SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе. Донишнома
Душанбе, 2014. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи
миллии тоҷик, 730 саҳ. бо тасвирҳо.

Донишномаи пойтахт, ки ба муносибати ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25-солагии истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасад, рамзе аз равзанаи маърифат ва шинохти шаҳри азизи мост, ки ба ин васила аҳли мамлакат бо таърихи шаҳри Душанбе, саҳми сокинони он дар бунёди давлати муосири миллӣ, ҷомеаи асили шаҳрвандӣ ва рушду равнақи ҳаёти моддию маънавии кишвар, бо неруҳои тавлидӣ ва табиати нотакрори ин маъвои дилорои ватани худ ошно мегарданд. Донишномаи Душанбе барҳақ таҷассумгари тарақиёти мустақилонаи пойтахти давлати навини мост.
Китоби мазкур сарчашмаи илму адаб, таърих, муаррифномаи иншооту кӯчаҳову маҳалҳо, қабл аз ҳама зиндагиномаи ашхоси бузург ва бунёдкори шаҳри азизи мост, ки ифтихори мо буданду мебошанд ва мо доимо корнамоии ҷовидонаи онҳоро дар ҷодаи пурифтихори кору амал ва маърифатнокии баланд пос медорем.
Интишори «Душанбе. Донишнома»-ро ба сокинону меҳмонон ва ҳаводорони Душанбешаҳр табрик гуфта, ба донишмандони соҳаҳои гуногуни илму адаб, ки дар таҳияи ин махзани маърифат хидматгузор буданд, изҳори сипоси беандоза менамоем.
Умедворем, ки шаҳри азизи мо аз тариқи ин равзанаи маърифат бештару беҳтар шинохта хоҳад шуд.

Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 2017. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 580 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-68-2

Ин китоб-маълумотнома бо истифода аз асноди Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ тартиб дода шудааст. Иловатан, маълумот дар бораи масоҳат мувофиқи далелҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси шумораи аҳолӣ аз рӯи далелҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба масофа аз рӯи далелҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳраку деҳот тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ маълумотҳо доир ба тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ҷумҳурӣ то 1 августи соли 2017 гирд оварда шуданд.
Дар маълумотнома вақти ташкил шудани вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҳай­ати маъмурӣ-ҳудудии вилояту ноҳияҳо ва андозаи масоҳати онҳо, шумораи аҳолии ви­лоятҳо ва маркази вилоятҳо, масофа аз маркази вилоятҳо ва ноҳияву шаҳрҳо то ш. Ду­шанбе, аз маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳо то маркази вилоятҳо, аз деҳаҳо ва шаҳракҳо то маркази маъмурии ҷамоатҳои деҳот ва аз он ҷо то маркази ноҳияҳо нишон дода шудаанд.
Дар китоб феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ва ҳамчунин, феҳристи деҳаҳои ҳамном, феҳристи номҳои қаблӣ ва номҳои феълии онҳо, инчунин маълумот дар бораи тағйироти муҳимтарин ҷой дода шудаанд. Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки дар феҳристҳову харитаҳо деҳаҳои ғайри­расмӣ (яъне, ҳанӯз дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифтанашуда) низ оварда шуда (чун мавҷуданд), бо расмулхатти моил сабт гардиданд, то хонанда онҳоро аз деҳаҳои расмӣ фарқ карда тавонад. Ва албатта, ба хотири тазйин ва ҷолиб шудани китоб манзараҳои муҳимме аз табиат ва дигар соҳаҳои иҷтимоии мардуми шаҳрҳову ноҳияҳо насб шуданд.
Умедворем, ки хонандаи закӣ аз бурду бохтҳои ин китоб, ки дармеёбад, дар хусуси онҳо (билхусус, камбудҳо) андешаҳои муфиди худро аз мо дареғ намедорад.

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР