қонуни динӣ» ва амсоли ин шарҳу тавзеҳ додаанд. Дар адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик онро ба шаклҳои зайл навиштаанд: Ависто, Абастоғ, Абасто, Авасто, Апасто, Афасто, Бустоқ, Исто, Усто, Васто, Сто ва ғайра.

Матни ҳозираи А. як қисм аз матнҳои ҳаҷман калони қадимист, ки ба тартиби муайян дароварда шудаанд. Нахустин матнҳои А. дар ҳазораи 2 то милод (тақрибан асрҳои 12–10) дар шарқи Эронзамин пайдо шудаанд. Бо ривояти маъруф қадимтарин нусхаи он, ки дар шакли китоби мукаммал дар 12 000 варақ (аз пӯсти гов) буд, аз ҷониби Искандар сӯзонида ва нусхаи дигари он ба Юнон бурда шуд. Дар замони Ашкониён бори дигар барқарор гардид. Дар замони Ардашери Бобакон матни А. бо сарварии мубади мубадон Тансар барқарор ва таҳрир карда шуд. Бо фармони писари Ардашер–Шопур қисмҳои марбут ба илмҳои нуҷум, тиб, математика ва фалсафа, ки аз матни таҳрири Тансар берун монда буданд, ба А. дохил карда шуданд. Шопур писари Ҳурмузд бори дигар ба таҳриру такмили А. фармон дод ва ин корро Озарбади Маҳраспандон ба анҷом расонд. Дар замони Хусрави Парвиз матни А. боз ҳам таҳрир шуд ва ба забони паҳ­лавӣ тарҷумаву тафсир гардид, ки онро Занд мегуфтанд.

А. мувофиқи маълумоти «Динкард» дар замони Сосониён 348 бобро дар бар мегирифт. Қадимтарин нусхаи дастнависи А., ки то замони мо расидааст, ба соли 1278 тааллуқ дорад. А.-и то замони мо расида аз 5 қисм – «Ясно», «Вис­парад», «Вандидод», «Яштҳо», «Хурд-Авесто» иборат аст. Ба ғайр аз ин, баъзе порчаҳои пароканда (масалан, «Aoregamaera», «Найрангистон», баъзе дуоҳо) низ вомехӯранд, ки ба забони авестоӣ навишта шуда, ба адабиёти авестоӣ мутааллиқанд.

Мазмуну мундариҷаи А. хеле ғанӣ ва гуногунранг аст. А. энсиклопедияест, ки дар он зиндагӣ ва омолу кирдор, тарзи ҳаёти мардуми қадими эронинажод, донишҳои андӯхтаи онон дар соҳаҳои гуногуни илм – фалсафа, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофия, математика, нуҷум, таърих, забону адабиёт ва ғайра инъикос ёфтааст. Дар А. маълумоти муфидеро оид ба таърих, маданияти моддӣ ва маънавии аҳолии қадимии Осиёи Миёна ва кишварҳои дигар, дар бораи дин, асотир, ҳамосаҳои қаҳрамо­нии онон дарёфтан мумкин аст. А. ғайр аз фармоиши маросими мазҳабӣ, унсурҳои ибтидоии илмӣ, тасаввуроти қонунгузорӣ, маҷмӯи дастурҳои ақидавӣ (динӣ ва фалсафии ибтидоӣ), ахлоқӣ ва эстетикиро низ дар бар гирифтааст. Маълумоти ҷуғрофӣ дар боби 1-уми «Вандидод» фароҳам омадаанд. Фаргарди дуюм достонест дар бораи Йима (Ҷамшед), ки ба сабаби зиёд шудани мардумону чорпоёни кишвараш ва тангӣ кардани замин барои онҳо, марзу буми кишварашро бо ёрии чӯбдасти тилоии худ васеъ мекунад. Ин боб инъикоскунандаи лаҳзаҳои таърихи қадимии мардуми ориёӣ мебошад. Дар А. масъалаҳои ҳуқуқ низ матраҳ гардидаанд. Дар фаргарди 4-уми «Вандидод» омадааст: «Касе, ки аз бозгардонидани супурдае ба дорандааш худдорӣ кунад, кирдораш бад-он монад, ки он супурдаро дуздида бошад…» Барои задани касе, агар вай беҳуш шавад, устухоне аз вай бишканад, хуни вай равон шавад, осеби сахте расонидан, шикастани аҳду паймон ва ғайра ҷазоҳои гуногун таъйин гардидаанд. Масоили экология (тоза нигоҳ доштани обҳо, замин), тиб, риояи гигиена, пешгирии касалиҳо, табобати бемориҳои гуногун, пизишк ва кору аъмоли ахлоқии ӯ, покии андешаву гуфтору кирдори ӯ дар «Вандидод»-и А. матраҳ гардидаанд. Аз ҷумла, дар фаргарди 7-ум омадааст, ки пизишк пеш аз ҷарроҳӣ кардани инсон, бояд се бор ин гуна ҷарроҳиро дар тани ҷонварон биозмояд. Дар фаргарди 20-ум аз бемориҳои он давра, ки офаридаҳои Аҳриман буданд ва аз табиби нахустин Трита сухан меравад. Таркиби иҷтимоию ҳудудии аҳолии қадими Осиёи Миёнаю Эрон мувофиқи А., ба се гурӯҳи иҷтимоӣ – чорводору барзгарон, лашкариён ва рӯҳониён тақсим шудааст. Дар А., ки муҳимтарин сарчашма доир ба таърих ва низоми динии аҷдоди халқи тоҷик аст, унсурҳои фалсафӣ (диалектикаи со­да, лаҳзаҳои реалистӣ – нишонаҳои назариёти материалистӣ ва ғайра) акс ёфтаанд. Ба ин унсурҳо тасаввуроти бадеию эстетикӣ ва ахлоқӣ вобастаанд.

Аҳаммияти А. чун асари бадеӣ ва яке аз осори адабиёти қадими мардуми эронинажод, аз ҷумла ниёгони халқи тоҷик, хеле бузург аст. Ба воситаи А. асотир, ривоятҳо, қиссаву достонҳои қадим, намунаҳои эҷодиёти даҳанакии халқ ва ғайра то замони мо расидаанд. Қаҳрамонони асотирӣ, сужети достонҳо дар бораи онон аз қадимулайём дар байни халқ маълуму машҳур буданд ва аз забон ба забон гузашта маҳфуз мондаанд. Аз асотиру достонҳои А. муаллифони осори адабиву таърихии асрҳои миёна истифода кардаанд. Прототипи аксар образҳои асотирии А. – Ҳаошйанҳа, Тахма Урупа, Йима Хшаета, Гайа Маретан, Траетаона, Ажи Даҳака ва ғайра дар қисми асотирии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба шакли Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Каюмарс, Фаридун, Заҳҳок ба назар мерасанд. Сужети баъ­зе порчаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо сужети асотиру ривоёти А. хеле наздиканд. Асотиру достонҳо, ри­воят­ҳои А. дар осори санъати рассомӣ, пайкарасозӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар А., махсусан дар қисми «Ясно», пораҳо ва ҷумлаҳои андарзӣ ба назар мерасанд. Боби якуми «Ясно» бо ҷумлаи «Роҳ якест (ва) он (роҳи) ростӣ, ҳамаи дигар (роҳҳо) бероҳа (аст)» ба охир расидааст. Дар ҷойҳои дигар омадааст: «Беҳрӯзӣ касеро бод, ки аз ӯ ба ҳар касе беҳрӯзӣ расад», «Касе газандеро ангеза шавад, ҳамон газанд бад-ӯ расад». Дар боби 65 «Ясно» (бандҳои 7–8) обҳо ситоиш шудаанд.

На танҳо дар мазмуну мундараҷаи А., балки дар шакли шеърии он, забон ва воситаҳои адабиаш унсурҳои офаридаи халқ, эҷодиёти даҳанакии ӯро дарёфтан мумкин аст. Аз шакли шеърӣ ва забони содаи халқ рӯҳониён барои бештар таъсир расондан ба муътақидони худ истифода кардаанд. Дар А. таваҷҷуҳ ба сухан (гуфтор) ҳамчун қувваи асосии таъсирбахш (ғояи «Мантра спента» – «Сухани муқаддас») мавқеи муайян дорад. Сухан дар силсилаи сегонаи ахлоқи дини зардуштия: «пиндори нек, гуфтор (сухан)-и нек, кирдори нек» дар марказ қарор гирифтааст.

Ад.: Диловаров М. «Авесто» ва баъзе хусусиятҳои адабии он//Мактаби советӣ, 1976, № 4; Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих//Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум. Д., 2009; Ҳамон. Нақши Авесто дар тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ. Д., 2001; Фишурдаи суханрониҳо дар симпозиуми байналмилалии «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ». Д., 2001; Нахустқомуси миллат. Хуҷанд. 2001; Нуров Н. Авесто ва мероси фарҳангии тоҷикон. Хуҷанд, 2001; Диловаров М. Авесто – ганҷи шойгони эронитаборон//Фарҳанг. 2004, № 3–4; Струве В. В. Родина зороастризма//Со­ветс­кое востоковедение. 1948; № 5; Бертельс Е. Э. История персидско-таджикской литературы. М., 1960; Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М., 1960; Брагинский И. С. Из истории персидской и таджикской литератур. М., 1972; Га­фу­ров Б. Г. Таджики. М., 1972; Брагинский И. С. От Авесты до Айни. Д., 1981.                                        М. Диловаров. 

АБДОЛ (ар. ابدال – ҷойнишин, ивазкунанда, халифа), як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт (ё ҳафтод) тан орифони поку нексиришт иборат будаанд. Инҳо бо номи наздикон ё хоссони Худо шинохта мешаванд. Теъдодашонро дар маҷмӯъ 356 нафар ҳам гуфтаанд. Мувофиқи ақида агар яке аз инҳо фавтад, ҳатман ҷои онро дигаре хоҳад гирифт, яъне ҷойнишини дигаре хоҳад шуд, бад-ин хотир онҳоро абдол гуфтаанд ва мавҷудияти онҳо боиси покии ҷаҳон будааст. Дар миёни мардум эътиқод ба онҳо то ба ҳадде будааст, ки ҷойгоҳҳои махсусро (аз қабили деҳаҳо, бошишгоҳҳои баландкӯҳ, баландтарин қуллаҳо ва амсоли инҳо) номгузорӣ мекардаанд, то рамзе барои покию нексириштии инсонҳо буда бошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон низ чунин мавзеъҳо бо номҳои «Абдол», «Хоҷаабдолон», «Шоҳи Абдол» ва ғайра мавҷуданд, ки ба хотири номашон эҳтироми махсус доранд.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View