SJ Health - шаблон joomla Авто
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

АламнашраҳАЛАМНАШРÂҲ, маросиме, ки дар баъзе маҳаллоти тоҷикнишин мардум онро ҳангоми тӯйи хатна дар такя ба ояти аввали сураи «аш-Шарҳ» созмон медиҳанд.

Муфассирин ин оятро чунин шарҳ додаанд:

«Оё мо кушода накардаем барои ту синаи туро, то муноҷоти Ҳаққу даъвати халқу ғами уммат дар вай гун­ҷад; ё маънӣ он, ки дили туро гунҷоиш надодаем, ки ҳар чӣ аз асрори ваҳй бар ту ворид шавад, қабул тавонад кард? Ва гуфтаанд: «шарҳи садр» ишорат аст ба он чӣ дар ахбор омада, аз шикофтани синаи он Ҳазрат (с). Ва дар ҳадис омада, ки дар шаби Меъроҷ Ҷабраил (а) маро такя дод ва аз болои сина то нофи ман бишкофт ва Микоил таште аз оби Замзам овард ва даруни синаву уруқу ҳалқи маро бад-он об бишустанд. Ва Ҷабраил (а) дили маро бурун оварда бишкофту бишуст ва дар охир таште тило мамлӯ аз ҳикмату имон оварданд ва дили маро аз он пур сохтанд ва боз ба ҷойи он биниҳоданд.

Байт:

Дилам хазинаи асрор буд, дасти қазо

Дараш бибасту калидаш ба дилситоне дод».

Маросими А. дар баъзе маҳалҳои тоҷикнишини Варорӯд маъмул будааст. Дар байни тоҷикони болооби Кеш ва Оби Мазор ҳангоми баргузории ҷашни хатнасур маросими А.-ро ин тавр созмон медиҳанд:

Рӯзи ҷашни хатнасур хешу табори мардинаи хонавода бо бузургони деҳа машварат мекунанд. Аз коғазҳои ранга гули коғазӣ месозанд. Дар байни мардуми рустоҳои Шуту Аспи Духтар ва ҷойҳои дигар онҳоеро, ки гули коғазӣ таҳия мекунанд, «гулбур» меноманд. Гулҳоро, ки омода карданд, ба даст гирифта, баъди ба бар кунонидани либоси ҷашнии писарбача ӯро як нафар ришсафеди деҳа мебардорад, ба дасти шахси дигар лаълиро медиҳанд. Се нафар марди куҳансол ба хондани таронаи А. оғоз мекунанд, ки аз ҳамди Худованд, тавсифи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дигар ёронаш иборат аст. Дар идомаи А. аз номи бачае, ки хатна мешавад, ба аҳли маросим муроҷиат сурат гирифта, падари бача мардумро ба эҳтироми устодон ва бо хайру саховат будан ташвиқ мекунад. Ҳамчунин аз чаҳор ёри Паёмбар (с) ва писарони ҳазрати Алӣ ёдовар шуда, фазилати илмандӯзӣ ва қуръонхонӣ таъкид мегардад:

Ғанимат дон ту имрӯз, эй бародар,

Хусусан кӯдаконро илмхонӣ…

Худову Мустафо хушнуд аз ту,

Агар фарзанди худ мактаб бимонӣ.

Аё бобо, муборак бод бар ту,

Расида аз Худо ин меҳрубонӣ.

Бувад меҳмон атои ҳазрати Ҳақ,

Бибояд қадри меҳмонро бидонӣ.

Агар фарзанди ту Қуръон бихонад,

Ба ҷаннат ҳамнишини муъминонӣ.

Пас аз қироати мисраъҳои пандуахлоқӣ дар поини А. ба модар, бародар, хоҳар ва дигар наздикони соҳибҷашн муроҷиат сурат мегирад, ки баландҳиммат бошанд, хайру саховатро пеша намоянд.

Ҳангоми аз ҷониби ровӣ қироат шудани А. ҳозирин ба лаълӣ пул мепартофтанд. Аз се нафар пирмард, яке кӯдакро ба оғӯш гирифта, якояк ба назди ҳозирини ҷашни хатнасур рост истода, таронаи мазкурро қироат мекарданд. Ҳар кадоме аз хешу табор ба лаълӣ пул мепартофт. Баъди ҷамъоварии пул бахше аз онро гирифта гӯсфанд ё буз харида, палав пухта, пирмардонро зиёфат медоданд. Инчунин аз маблағи ҷамъшуда ба гулбур, муллои деҳа ва созмондиҳандагони А. ва ҷашни хатнасур низ бахшеро тавзеҳ мекарданд.

Иртиботи ҷашни хатнасур бо сураи «Аламнашраҳ» чунин маънидод мегардад, ки Худои мутаъол дили паёмбари дӯстдораш ҳазрати Муҳаммади Мустафоро (с) ҷарро­ҳӣ намуда, тавассути ҳазрати Ҷабраил (а) ва ёронаш ӯро бо оби Замзам шуста, аз нури маърифат ва ҳикмату имон пур карда, дар ҷояш гузоштаанд. Хатнаи фарзанд низ як навъе аз он ҷарроҳӣ аст. Ба қавли мардуми тоҷик «дасташро ҳалол мекунанд» ва аз ҳамон дақиқа бача аз касифии ҷисмонӣ мубарро мегардад. Байни бо оби Замзам шустани қалби ҳазрати Муҳаммад (с) ва хатнаи кӯдак як умумияте вуҷуд дорад. Бинобар ин тоҷикони водии Кешрӯд ба ифтихори чунин амали хайри фаромӯшношуданӣ, яъне маросими хатна А.-ро созмон медиҳанд.

Ад.: Раҷабӣ Р. Намунае чанд аз фолклори тоҷикони Китоб. Д., 2001; Ҳафтяки шариф. / Матни тарҷумаи тоҷикии Муҳаммадҷон Умаров. Д., 2006; روزی احمد. جایکاه مراسم و اعیاد اسلام در فرهنگ مردم تاجک ویرایش دوم . تهران. 1388 ه. ش         Р. Аҳмадов.

АлавпаракАЛАВПАРАК, маросими халқии табобати рӯҳӣ дар байни тоҷикон, ки аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз расидааст. Моҳияти А.-ро эътиқоду ихлос ба қувваи фавқулодаи оташ ҷиҳати табобати рӯҳӣ ташкил медиҳад. Онро асосан занҳо ба тариқи зайл иҷро мекунанд. Агар аз занҳои муътақиди ойинҳои халқӣ касе хоби бад бинад, ё тарсида бошад ва ё худро вазнину нороҳат ҳис кунад, субҳи рӯзи чоршанбе (то баромадани Офтоб) дар ҷойи аз чашми мардум дур аз хасу хошок се гулхан афрӯхта, се навбат аз болояшон меҷаҳад. Сипас ба қафо нанигариста, рост ба хона меравад. Пас аз анҷоми маросим дасту панҷаҳоро шуста, то субҳи рӯзи дигар ғизои равғандор намехӯрад. Дар баъзе мавридҳо се бор то нимарӯзи чоршанбе ин маросимро такрор мекунанд.

Дар фарҳанги анъанавии мардуми тоҷик маросимҳо ва одату боварҳои бисёре мавҷуд буданд, ки дар меҳвари онҳо оташ қарор дошт. Мутобиқи тасаввуроти асотирии ниёгони тоҷикон оташ яке аз чор унсури муқаддаси табиат буда, дорои неруи ғайримуқаррарӣ, сӯзонандаи гуноҳҳо, бартарафкунандаи сеҳру ҷоду ва чашми бад шумурда мешуд. Бо пешрафти илму техника ва тиббу тандурустӣ теъдоди ашхоси муътақид ба А. кам монда, худи маросим қариб аз байн рафтааст.

Ад.: Муродов О. Шаманский обрядовый фольклор у таджиков средней части долины Зеравшана // Домусульманские верования и обряды в Средней Азии. М., 1975; Ҳамон. Дар пардаи сеҳру ҷоду. Д., 1990; Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. Д., 2004.                                                     Д. Раҳимов.

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш аз Наврӯз марбут ба моҳи охирини гоҳшумории шамсӣ – Ҳут. Тоҷикон моҳи Ҳутро аз сабаби дар он зуд-зуд дигар шудан ва тағйир ёфтани табиат ва обу ҳаво ба чаҳор давра тақсим кардаанд, ки аз он 17 шабонарӯз Ҳут, 7 шабонарӯз Аҷуз ва 3 шабонарӯз Аксу ва 3 шабонарӯз Наҳс мебошад. Баъд аз се рӯзи Наҳс соли шамсӣ поин ёфта, Соли нав – Наврӯз меояд. Дар бораи Аҷуз будани охири моҳи Ҳут кишоварзони тоҷик гуфтаанд:

Ҳаждаҳуми Ҳутро Аҷуз шумор,

Ки бувад аввали фасли баҳор.

Дар китоби М. С. Андреев «Таджики долины Хуф» (1958) роҷеъ ба А. А. чунин гуфта шудааст: «Бидон, ки офтоб чун дар бурҷи Ҳут расад, аз сеюми Ҳут то ҳафтдаҳуми Ҳут се таф, яъне, се гармӣ эътибор кардаанд ва мунаҷҷимон онро ҷамра гӯянд, аммо аввал тафи замин, ки онро «ҷамроту-л-арз» гӯянд ва ин дар сеюми Ҳут бошад; дувумро «ҷамроту-л-моъ» гӯянд ва ин ҳафт рӯз пас аз тафи замин бошад; чунончи рӯзи даҳуми Ҳут мебошад. Севумро «ҷамроти илоҳӣ» гӯянд ва ин низ дар ҳафтдаҳуми Ҳут бошад, ҳафт рӯз пас аз та­фи ҳаво бигузарад, ҳафт рӯзи дигар А. А. бошад, яъне «ҳафтаи кампирӣ» ва ин аз бистучаҳорум то сиюми Ҳут бошад. Ва ин рубоӣ ҳовии ин ҳисоб аст:

Айёми Аҷуз агар надонӣ, эй дӯст,

Ман бо ту бигӯямаш, ки бисёр накӯст.

Чун пир шавад, шинос оҷиз гардад,

Дар охири Ҳут, чунки як ҳафта дар ӯст».

Дар деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё (Кешрӯд) як ҳафтаи А. А. волидайн фарзандонашонро шабона ба берун баромадан намемонданд. Дар андешаи мардуми ин водӣ низ Аҷуз махлуқи воҳимаангези зиёнкор маънидод мешавад. Пирзан Аҷузро дар замонҳои гузашта дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин мепиндоштанд. Масалан, сокинони деҳаи Қаратоғ, асосан бонувон, дар 7 шабонарӯзи А. А. ҷомашӯйӣ намекарданд, нохун намегирифтанд ва сар намешустанд. Гӯё агар сар шӯянд, мӯйҳояшон мерехтааст,ҷомашӯйӣ кунанд ва нохун гиранд, бало таҳдид мекардааст. Тоҷикон рӯзҳои аҷузиро наҳсу бад мешумориданд. Дар гузашта мардум дар рӯзҳои Аҷуз маросимҳои ҷашни арӯсӣ ва тӯйи хатнаро намегузаронданд. Тибқи пиндори тоҷи­кон, Аҷуз на танҳо ба инсонҳо, балки ба ҳайвонҳои хонагӣ низ гӯё зиён мерасонидааст. Чунин ақида дар рубоии зерин ифода гардидааст:

Фасли Наврӯз омаду дилҳои мардум шод шуд,

Ҷондорон аз Аҷузу Аксу Наҳс озод шуд.

Мардумон аз моҳи Ҳут доранд умеди хайрият,

Соли нав омад, ба деҳқон вақти кишту кор шуд.

Дар Бухоро, Самарқанд, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ҷойҳои дигар сардии зимистонро «Кампир дар ғор» мегӯянд. Ба гуфтаи мардум баробари омадани баҳор то соли оянда Аҷуз ба ғори худ медарояд. Зарбулмасали машҳури «Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қутӣ кунад», ки дар бораи зимистони сард гуфта шудааст, дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ машҳур аст. Тибқи тасаввуроти мардуми Язгулом пирзан Аҷуз таҷассумгари сардиҳои зимистон аст, ки бо фаро расидани баҳор фано мегардад. Одамон ба муносибати эҳёи табиат ва фаношавии неруи аҳриманӣ дар симои пирзан Аҷуз ҷашни Соли нав – Нав­рӯзро созмон медоданд, ки он дар Язгулом «сайл» унвон дошт. Дар Яғноб Аҷузро Холҷун мегӯянд.

Тибқи ақидаи мардум, Ҳут марду Аҷуз зан мебошад, чунки тоҷикон Ҳутро мард тасаввур карда, «Ҳути бадбурут» гуфтаанд. Ҳафт рӯз пеш аз Ҳут дар рӯзҳои аҷузӣ ба вуҷуд омадани сардии шадид дар мақоли «Аз Наврӯз пеш ҳафт рӯз, сию ду барфи ҳар рӯз» ва пораи шеърии зер ифода ёфтааст:

Ҳуту Наврӯз,

Чил кунда бисӯз.

Баъд аз Наврӯз

Хоҳ шаб гардӣ,

Хоҳ рӯз.

Дар қаринаи дигари ин мақол, ки дар байни мардуми Панҷакент маъмул аст, охири моҳи Ҳут, ки рӯзҳои аҷузӣ ва Аксу Наҳс аст, «бадрӯз» номида шудааст:

Бадрӯз,

Барфо занад ҳар рӯз.

Баъд аз сари бадрӯз,

Хоҳ шаб гардӣ, хоҳ рӯз.

Дар қаринаи дигари ин мақол, ки он низ соли 1955 аз сокинони деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент сабт карда шудааст, мардум ба моҳи Ҳут муроҷиат намуда, ба ӯ зорию илтиҷо кардаанд, ки нисбат ба онҳо бадкорӣ накунад ва ба молҳояшон бораҳму шафқат бошад:

Ҳут, ҳутӣ накун,

Гандабурутӣ накун.

Гӯсолакушӣ накун,

Кампира дар қутӣ накун.

Чунин пораҳои шеърӣ доир ба Аҷуз ва моҳи Ҳут дар намуди мақолҳои мардумӣ қариб дар байни тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд. Мувофиқи онҳо рӯзҳои аҷузии пеш аз Наврӯз ифодагари андешаҳои бостонии мардуми тоҷик роҷеъ ба қувваҳои аҳриманию бадкор буда, барои пешгирии онҳо мардум баъзе расму ойин ва маросимҳо эҷод намудаанд.

Ад.: Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Мар­казӣ. Д., 2007; Ҳамон. Ҳут. // Баҳори Аҷам. 9 марти 2011;.Андреев М. С. Из истории по мифологии таджиков. Ташкент, 1927; Ҳамон. Таджики долины Хуф (Верховья Аму-дарьи). Вып. 1. Сталинабад, 1953; Рахимов М. Земледелие таджиков басейна реки Хингау в дореволюционный период. Сталинабад, 1957.

Р. Аҳмадов.

Азодории занони минтақаи болооби Зарафшон. Соли 1960АЗОДОРӢ (аз ар. عزا – сабр дар мусибат, мотам), марҳалаест, ки пас аз вафоти шахси наздик то як сол давом меёбад. Дар хонаводае, ки яке аз аъзои он фавтидааст, ҳамчун нишони дарду алам ва сӯгворӣ баъзе маросимҳо анҷом дода мешаванд, аҳли оила ва хешони наздик аз як қатор амалҳо худдорӣ мекунанд, дар либоспӯшӣ ва рафтори онҳо дар давоми як сол нишонаи мотаму андӯҳ ифода меёбад. Дар марҳалаи А. маросимҳои ҷанозаву дафн, оши сари тахта, себегаҳа, душанбегию ҷумъагӣ, ҳафта, бист ё чилшикан, чил, шашмоҳагӣ, оши сол ва сари сол дохил мешаванд, ки дар гузашта баргузор мешуданд. Дар маҷмӯъ, маросими А.-ро «худоӣ», «оши худоӣ», «нондиҳӣ», «нон» ва ғ. меноманд.

А. аз лаҳзаи вафоти шахси наздик оғоз меёбад. Баробари ба вуқӯъ омадани бадбахтӣ аҳли хонавода ба гиряву шеван шурӯъ мекунанд. Занҳо бо доду фарёд ва ифодаи шифоҳии ҳодисаи ба сарашон омада мардумро аз ҳолати худ огоҳ менамоянд. Мардум бо шунидани овози гиряву фиғон ба мурдахона (сиёҳихона, аламхона, ғамхона) меоянд.

Тарзи гиряву зорӣ дар минтақаҳои мухталифи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз якдигар тафовут дорад. Дар гузаштаи начандон дур занҳои водии Рашт ва Бадахшон ҳамчун нишони мусибат мӯйҳои бофтаи худро мекушоданд. Дар баъзе ҷойҳо занҳо даст ба сари худашон мезаданд, мӯйи сарашонро меканданд, рӯяшонро бо нохунҳо мехарошиданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз занҳову духтарон аз ғояти ғаму андӯҳ мӯйҳои паси гӯшашонро бо қайчӣ мебуриданд. Дар чанде аз деҳаҳои ин минтақа домани худро қадре медарониданд, ки ин амал аз мусибати сахти ба сарашон омада гувоҳӣ медод. Шиддати гиряву нола ба синну соли шахси фавтида вобаста буд. Агар майит шахси калонсол (60–70-сола) бошад, хешу таборҳо мӯйҳоро намекушоданд, рӯйро ханҷол намекарданд ва бо овози пасттар гиря мекарданд. Инчунин дар вақтҳои муайян гиря кардандро манъ карда буданд. Масалан, дар саҳар ва вақти намози шом аз гиря худдорӣ менамуданд, зеро тибқи боварҳо, гӯё арвоҳи гузаштагон дар ин вақт ба хонаҳои «худ» меомадаанд ва садои гиряро шунида, ба хона даромада наметавонистаанд.

Мардҳо низ гиряву зорӣ мекунанд, аммо нисбати занҳо камтар ва бо садои пасти дарунӣ. Онҳо танҳо дар марги шахси наздик мегирянд. Ҳамаи ин одатҳо аз давраҳои қадими тоисломӣ анъана шуда, то ба имрӯз омадаанд. Рӯҳониёни мусулмон ин амалҳоро хилофи шаръ мешумориданд.

Дар аксари минтақаҳо занҳое буданд, ки дар рӯзи мусибат ҳамроҳи аҳли хонавода баланд гиряву нола кар­да, байту рубоиҳои ғамангез месуруданд. Ин гуна шахсонро «овозандоз» (Регар), «гӯянда» (Ҳисор), «нолакун» (Файзобод, Ромит, Қаротегин), «ҳайдареғхон» (Дарвоз), «навҳагар» (тоҷикони Сариосиё), «қӯшовоза» (Ҳисор, Оби Гарм) меномиданд, ки овозандозиро ба худ як навъ касб карда буданд. Чунончи, дар деҳаи Курговад ин рубоиро мехонданд:

Ай ин бара то ун бара дилгирум,

Шавҳои дароз пой дар занҷирум.

Эй, бод, биё бикшо дари занҷирум,

То рӯз шава дилаки пурғамгинум.

Яке аз ойинҳои хеле қадимии тоҷикон рақси маросимии рӯзи дафн мебошад, ки он аз ҷониби мардумшиносон мушоҳида шудааст. Рақси мотамро дар Шаҳринаву Ҳисор, Регар ва қисман дар деҳаҳои навоҳии Файзобод, Оби Гарм, Рашт бо истилоҳҳои «садр», «самоъ» ва «судур» ном мебурданд. Садрравӣ рақси гурӯҳӣ буд, ки онро занҳо дар рӯзи дафни майити ҷавонмарг иҷро мекарданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз низ занҳо рӯзи дафн дар атрофи тобути холӣ гирд меистоданд ва яке аз наздикони шахси фавтида дар дохили давра гирди тобут оҳиста-оҳиста чарх мезад. Ӯ дастонашро гоҳ ба росту гоҳ ба чап мебурд ва зери садои нолаҳо нарм-нарм қадам мезад.

Дар гузаштаи начандон дур дар водии Хуф, Бартанг, Рӯшон, Язгулом ва қисман Дарвозу Ванҷ рӯзи дафн занҳо (дар баъзе минтақаҳо мардон ҳам) рақси «Пойамал»-ро иҷро мекарданд. Хешҳои наздик ва ҳамсоязанҳо дар пойгаҳи хонаи азодор мерақсиданд. Инчунин дар рӯйи ҳавлӣ пас аз бурдани тобут ба гӯристон рақси «Пойамал» иҷро мешуд. Дар замонҳои пеш бештар мардҳо тоқӣ ва чакмани куҳнаро чаппа пӯшида, рақси маросимии мазкурро иҷро мекарданд. Ин амал ғаму андӯҳи зиёд доштанро ифода мекард.

Пас аз хондани намози ҷаноза ва маросими дафни майит мардҳо ба хонаи азодор омада, сураву оятҳоро аз Қуръони маҷид тиловат мекунанд ва ба арвоҳи шах­си фавтидаву гузаштагони он хонадон мебахшанд. Дар баъзе деҳаҳои водии Қаротегину Дарвоз, Зарафшон ва қис­ман водии Ҳисор расми «оши сари тахта» маъмул буд, ки дар рӯзи дафн баргузор мешуд. Ба мардҳо, аз хурд то калонсол, пеш ё пас аз адои намози ҷаноза аз оши сари тахта тақсим мекарданд. Дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) низ дар рӯзи дафн ба мардҳо ош медоданд, ки он «оши кавар» ном дошт.

Дар мурдахона то се рӯз хӯрок пухтан мамнӯъ аст.Таомро ҳамсояҳо ва хешовандон меоранд. Инчунин то се рӯз дар мурдахона бо овози баланд гап задан, чормағзу дона шикастан, садои тарақтарақи асобобҳоро баровардан мамнӯъ аст. Рӯзи сеюм маросими себегаҳа доир мешуд, ки онро «хонаҳалолкунон» (Дар­воз, Файзобод), «сиёҳибуророн», «сиёҳишувон» (Ҳисор, Шаҳринав) низ меномиданд. Дар ин маросим чорпоеро забҳ карда, ба мӯсафедони масҷид, ҳамсояҳо ва хешу табор шӯрбо ё палав пухта медоданд. Пас аз ин хӯрок пухтан дар хонаи азодор мумкин мешуд. Аммо то як сол, баъзан то маросими «чил» («чилла»), дар ин хонадон пухтани оши бурида (угро, оши тунук) мамнӯъ буд. Тибқи ақидаи мардум, оши бурида, ки аз хамири буридаи дароз таҳия мешавад, истеъмоли он, гӯё, ба дарозо кашидани азодорӣ ва такрори мусибат сабаб мешудааст.

Дар маросими «ҳафта» («ҳафт», «оши сари ҳафта») аҳли деҳа ва хешовандони дуру наздикро даъват мекарданд. Як рӯз пеш, одатан, чорво мекуштанд ва рӯзи маросим дасторхон густарда, ба мардум хомшӯрбо ё палав медоданд. Муллоҳо аз Қуръони карим оятҳо хонда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшиданд. Занҳо ҳалво, қат­лама, чал­пак ва дигар хӯришҳо пухта, бо худ ба маросими «ҳафт» меоварданд. Дар дасторхонҳо занҳо нонҳоро ба шумори тоқ (3 ё 5-то) меоварданд. Зеро ба миқдори ҷуфт овардани нонҳо хосияти хуб надошт ва такрор ё ҷуфт шудани ҳодисаро ифода мекард. Ҳамин тариқ, то барпо кардани маросими «оши сол» ҳисоби нонҳо тоқ буд. Баъди «оши сол» чун одати маъ­мулӣ нонҳо­ро ҷуфт карда меоварданд ва ба соҳибхона «ҷуфт будан» («тӯй­хона шудан»)-ро орзу мекарданд.

Баъди маросими «ҳафта» рӯзҳои душанбею ҷумъа 5–7 нафар мардро ба хонаи азодор даъват мекарданд ва дасторхон кушода, таом медоданд. Ин расмҳоро «бегаҳи душанбегӣ» ва «ҷумъагӣ» меномиданд. «Бегаҳи душанбегӣ» то маросими «чил» давом меёфт, аммо «ҷумъагӣ» то як соли тамом баргузор мешуд. Пас аз хӯрдани таом ҳатман оёти Қуръон ва дуову фо­тиҳа хонда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшиданд.

Дар рӯзи бистуми баъд аз вафоти шахс дар Ҳисор, Файзобод, Варзоб, Ромит, Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ва дигар ҷойҳо маросиме бо номи «чилшикан» ё «бист» барпо мекарданд. Дар Кӯлоб, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритуз онро «бистшиканон» меномиданд. Ин маросим чандон калон набуд ва дар он аҳли хонавода бо хешони наздик ва ду-се ҳамсоя иштирок менамуданд.

Маросими «чил» («оши чил», «оши калон») нисбатан маросими калон ба шумор рафта, баъди гузаштани 20 рӯз пас аз фавти майит созмон дода мешавад. Ба он аҳли деҳа, гузар ва хешони дуру наздик даъват мешаванд. Дар он чорпо забҳ карда, барои меҳмонон оши палаву хомшӯрбо пухта медоданд. Дар ноҳияи Панҷакент хӯроки асосии «чил» атолаи қандин буд. Занҳо атолаи сафедаку тарҳалво ва қатлама мепухтанд. Сокинони водиҳои Қаротегину Ҳисор маъракаи чилро як навъ маросими «хотирҷамъии арвоҳ» ва «азобуроён» медонистанд. Пас аз барпо кардани ин маросим азодорон қисман аз мотаму азо берун меомаданд. Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон мардҳо то маросими чил мӯйи сар ва риш наметарошиданд. Дар Панҷакент занҳо то ҳол як соли тамом азо мегиранд. Дар муддати чил рӯз ба занҳо суруду мусиқӣ гӯш кардан, ба меҳмонӣ рафтан, дар тӯю сури дигарон иштирок кардан иҷозат набуд.

Пас аз гузаштани чил ба марди бевамонда иҷо­зати дубора оиладоршавиро медоданд. Аммо маъмулан, мардҳо то бар­гузории оши сол сабр мекарданд. Бевазанҳо мувофиқи қоидаи шаръӣ бояд расми «иддат»-ро риоя карда, 4 моҳу 10 рӯз мунтазир мешуданд ва пас аз ин муддат метавонистанд дубора издивоҷ намоянд. Зеро дар ин муддат ҳомила будан ё набудани бевазан маълум мешуд. Бевазани ҳомила то таваллуди тифлаш иддатро риоя мекард. Одатан, бевазанҳо ба хотири эҳтироми рӯҳи шавҳари фавтидаашон то 2–3 сол изди­воҷ намекарданд.

Дар муддати А. занҳои хонавода як соли тамом либосҳои бегул ё камгули сафедранг мепӯшиданд. Бо гӯшвору ангуштарину зевар худро оро намедоданд. То як сол ба ҷашну хурсандиҳо намерафтанд. Танҳо баъд аз баргузории маросими оши сол ин амалҳо иҷозат дода мешуданд. А.-и мардҳо андаке сабуктар буд. Онҳо то маросими чил А. мекарданд, баъд аз он, одатан, ба тӯю маросими дигарон мерафтанд.

Мардумшиносон як навъи А.-и дигарро низ зикр кардаанд, ки ба асп ва дарахт марбут мебошад. Дар байни тоҷикони Норак ва ҳавзаи дарёи Вахш расме буд, ки ба ғайр аз одамон аспи шахси фавтида ва дарахти шинондаи ӯро низ мотам мегиронданд. Агар майит асп дошта бошад, рӯзи дафн зину афзори аспро дуруст карда, ба чашмаш латтаи сиёҳ ё кабуд мебастанд. Онро пешпеши тобут то гӯристон мебурданд ва баъд аз дафн боз гардонида ба хона меоварданд. Аспро ба ҳамон ҳолат то се рӯз дар ҷойи ба назар намоёни ҳавлӣ мебастанд ва баъди маросими себегаҳа аспро аз А. мебароварданд. Инчунин дар ҳавлии шахси вафоткарда шохи баландтарини дарахти шинондаи майитро бо банд баста, ба замин хам мекарданд ва нӯги бандро ба мехи дар замин кӯфта мебастанд. Ба шохи дигари дарахт латтаи сиёҳ ва кабуд мебастанд, ки нишони мотамро ифода мекард. «Азодории дарахт» низ то се рӯз давом меёфт.

Маросими оши сол низ ба монанди маросими чил нисбатан калону серодам мегузашт. Оши сол ҷамъбасти А. ба шумор мерафт. Пас аз он ҳамаи амалҳои мамнӯъ иҷозат дода мешуданд. Минбаъд ҳар сол дар рӯзи вафоти шахс дар шакли ёдбуд маросими хурди хонаводагӣ созмон медоданд, ки камхарҷтар буд. Шахсони доро чорпои хурдеро забҳ мекарданд ва якчанд нафар наздиконро даъват менамуданд.

Маросимҳои А. дар замони Ҳукумати Шӯравӣ як андоза маҳдуд ва камрангтар шуданд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва махсусан, баъд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо хоҳишу талаби худи мардум бисёр маросиму одатҳои зиёдатии серхарҷ – оши сари тахта, себегаҳа, душанбегию ҷумъагӣ, ҳафта, бист, чил, шашмоҳагӣ манъ карда шуданд, ки ин амр ба оилаҳои азодор сабукиҳо овард.

Ад.: Бабаева Н. С. Древние верования горных таджиков южного Таджикистана в похоронно-погребальной обрядности (конец ХIХ – начало ХХ в.в.). Д., 1993; Мардонова А. Традиционные похоронно-поминальные обряды таджиков Гиссарской долины (конца ХIХ – начала ХХ в.в.). Д., 1998; Писарчик А. К. Смерть, похороны. // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3. Д., 1976; Не­ме­нова Р. Л. Таджики Варзоба. Д., 1998; Хамиджанова М. А. Не­­ко­­­торые архаические погребальные обряды таджиков. // Памяти А. А. Семенова. Сб. статей. Д., 1980.          Д. Раҳимов.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View