SJ Health - шаблон joomla Авто
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

Азодории занони минтақаи болооби Зарафшон. Соли 1960АЗОДОРӢ (аз ар. عزا – сабр дар мусибат, мотам), марҳалаест, ки пас аз вафоти шахси наздик то як сол давом меёбад. Дар хонаводае, ки яке аз аъзои он фавтидааст, ҳамчун нишони дарду алам ва сӯгворӣ баъзе маросимҳо анҷом дода мешаванд, аҳли оила ва хешони наздик аз як қатор амалҳо худдорӣ мекунанд, дар либоспӯшӣ ва рафтори онҳо дар давоми як сол нишонаи мотаму андӯҳ ифода меёбад. Дар марҳалаи А. маросимҳои ҷанозаву дафн, оши сари тахта, себегаҳа, душанбегию ҷумъагӣ, ҳафта, бист ё чилшикан, чил, шашмоҳагӣ, оши сол ва сари сол дохил мешаванд, ки дар гузашта баргузор мешуданд. Дар маҷмӯъ, маросими А.-ро «худоӣ», «оши худоӣ», «нондиҳӣ», «нон» ва ғ. меноманд.

А. аз лаҳзаи вафоти шахси наздик оғоз меёбад. Баробари ба вуқӯъ омадани бадбахтӣ аҳли хонавода ба гиряву шеван шурӯъ мекунанд. Занҳо бо доду фарёд ва ифодаи шифоҳии ҳодисаи ба сарашон омада мардумро аз ҳолати худ огоҳ менамоянд. Мардум бо шунидани овози гиряву фиғон ба мурдахона (сиёҳихона, аламхона, ғамхона) меоянд.

Тарзи гиряву зорӣ дар минтақаҳои мухталифи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз якдигар тафовут дорад. Дар гузаштаи начандон дур занҳои водии Рашт ва Бадахшон ҳамчун нишони мусибат мӯйҳои бофтаи худро мекушоданд. Дар баъзе ҷойҳо занҳо даст ба сари худашон мезаданд, мӯйи сарашонро меканданд, рӯяшонро бо нохунҳо мехарошиданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз занҳову духтарон аз ғояти ғаму андӯҳ мӯйҳои паси гӯшашонро бо қайчӣ мебуриданд. Дар чанде аз деҳаҳои ин минтақа домани худро қадре медарониданд, ки ин амал аз мусибати сахти ба сарашон омада гувоҳӣ медод. Шиддати гиряву нола ба синну соли шахси фавтида вобаста буд. Агар майит шахси калонсол (60–70-сола) бошад, хешу таборҳо мӯйҳоро намекушоданд, рӯйро ханҷол намекарданд ва бо овози пасттар гиря мекарданд. Инчунин дар вақтҳои муайян гиря кардандро манъ карда буданд. Масалан, дар саҳар ва вақти намози шом аз гиря худдорӣ менамуданд, зеро тибқи боварҳо, гӯё арвоҳи гузаштагон дар ин вақт ба хонаҳои «худ» меомадаанд ва садои гиряро шунида, ба хона даромада наметавонистаанд.

Мардҳо низ гиряву зорӣ мекунанд, аммо нисбати занҳо камтар ва бо садои пасти дарунӣ. Онҳо танҳо дар марги шахси наздик мегирянд. Ҳамаи ин одатҳо аз давраҳои қадими тоисломӣ анъана шуда, то ба имрӯз омадаанд. Рӯҳониёни мусулмон ин амалҳоро хилофи шаръ мешумориданд.

Дар аксари минтақаҳо занҳое буданд, ки дар рӯзи мусибат ҳамроҳи аҳли хонавода баланд гиряву нола кар­да, байту рубоиҳои ғамангез месуруданд. Ин гуна шахсонро «овозандоз» (Регар), «гӯянда» (Ҳисор), «нолакун» (Файзобод, Ромит, Қаротегин), «ҳайдареғхон» (Дарвоз), «навҳагар» (тоҷикони Сариосиё), «қӯшовоза» (Ҳисор, Оби Гарм) меномиданд, ки овозандозиро ба худ як навъ касб карда буданд. Чунончи, дар деҳаи Курговад ин рубоиро мехонданд:

Ай ин бара то ун бара дилгирум,

Шавҳои дароз пой дар занҷирум.

Эй, бод, биё бикшо дари занҷирум,

То рӯз шава дилаки пурғамгинум.

Яке аз ойинҳои хеле қадимии тоҷикон рақси маросимии рӯзи дафн мебошад, ки он аз ҷониби мардумшиносон мушоҳида шудааст. Рақси мотамро дар Шаҳринаву Ҳисор, Регар ва қисман дар деҳаҳои навоҳии Файзобод, Оби Гарм, Рашт бо истилоҳҳои «садр», «самоъ» ва «судур» ном мебурданд. Садрравӣ рақси гурӯҳӣ буд, ки онро занҳо дар рӯзи дафни майити ҷавонмарг иҷро мекарданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз низ занҳо рӯзи дафн дар атрофи тобути холӣ гирд меистоданд ва яке аз наздикони шахси фавтида дар дохили давра гирди тобут оҳиста-оҳиста чарх мезад. Ӯ дастонашро гоҳ ба росту гоҳ ба чап мебурд ва зери садои нолаҳо нарм-нарм қадам мезад.

Дар гузаштаи начандон дур дар водии Хуф, Бартанг, Рӯшон, Язгулом ва қисман Дарвозу Ванҷ рӯзи дафн занҳо (дар баъзе минтақаҳо мардон ҳам) рақси «Пойамал»-ро иҷро мекарданд. Хешҳои наздик ва ҳамсоязанҳо дар пойгаҳи хонаи азодор мерақсиданд. Инчунин дар рӯйи ҳавлӣ пас аз бурдани тобут ба гӯристон рақси «Пойамал» иҷро мешуд. Дар замонҳои пеш бештар мардҳо тоқӣ ва чакмани куҳнаро чаппа пӯшида, рақси маросимии мазкурро иҷро мекарданд. Ин амал ғаму андӯҳи зиёд доштанро ифода мекард.

Пас аз хондани намози ҷаноза ва маросими дафни майит мардҳо ба хонаи азодор омада, сураву оятҳоро аз Қуръони маҷид тиловат мекунанд ва ба арвоҳи шах­си фавтидаву гузаштагони он хонадон мебахшанд. Дар баъзе деҳаҳои водии Қаротегину Дарвоз, Зарафшон ва қис­ман водии Ҳисор расми «оши сари тахта» маъмул буд, ки дар рӯзи дафн баргузор мешуд. Ба мардҳо, аз хурд то калонсол, пеш ё пас аз адои намози ҷаноза аз оши сари тахта тақсим мекарданд. Дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) низ дар рӯзи дафн ба мардҳо ош медоданд, ки он «оши кавар» ном дошт.

Дар мурдахона то се рӯз хӯрок пухтан мамнӯъ аст.Таомро ҳамсояҳо ва хешовандон меоранд. Инчунин то се рӯз дар мурдахона бо овози баланд гап задан, чормағзу дона шикастан, садои тарақтарақи асобобҳоро баровардан мамнӯъ аст. Рӯзи сеюм маросими себегаҳа доир мешуд, ки онро «хонаҳалолкунон» (Дар­воз, Файзобод), «сиёҳибуророн», «сиёҳишувон» (Ҳисор, Шаҳринав) низ меномиданд. Дар ин маросим чорпоеро забҳ карда, ба мӯсафедони масҷид, ҳамсояҳо ва хешу табор шӯрбо ё палав пухта медоданд. Пас аз ин хӯрок пухтан дар хонаи азодор мумкин мешуд. Аммо то як сол, баъзан то маросими «чил» («чилла»), дар ин хонадон пухтани оши бурида (угро, оши тунук) мамнӯъ буд. Тибқи ақидаи мардум, оши бурида, ки аз хамири буридаи дароз таҳия мешавад, истеъмоли он, гӯё, ба дарозо кашидани азодорӣ ва такрори мусибат сабаб мешудааст.

Дар маросими «ҳафта» («ҳафт», «оши сари ҳафта») аҳли деҳа ва хешовандони дуру наздикро даъват мекарданд. Як рӯз пеш, одатан, чорво мекуштанд ва рӯзи маросим дасторхон густарда, ба мардум хомшӯрбо ё палав медоданд. Муллоҳо аз Қуръони карим оятҳо хонда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшиданд. Занҳо ҳалво, қат­лама, чал­пак ва дигар хӯришҳо пухта, бо худ ба маросими «ҳафт» меоварданд. Дар дасторхонҳо занҳо нонҳоро ба шумори тоқ (3 ё 5-то) меоварданд. Зеро ба миқдори ҷуфт овардани нонҳо хосияти хуб надошт ва такрор ё ҷуфт шудани ҳодисаро ифода мекард. Ҳамин тариқ, то барпо кардани маросими «оши сол» ҳисоби нонҳо тоқ буд. Баъди «оши сол» чун одати маъ­мулӣ нонҳо­ро ҷуфт карда меоварданд ва ба соҳибхона «ҷуфт будан» («тӯй­хона шудан»)-ро орзу мекарданд.

Баъди маросими «ҳафта» рӯзҳои душанбею ҷумъа 5–7 нафар мардро ба хонаи азодор даъват мекарданд ва дасторхон кушода, таом медоданд. Ин расмҳоро «бегаҳи душанбегӣ» ва «ҷумъагӣ» меномиданд. «Бегаҳи душанбегӣ» то маросими «чил» давом меёфт, аммо «ҷумъагӣ» то як соли тамом баргузор мешуд. Пас аз хӯрдани таом ҳатман оёти Қуръон ва дуову фо­тиҳа хонда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшиданд.

Дар рӯзи бистуми баъд аз вафоти шахс дар Ҳисор, Файзобод, Варзоб, Ромит, Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ва дигар ҷойҳо маросиме бо номи «чилшикан» ё «бист» барпо мекарданд. Дар Кӯлоб, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритуз онро «бистшиканон» меномиданд. Ин маросим чандон калон набуд ва дар он аҳли хонавода бо хешони наздик ва ду-се ҳамсоя иштирок менамуданд.

Маросими «чил» («оши чил», «оши калон») нисбатан маросими калон ба шумор рафта, баъди гузаштани 20 рӯз пас аз фавти майит созмон дода мешавад. Ба он аҳли деҳа, гузар ва хешони дуру наздик даъват мешаванд. Дар он чорпо забҳ карда, барои меҳмонон оши палаву хомшӯрбо пухта медоданд. Дар ноҳияи Панҷакент хӯроки асосии «чил» атолаи қандин буд. Занҳо атолаи сафедаку тарҳалво ва қатлама мепухтанд. Сокинони водиҳои Қаротегину Ҳисор маъракаи чилро як навъ маросими «хотирҷамъии арвоҳ» ва «азобуроён» медонистанд. Пас аз барпо кардани ин маросим азодорон қисман аз мотаму азо берун меомаданд. Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон мардҳо то маросими чил мӯйи сар ва риш наметарошиданд. Дар Панҷакент занҳо то ҳол як соли тамом азо мегиранд. Дар муддати чил рӯз ба занҳо суруду мусиқӣ гӯш кардан, ба меҳмонӣ рафтан, дар тӯю сури дигарон иштирок кардан иҷозат набуд.

Пас аз гузаштани чил ба марди бевамонда иҷо­зати дубора оиладоршавиро медоданд. Аммо маъмулан, мардҳо то бар­гузории оши сол сабр мекарданд. Бевазанҳо мувофиқи қоидаи шаръӣ бояд расми «иддат»-ро риоя карда, 4 моҳу 10 рӯз мунтазир мешуданд ва пас аз ин муддат метавонистанд дубора издивоҷ намоянд. Зеро дар ин муддат ҳомила будан ё набудани бевазан маълум мешуд. Бевазани ҳомила то таваллуди тифлаш иддатро риоя мекард. Одатан, бевазанҳо ба хотири эҳтироми рӯҳи шавҳари фавтидаашон то 2–3 сол изди­воҷ намекарданд.

Дар муддати А. занҳои хонавода як соли тамом либосҳои бегул ё камгули сафедранг мепӯшиданд. Бо гӯшвору ангуштарину зевар худро оро намедоданд. То як сол ба ҷашну хурсандиҳо намерафтанд. Танҳо баъд аз баргузории маросими оши сол ин амалҳо иҷозат дода мешуданд. А.-и мардҳо андаке сабуктар буд. Онҳо то маросими чил А. мекарданд, баъд аз он, одатан, ба тӯю маросими дигарон мерафтанд.

Мардумшиносон як навъи А.-и дигарро низ зикр кардаанд, ки ба асп ва дарахт марбут мебошад. Дар байни тоҷикони Норак ва ҳавзаи дарёи Вахш расме буд, ки ба ғайр аз одамон аспи шахси фавтида ва дарахти шинондаи ӯро низ мотам мегиронданд. Агар майит асп дошта бошад, рӯзи дафн зину афзори аспро дуруст карда, ба чашмаш латтаи сиёҳ ё кабуд мебастанд. Онро пешпеши тобут то гӯристон мебурданд ва баъд аз дафн боз гардонида ба хона меоварданд. Аспро ба ҳамон ҳолат то се рӯз дар ҷойи ба назар намоёни ҳавлӣ мебастанд ва баъди маросими себегаҳа аспро аз А. мебароварданд. Инчунин дар ҳавлии шахси вафоткарда шохи баландтарини дарахти шинондаи майитро бо банд баста, ба замин хам мекарданд ва нӯги бандро ба мехи дар замин кӯфта мебастанд. Ба шохи дигари дарахт латтаи сиёҳ ва кабуд мебастанд, ки нишони мотамро ифода мекард. «Азодории дарахт» низ то се рӯз давом меёфт.

Маросими оши сол низ ба монанди маросими чил нисбатан калону серодам мегузашт. Оши сол ҷамъбасти А. ба шумор мерафт. Пас аз он ҳамаи амалҳои мамнӯъ иҷозат дода мешуданд. Минбаъд ҳар сол дар рӯзи вафоти шахс дар шакли ёдбуд маросими хурди хонаводагӣ созмон медоданд, ки камхарҷтар буд. Шахсони доро чорпои хурдеро забҳ мекарданд ва якчанд нафар наздиконро даъват менамуданд.

Маросимҳои А. дар замони Ҳукумати Шӯравӣ як андоза маҳдуд ва камрангтар шуданд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва махсусан, баъд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо хоҳишу талаби худи мардум бисёр маросиму одатҳои зиёдатии серхарҷ – оши сари тахта, себегаҳа, душанбегию ҷумъагӣ, ҳафта, бист, чил, шашмоҳагӣ манъ карда шуданд, ки ин амр ба оилаҳои азодор сабукиҳо овард.

Ад.: Бабаева Н. С. Древние верования горных таджиков южного Таджикистана в похоронно-погребальной обрядности (конец ХIХ – начало ХХ в.в.). Д., 1993; Мардонова А. Традиционные похоронно-поминальные обряды таджиков Гиссарской долины (конца ХIХ – начала ХХ в.в.). Д., 1998; Писарчик А. К. Смерть, похороны. // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3. Д., 1976; Не­ме­нова Р. Л. Таджики Варзоба. Д., 1998; Хамиджанова М. А. Не­­ко­­­торые архаические погребальные обряды таджиков. // Памяти А. А. Семенова. Сб. статей. Д., 1980.          Д. Раҳимов.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View