SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

dkn

Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон / Муҳаррири масъул Б. Абдурраҳмонов - Душанбе. "ЭР-граф", 2013 - 564 саҳ.

Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, маълумот дар бораи кайҳон ва ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту наботот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофиёӣ, санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст.

Донишнома барои кӯдакони аз 8-сола боло ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.     

Чӣ? Кай? Дар Куҷо?

Чӣ? Кай? Дар куҷо? / Мутарҷим: Абдуқодири Абдуқаҳҳор; Муҳаррирон: Убайдулло Хӯҷаёров ва Бароти Абдураҳмон; Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. - Душанбе: «Ганҷ», 2016. - 248 саҳ.

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад. Аз қабили чаро рӯз ба шаб табдил меёбад ва ситораҳо медурахшанд? Чаро борону барф – ҳар ду аз осмон меборанд, вале яке моеъ асту дигаре не! Замини мо чӣ сохт ва дигар сайёраҳо чӣ сохт доранд. Таркиби Моҳтоб ва дигар сайёраҳо чӣ гунаанд?

Ба ҳамин тартиб ҳазорҳо суолу пурсиш вуҷуд доранд, ки бидуни раҳнамое ба онҳо ҷавоб ёфтан мушкил аст. Вале ин китоб мададгори кӯдакони кунҷков хоҳад буд.

 



 

dkn

Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон (нашри дуввуми такмилшуда) / Сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ; Муҳаррири масъул Б. Абдураҳмонов; Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. - 656 саҳ.

Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, маълумот дар бораи кайҳон ва ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту наботот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофиёӣ, санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст.

Донишнома барои кӯдакони аз 8-сола боло ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

dkn

Шигифтиҳои бадан / Муаллиф: Ричард Вокир, Мутарҷим: Лодан Хонларӣ; Баргардони тоҷикӣ: Муборакшо Шамсов; Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. - Душанбе: ЭР-граф, 2015. - 93 саҳ.

Китоби «Шигифтиҳои бадан» таълифи Ричард Вокир аст, ки дорои матни тавзеҳии пизишкӣ ва тасвирҳо, аз ҷумла, тасвирҳои 3D мебошад. Китоби мазкур аз муқаддима, бахши «Тавлиди тасвирҳо», муаррифии дастгоҳҳо ва аъзои бадани одам дар 32 бахш ва бахши луғат фароҳам гардидааст.
Донишномаи «Шигифтиҳои бадан» дар Редаксияи «Донишномаҳои кӯдакон ва наврасон»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик тавассути Муборакшо Шамсов аз тарҷумаи форсии Лодан Хонларӣ (Теҳрон, интишороти «Паёми озодӣ», 1391 ҳ.ш.) ба хатти кириллии тоҷикӣ баргардон шуда ва соли 2015 интишороти «ЭР-граф» онро дар 92 сафҳа ва шуморагони 5 000 нусха мунташир кардааст.



 

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА