SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

Китоби хотира (1941-1945)

Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ

Самаки айёр: Намунаҳои насри бадеии тоҷик. Иборат

аз ду китоб. Душанбе Сарредакцияи илмии

Энциклопедияи Миллии Тоҷик. 2008. Китоби II. 976 саҳ.

Хонандаи арҷманд! Инак Шумо китоби дуюми достони «Самаки айёр»-ро ба даст гирифтед. Дар ин китоб воқеаву ҳодисаҳо торафт печ хӯрда, диққати Шуморо ба худ ҷалб хоҳанд кард. Самак бо ёрону ҳаммаслаконаш – Рӯзафзуну Абрак, бо ҷавонмардону айёрони шаҳру кишварҳои гуногун дар роҳи барқарор сохтани ростиву адолат, ба висол расонидани дилдодагон саъю талош менамоянд. Дар ин китоб ба саҳнаи амалиёт қаҳрамонони нав аз ҷумла шоҳони неку бад, адолатпарвару золим, паҳлвонони бузург, шахсиятҳои хайрхоҳу ҷавонмардон, мардуми одии бозорӣ, занони бовафо дар ишк, занони паҳлавону ҷанговар ба мисли Мардондухт, ки Гурдофариди «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба ёд меорад, париёну ҷодугарон ва дигарон мебароянд. Чун сухан аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рафт, ҷойи таъкид аст, ки офарандагони достони «Самаки айёр» аз «Шоҳнома»-ву каҳрамонони он огоҳии комил доштаанд ва паҳлавонони худро дар зӯри бозуву нерумандӣ ба онҳо ташбеҳ менамоянд. Набардҳои забонӣ, набардҳо бо силоҳ баъзе лавҳаҳову саҳнаҳоро аз «Шоҳнома» ба хотир меоранд.

Достони «Самаки айёр» бо сюжети моҷароӣ ва мураккаб, композитсия, ривоҷи воқеаҳо, тасвири манзараҳои табиат, хусусиятҳои бадеиву забони шево ва тарзи баёни дилнишин, зарофати забони гуфтугӯии халқ суханони ҳикматомезе, ки қаҳрамонон ба забон меоранд ва ғайра, бешак барои кулли хонандагон муфиду арзишманд мебошад. 

Самаки айёр: Намунаҳои насри бадеии тоҷик.

Иборат аз ду китоб. Душанбе. Сарредакцияи илмии

Энциклопедияи Миллии Тоҷик. 2007. Китоби I. 884 саҳ.

Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик дар силсилае бо номи «Энциклопедия персидско-таджикской прозы» чанд китобро ба забони русӣ интишор кард, ки дар онҳо «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самар-кандӣ, қиссаҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо ҷой гирифтанд.

Аз оғози соли 2007 Сарредаксия тасмим гирифтааст осори мансури адабиёти классикии форсу тоҷикро ба забони тоҷикӣ интишор намуда, дастраси хонандагон гардонад. Қиссаи шӯрангези «Самаки айёр» нахустин асарест, ки дар ин силсила ба табъ мерасад. Китоби мазкур дар 7 ҷилд чоп шуда буд. Дар таҳияи матни чор ҷилди аввал муҳаққиқи насри форс-тоҷик Ю. Салимов, ҷилдҳои 5–7 донишманди варзида К. Чиллаев ва А. Ҷлолов, муҳаррирон Ҷ. Азизқулов, М. Диловаров ва дигарон заҳмат кашидаанд. Ҳангоми таҳияи матн мо ба тарзу шеваи кори мураттибону муҳаррирони зикршуд содиқ будем. Ҳангоми хондани матни асар баъзе нуқсонҳову костагиҳоро аз ҷониби мураттибон ва муҳаррирони нашриёт дарёфт намуда ислоҳ кардем. Баъзан, лозим омад, ки ба матни аслӣ, яъне нашри ин китоб ба алифбои арабиасос (аз Парвиз Нотили Хонларӣ) муроҷиат намоем. Матни китоб ба Имлои забони тоҷикӣ (1998) мутобиқ карда шудааст.

«Самаки айёр» қиссаи пурмоҷарост. Хонанда аз мутолиаи он ба шӯру ҳаяҷон меояд, саргузашти қаҳрамонон, ба чӣ анҷом ёфтани ҳодисаҳову воқеаҳо басо ҷолиб мебошанд.

«Самаки айёр» қиссаи размию базмист, вале дар он аз забони қаҳрамонон панду андарзҳое омадаанд, ки барои тарбияи ахлоқии хонандгон ҳмияти калон доранд. Дар саҳифаҳои аввали китоб аз ҳурмати падару модар ва пирон сухан меравад. Баъзан ростӣ тавсиф мешавад («Бидон ва огоҳ бош, ки дар ҷаҳон ҳеч беҳ аз ростӣ нест...»), дурӯғ гуфтан хислати ҷавонмардон нест («...ҷавонмардон дурӯғ нагӯянд, агар сари эшон ба кор биравад») ва ғайраҳо. Бад-ин минвол пораҳоеро дар ин китоб дар хусуси пойдори ба савганд ва аҳду вафо, нигаҳдории амонат, мардӣ ва мардонагӣ, ситоиши хираду дониш ва дурӣ аз худситоӣ, васфи занон ва ҳурмати онҳоро ба ҷой овардан, дар хонадорӣ – оиладорӣ босубот будан ва ғайра дарёфт кардан мумкин аст.

Умед аст, ки «Самаки айёр»-ро хонандаи закитабъ хуб пазироӣ мекунад. 

Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Ҷилди 2

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК