SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Энциклопедияи Советии Тоҷик
(иборат аз 8 ҷилд)
Сармуҳаррири илмӣ М. С. Осимӣ, Сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев
Душанбе, 1980, ҷилди II.  
Гавҳарак Ирланд.  640 саҳ. бо тасвирот, 32 варақ тасвирот; 10 варақ харита.

Энциклопедияи советии тоҷик 8 ҷилд (ҷ.1 - 1978; ҷ. 2 – 1980; ҷ. 3 – 1981; ҷ. 4 – 1983; ҷ. 5 – 1984; ҷ. 6 – 1986; ҷ. 7 – 1987; ҷ. 8 – 1988 бо адади 5 – 10 ҳазор нусха) буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии республикаҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР