SJ Health - шаблон joomla Авто
АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи А. аз ду чӯбчаи дарозиаш »
«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва усули ороиши бадеии саҳифаҳои »
АЛОЧАБОФӢ, тарзи истеҳсоли алоча – матои пахтагӣ ва нимабрешимӣ. А. дар »

МАРОСИМ

Азодорӣ

АЗОДОРӢ (аз ар. عزا

+ View

Айёми аҷуз

АЙЁМИ АҶУЗ, ҳафтаи пеш

+ View

Алавпарак

АЛАВПАРАК, маросими

+ View

БОЗИҲО

Аккабозӣ

АККАБОЗӢ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар ...

+ View

Акколбозӣ

АККОЛБОЗӢ, чиликдангал, чилик-пилик, чилакбозӣ, ...

+ View

Алафдаравак

АЛАФДАРАВАК, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки ...

+ View

БОВАРҲО


А

Аждаҳо

АЖДАҲО, яке аз маъруфтарин симоҳои манфӣ дар афсонаву қиссаҳо

Дидан
А

Авлиёпарастӣ

АВЛИЁПАРАСТӢ, яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар

Дидан
А

Авлиё

АВЛИЁ (ар. ҷамъи валӣ – муқарраб, наздик),

Дидан
А

Авесто

АВЕСТО, китоби муқаддаси зардуштия, куҳантарин китоби динӣ,

Дидан
Муфассал

ҲУНАРҲО

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ, ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ. Дастгоҳи ...

Абри баҳор

«АБРИ БАҲОР»,навъи санъати китобат ва ...

Адрасбофӣ

АДРАСБОФӢ, тарзи истеҳсоли адрас – матои ...

БАХПӮСТтаоме аз гӯшти обпазшуда, ки гоҳо ба роҳбандони тарафи арӯс аз ҷониби домодбудагон барои кушодани пеши роҳашон дода мешуд. Нигар низ Тӯй.

БатБАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони Бадахшон, ки ба қатори таомҳои серғизо дохил мешавад. Б. ба ҳалво шабоҳат ва таъму лаззати онро дорад. Усули тайёр кардани Б. чунин аст: ба деги гарм як коса равған андохта, онро дар ҳарорати баланд гарм мекунанд. Пас аз гарм кардани равған ба даруни он як коса орди гандумро илова карда, ордро то зард шуданаш даруни равған мепазанд. Сониян ба он шири гармро илова мекунанд, чунки шири хунук ордро ба ҳамдигар часпак мекунад. Дар гузашта Б.-ро бо асбоби махсуси латзанӣ – ғач, ки аз шохчаҳои буттаи настаран ва дарахти ангат тайёр мешуд, лат мезаданд. Пухтани Б. аз ҳар кадбону ма­ҳорати фавқулодаро тақозо дошт, чунки равғани Б.-и ҳақиқӣ зимни беист лат доданаш аз орд ҷудо шуда, рӯи он мебаромадааст. Б. ғизои хеле манфиатбахш буда, аҷдоди мо онро марҳами рӯи захм меномидаанд. Ҳамчунин Б. барои ашхосе, ки аз сармозадагӣ ранҷ мекашиданд, фоидаовар буда, хунукиро аз вуҷуди инсон берун мекардааст. Б.-ро бештар барои занони ҳомиладор ва нав фарзанд таваллудкарда омода мекарданд, ки он мухолифат ва сироятнопазирии модару кӯдакро пешорӯи амрози мухталиф баланд бардошта, ононро аз касалиҳои гуногун эмин медорад. Ҳамчунин барои таскини дарди дандон дар гузашта Б.-и ширгармро ба даҳон мегирифтанд. Р. Алимшоева.

БаракБАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. Тарзи омода кардани он чунин аст. Аз орди сафед, об, намак ва тухм хамир тайёр мекунанд. Пас аз он хамирро зувола гирифта, онро бо воситаи ӯхлоқ (ғалтак) ба болои тахта паҳн мекунанд. Хамири паҳнкардаро тақрибан то 5–6 см ба дарозӣ бурида, сипас онро ба шакли чоркунҷаи тахминан 4х4, 5х5 ё 6х6 мебуранд. Дар лагане гӯшти қимаро (гӯшти гов, гӯсфанд ва ғайра) бо пиёз, намак, зира, мурч ва дигар чизҳои лазизкунанда омезиш медиҳанд ва ин гӯшти омехташударо ба рӯи ҳамон пораи хамири дар шакли чоркунҷа буридашуда мегузоранд. Чор гӯшаи хамирро ба шаклҳои гуногун: сегӯша, чоргӯша, доирашакл мепечонанд. Пас аз омода шудан онро ба оби ҷӯшон дона-дона мегузоранд, пас аз пухтан боз ҳам дона-дона ба табақаҳо мекашанд. Ба болояш зирбаки аз пиёз омодашуда ё чаккаи бо гиёҳҳо омехта мегузоранд. Б.-ро аз гӯшт, каду, тухм, картошка ва дар фасли баҳор аз гиёҳҳои кӯҳӣ ва ҳамчунин аз сабзавот низ мепазанд, ки тарзи омода кардани ҳамаи он монанд аст.

Навъи дигари Б.-ро баракшӯрбо мегӯянд, ки омода кардани он низ мисли ҳамон барак аст. Вале фарқ дар он аст, ки ин Б. ба дохили шӯрбои бегӯшт омодашуда андохта мешавад ва онро дар ҳамин шӯрбо мепазанд. Баракшӯрборо ба тарзи зерин омода мекунанд: ба оби шӯрбо картошка, шалғам, сабзиро хурд-хурд дар шакли чоркунҷа реза карда мегузорнанд. Мувофиқи меъёр намак ва дигар адвия меандозанд. Б.-ро ба таври ҷудогона пухта, баъдан ба оби шӯрбо меандозанд ва ё бо оби шӯрбои омода якҷо низ метавон пухт.

Ҳангоми пухтан ҳар кадбону андаке тибқи салиқаи хеш ба Б. чизҳое илова менамояд, ки дар натиҷа ҳар навъи Б. ва ё тушбера каме аз якдигар фарқ мекунад ва ба он номи ҷудогона мегузоранд: барак­шӯрбо, барака­шӯрбои кадугӣ, баракшӯрбои картошкагӣ, барак­шӯрбои лаззат, тушбера ва ғайра. Як навъи ин хӯрокро, ки аз тухм омода мешавад, тухмбарак меноманд. Ҳаҷми хамири тухмбарак гоҳе аз Б.-и аслӣ калонтар аст. Б. (тушбера) ва анвои он дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо шаклҳои гуногун мавҷуд аст. Дар ҳар минтақа кадбонуҳо тибқи салиқаи хеш онро омода мекунанд, ки яке аз дигаре андаке фарқ дорад. Р. Раҳмонӣ.

Атолаи кочӣАТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану шир ё орду об пухта мешавад. А. дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байни тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъмул буда, хусусияти парҳезӣ ва табобатӣ дорад. Дар минтақаҳои Тоҷикистон бо номҳои гардсӯз, ордоб, ордбирён, ҳалила ва ҳадир, атолаи кочӣ, атолаи сафедак низ маъмул аст. Барои тайёр кардани атола ордро бехта, дар равғани дилхоҳ то сурх шудан бирён карда, сипас шир ва каме об илова намуда, дар оташи паст мепазанд. Баъди ба орд илова кардани об онро мунтазам кофта меистанд, то ин ки орд кулӯла нашавад ва маҳину равон гардад. Баъди ҳар бор ҷӯшидан ба он шир ва мувофиқи табъ намак меандозанд. Таносуби миқдори орду обу шир ба ҳаҷми умумии А. ва намуди он вобастагӣ дорад. А. навъҳои гуногун дошта, тарзи пухтани онҳо низ гуногун аст. Масалан, барои пухтани А.-и сафед ордро чандон бирён намекунанд. Тарзи омода кардани он чунин аст: Чор пиёла ордро ба дег андохта, то ҳадде сурх мекунанд, пасон ба он 200 г равғани думба ё маска андохта, омезиш медиҳанд, баъд аз муддати кӯтоҳе 1,5–2 л шир илова менамоянд, ҳамчунин мувофиқи табъ намак меандозанд. Онро ба коса кашида ба хӯранда пешниҳод менамоянд. Дар баъзе минтақаҳо пас аз кашидани А. дар ҳар коса 1–2 қошуқ равғани зағир меандозанд. Пазандаҳо гоҳе ба А. чормағз, нони қоқ, тухм низ меандозанд. Ҳар пазанда А.-и сафедро ба таври худ мепазад. Баъзеҳо аввал дар дег 25 г равғани рустанӣ рехта, онро доғ мекунанд. Баъдан мувофиқи табъ 90 г орд андохта, онро бо диққат омезиш медиҳанд, то ки сурх ва ё бирён шавад. Минбаъд ба он 400 г дӯғоб ё дӯғи аз молиши қурут гирифташуда (қурутоб) мерезанд.

А.-и ширӣ бо шири гов, гӯсфанд ва буз тайёр карда мешавад. Дар он шир нисбат ба об бештар истифода мегардад. Шир ҳар қадар равғандор ва навдӯшида бошад, А. ҳамон қадар болаззат ва хӯрданибоб мешавад. А.-и равғанӣ, маъмулан, бо равғани зарди гов, думба ё равғани зағир пухта мешавад. Интихоби равған ба имкон, синну сол, вазъи саломатӣ ва завқу мизоҷи хӯранда вобаста аст. Барои занҳои нав таваллудкарда А.-ро бо равғани зағир ё думба мепазанд, чунки он гармибахшанда, афзояндаи шири модар ва гармогарм хӯрданаш арақовар аст. Баъзан баъди дубора бо шир ҷӯшиданаш ба А. ҷаззаи гӯсфанд ҳамроҳ мекунанд, ки ин навъи атоларо А.-и ҷаззадор мегӯянд. Ин навъи А. хусусан барои шахсони фишори хунашон паст, камқувват ва камхӯрок муфид аст. Навъи дигари А. А.-и қандобӣ мебошад. Баъди тайёр шудани А. ба он шакар ё қанди сафедро дар оби ҷӯшида маҳлул карда мерезанд. Таносуби А. ва қандоб ба завқ ва мақсади атолахӯр вобаста аст. Ин навъи атола хусусан барои кӯдакону наврасон фоидаовар мебошад. А. бе равған ҳам пухта мешавад, ки онро А.-и явғон меноманд. Онро ҳамчун ғизои парҳезӣ истеъмол мекунанд. Навъи дигари А. кочӣаст, ки онро аз орди гандум, нахӯду лӯбиё мепазанд. Аввал ордро дар равған бирён карда, баъд об ва баъзан шир ҳамроҳ карда меҷӯшонанд, пас дар табақҳои калон мекашанд. Ба рӯи он барои хушхӯрӣ мувофиқи табъ равғани доғи маска ва дар баъзе маҳалҳо дӯғ мерезанд.

Дар Қаротегину Дарвоз, бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон оши буридаро низ А. (дар талаффузи маҳал – отала) мегӯянд. Дар баъзе навоҳии кӯҳистон баъзе аз ошҳои алафии баҳориро низ атола мегӯянд, аз ҷумла атолаи модел, сиёҳалаф, рова, зардолугӣ, ҷугорӣ ва ғайра.

 Ад.: Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 2. Д., 1970; Ходжиев В. Традиционная и современная таджикская кухня. Д., 1990.               Ҳ. Муҳаммадиев.

ТАОМҲО

Атола

АТОЛА, навъе аз таомҳои тоҷикӣ, ки маъмулан аз ор­ду равғану ...

+ View

Барак

БАРАК, навъе аз хӯроки миллии тоҷикӣ, ки онро тушбера низ мегӯянд. ...

+ View

Бат

БАТ, ҳ а л в о и ш и р, як навъи таоми миллии мардуми Кӯҳистони ...

+ View