SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

АA, ҳарфи якуми алифбои тоҷикӣ (аз с. 1940). ҳарфи А дар алифбоҳои гуногуни кишварҳои европоӣ ва шарқӣ ҳарфи финиқии алиф аст, ки он, зоҳиран, аз аломати идеографии  тасвири сари гов пайдо шудааст. Маънои калимаи финиқии алиф «гов» мебошад. Дар Европа ин ҳарф ба воситаи алифбоҳои юнонӣ ва этрусию лотинӣ, дар Шарқ ба воситаи алифбоҳои суриёнӣ ва оромӣ маъмул гашт ва шаклҳои гуногун гирифт. Номи ҳар­фи А. дар ибронии қадим «алиф», юнонӣ «алфа» (эҳтимол шакли таҳрифшудаи «алиф» бошад), славянӣ «азъ» («ман»), русию тоҷикӣ «а» мебошад. А. дар забони тоҷикӣ овози пасизабонии ғайрилабии кушодаро ифода мекунад. Шакли навишти чопиаш А а, дастнависаш А  а. Дар алифбои лотинии маъмул дар забони тоҷикӣ (1929 – 39) низ ҳамин шаклҳоро дошт. Овози «а» дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (маъмул аз а. 8 то с. 1929) дар аввали калима бо алиф (ﺮﺑ – абр), айн (ﻞﻗﻋ – ақл), дар охири калима бо ҳои ҳавваз (ﻪﻧﺎﺷ – шона), дар мобайни калима бо аломати фатҳа ё забар (ﺭﺩﺮﺑ– бародар) ифода мешуд. Ҳарфи А-и калон ва а-и хурд дар матнҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳо барои ҷудо кардани қисмҳо, бобҳо, фаслҳо, моддаҳо ва ғ., инчунин дар муассисаҳои таълимӣ барои ҷудо кардани синфҳо, гурўҳҳо ва ғ. истифода мешавад. 

 

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР