SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Авзои руҳӣАВЗОИ РӮҲӢ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ӯ инъикос меёбад. А. р. ҳолати умумии эмотсионалии инсон (хурсандӣ, ғамангезӣ, болидатабъӣ, беҳолӣ ва ғ.) буда, ба дигар зуҳуроти психикӣ тобиши муайян мебахшад. А. р. бо шароиту лаҳзаҳои ҳаёти воқеӣ алоқаманд буда, метавонад нисбатан устувор бошад ва муносибати умумии инсонро ба ҳаёт тавсиф диҳад: ба як гурӯҳи одамон А. р.-и болида, зиндадилона хос аст, гурӯҳи дигар майл ба ғаму ғӯссахӯрӣ, дилтангӣ, маъюсию зиққӣ доранд. А. р. стеникӣ (фараҳбахш)  ва астеникӣ (ғамангез) мешавад. А. р. туфайли шароитҳои ҳаётии инсон, барору нобарориҳои ӯ ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо, ҳодисаҳои воқеияти иҳотакарда ва дар баъзе вазъиятҳо дар натиҷаи ҳолати ҷисмонии инсон (тандурустӣ, хастагӣ, мондашавӣ ва ғ.) ба амал меояд. Устувории А. р. аз вазъиятҳои водоркунанда ва аҳами­яти онҳо барои инсон вобаста аст. Сабабҳои А. р. баъзан фаҳмида намешаванд ва А. р. дар чунин ҳолатҳо гӯё бесабаб рух медода бошад, вале он аслан бо сабабҳои муайян рӯй медиҳад. Бо сабабҳои воқеӣ рӯй додани А. р. имконият ва зарурати худдорӣ ва идора кардани онро истисно намекунад. Маҳорати идора намудани А. р.-и худ барои шахсоне, ки ба тарбияву таълими насли наврас машғуланд, ниҳоят муҳим ва зарур аст. Худдорӣ карда натавонистан, одати мувофиқи А. р.-и бади худ бо атрофиён, хусусан кӯдакон муносибат кардан на танҳо ба равони (психика) осебпазири онҳо таъсир мерасонад, балки барои ӯ намунаи номатлуби рафтор шуда мемонад. А. р.-и болида ва фараҳнок метавонад ба қобилияти кории одам (мас., дар азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён), инчунин дар муносибати байниҳамдигарӣ бо атрофиён ва ғ. таъсири мусбат расонад. Зуҳуроти муносибати бодиққатона ба А. р.-и инсон, ба вуҷуд овардани шароитҳое (бо назардошти хусусиятҳои хоси инсон), ки ба А. р.-и гуворову хуш ва болида мусоидат мекунанд ва инчунин мубориза бо А. р.-и манфӣ ва баду ногувор лаҳзаҳои муҳимтарини тарбия мебошанд. Фаъолият ҳангоми А. р.-и фараҳбахш нисбат дар ҳолати хиратабъӣ қарор доштан самарабахштар аст. Калавиши бесабаби А. р. метавонад асоси патологӣ дошта бошад ва он аз чунин хусусиятҳои шахс, ба монанди изтиробнокии баланд, ноустуворӣ, хурӯшонтабъии инсон ва ғ. вобаста аст.                       М. Давлатов. 

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР