SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

Варзиши сабук. ГурзпартоӣВАРЗИ́ШИ САБУ́К, як намуди варзиш, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук яке аз намудҳои асосии варзиш буда, шахсро чусту чолок, ҷасуру моҳир, тавонову бақувват мегардонад ва барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани ӯ аҳаммияти бузург дорад. Варзиши сабук дорои намудҳои хосси гуногун (давидан ба масофаҳои гуногун, гашти варзишӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, найзапартоӣ, дискпартоӣ, гурзпартоӣ, бисёрҳарба) буда, аксари онҳо шакли оммавӣ гирифтаанд ва ба барномаҳои Бозиҳои олимпию чемпионатҳои ҷаҳон дохил карда шудаанд.

Таърихи Варзиши сабук аз мусобиқаҳои давидан дар бозиҳои олимпии Юнони Қадим (соли 776 пеш аз милод) шурӯъ мешавад. Таърихи Варзиши сабуки муосир аз мусобиқаи давидан ба масофаи 2 км, ки муҳассилини коллеҷи шаҳри Регбии Англия соли 1837 ташкил намуданд, ибтидо мегирад. Баъд аз ин чунин мусобиқаҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ доир мегардиданд. Дертар ба барномаи мусобиқа давидан бо монеаҳо, партофтани ашёи вазнин, аз соли 1851 ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ бо дав дохил карда шуданд. Соли 1864 байни донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ нахустин мусобиқаҳои Варзиши сабук баргузор гаштанд, ки минбаъд ба мусобиқаҳои дуҷонибаи анъанавии ҳарсола табдил ёфтанд. Соли 1865 Клуби варзиши сабуки Лондон ва соли 1880 мақоми олии Варзиши сабук – Ассотсиатсияи дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд. Варзиши сабук дар ИМА аз соли 1868 инкишоф ёфта, ба зудӣ дар донишгоҳҳо васеъ паҳн шуд ва ин замина муҳайё кард, ки варзишгарони амрикоӣ дар солҳои баъдӣ (то соли 1952) дар ҷаҳон мавқеи пешбарро ишғол намоянд. Солҳои 1880–1990 дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ассотсиатсияҳои дӯстдорони Варзиши сабук ташкил карда шуд, ки клубҳои алоҳида, лига ва мақомоти олии ҳуқуқпайдокарда оид ба Варзиши сабукро муттаҳид мекарданд. Инкишофи Варзиши сабуки муосир ба аз нав эҳё гардидани Бозиҳои олимпӣ (1896) алоқаманд аст. Имрӯз Бозиҳои олимпӣ омили тавоное барои рушди Варзиши сабук дар ҷаҳон мебошанд.

Нухустин чемпионати Руссия оид ба Варзиши сабук соли 1908 доир шуд, ки дар он 58 варзишгар иштирок намуданд. Соли 1911 Иттиҳоди умумироссиягии дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд, ки 20 лигаи варзиши Петербург, Маскав, Киев, Рига ва дигар шаҳрҳоро муттаҳид мекард. Дар даврони шӯравӣ Варзиши сабук дар Иттиҳоди Шӯравӣ инкишоф ёфт. Варзишгарони шӯравӣ дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон ва ҷойҳои намоён гаштанд.

Мақоми олии роҳбарикунандаи Варзиши сабук Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (АБФВС) мебошад, ки соли 1912 ташкил карда шудааст ва 212 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд (2013). Он қоидаҳои байналмилалии баргузор кардани мусобиқаҳоро муайян мекунад. Бо ташаббуси АБФВС мусобиқаҳои Варзиши сабук аз рӯйи барномаи Бозиҳои олимпӣ (аз соли 1896), Чемпионати ҷаҳон дар толорҳои варзиш (аз соли 1885), Чемпионати Аврупо дар варзишгоҳҳо (аз соли 1934), Чемпионати Аврупо дар толорҳои варзишӣ (аз соли 1966), Ҷоми ҷаҳон дар варзишгоҳҳо (мусобиқаҳои дастаӣ; дар чор сол як бор) доир карда мешаванд. Вобаста ба ин ду мавсими баргузории мусобиқаҳои Варзиши сабук мавҷуд аст: тобистонӣ ва зимистонӣ. Мусобиқаҳои тобистона дар моҳҳои апрел – октябр (аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон ва Аврупо) ва мусобиқаҳои зимистонӣ моҳҳои январ – март (аз ҷумла Чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо) дар толорҳои варзиш баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои гашти варзишӣ ва кросс тақвими худро доранд. Бонуфузтарин пойгаҳои марафонӣ баҳор ва тирамоҳ баргузор мешаванд. Дар мусобиқаҳои Варзиши сабук ҳамон варзишгарон ва дастаҳо ғолиб меоянд, ки дар дав ё мусобиқаи ниҳоӣ (финалӣ) натиҷаҳои беҳтарин нишон додаанд.

Мусобиқаҳо оид ба ҳама намудҳои Варзиши сабук, ғайр аз марафон, гашти варзишӣ ва бисёрҳарба, якчанд давраро дар бар мегиранд: муайянкунӣ, 1/4-финалӣ, 1/2-финалӣ. Дар натиҷаи интихоб варзишгароне (дастаҳое), ки дар давраи ниҳоӣ (финал) бозӣ мекунанд, муайян карда мешаванд. Шумораи иштироккунандагон аз рӯйи низомномаи мусобиқа муайян карда мешавад. Масалан, дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳар қисми барнома мамлакатро метавонад камаш як ё се варзишгар (дар сурати иҷро намудани меъёри пешакӣ) ва дар пойгаи эстафетавӣ як даста муаррифӣ намояд. Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ барои мардон 24 ва барои занон 23 намуди Варзиши сабук дохил карда шудааст. Барномаи чемпионатҳо дар толорҳои варзиш аз 26 намуд (13 намуди мардона ва 13 намуди занона) иборат аст. Дар мусобиқаҳои расмӣ мардон ва занон якҷо ҳунарнамоӣ намекунанд. Варзиши сабук ҳамчун намуди варзиш дар ИМА, Руссия, ҶФО, Британияи Кабир, Кения, Эфиопия инкишоф ёфтааст.

Варзиши сабук дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон инкишоф ёфта буд. Ҳамасола оид ба намудҳои Варзиши сабук мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешуданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байнал­милалӣ иштирок мекарданд. Нахустин варзишгари то­ҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико (1968) дар дави марафонӣ иштирок кард, Муҳаммад Шокиров буд. Г. Панигкин, А. Черенков, В. Шадгинев, П. Селезнёв, А. Арапенко, Х. Ижаев, М. Шадновский, Ш. Исоев, Б. Кателников, Т. Худойбердиев, Д. Аббосов, У. Хайруллоев, Ю. Иванов, В. Виноградский, М. Кажемякин, И. Дуров, З. Раҳматуллоева, М. Шокиров ва дигарон аз ҷумлаи варзишгарони номдори Тоҷикистон дар намудҳои Варзиши сабук буданд. Варзиши сабук дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол рушд кард. Дар ҷумҳурӣ асосан чунин намудҳои Варзиши сабук, ба монанди гурзпартоӣ, давидан ба масофаҳои кӯтоҳ, дароз ва миёна, давидан бо монеаҳо инкишоф ёфтааст. Варзишгарони Тоҷикистон пайваста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Андрей Абдувалиев дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1992, Барселона), ҷаҳон (1993, 1995) ва соҳиби Ҷоми ҷаҳон (1994) гардид. Г. Дадабоева дар се Олимпиада (1996, Анланта; 2000, Сидней; 2004, Афина) дар дави марафонӣ, С. Забавский дар Бозиҳои олимпии соли 2000 (дар дави марафонӣ) иштирок намуданд. Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ соли 2003 чемпиони Бозиҳои Осиёи Марказӣ, соли 2006 дар Дуҳа (Қатар) ва соли 2010 дар Буанҷоу (Хитой) чемпиони Бозиҳои Осиё гардид. Г. Митяева чемпион ва ҷоизадори чемпионати Осиё байни наврасон буда, дар Бозиҳои олимпии Пекин (2008) иштирок кардааст. А. Эшбеков дар чемпионати Осиё ва С. Хоҷаев дар чемпионати ҷаҳон (2009, медали нуқра) дар гурзпартоӣ байни наврасон соҳиби ҷоиза гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 ҳар сол Дави миллӣ ва дар шаҳри Душанбе аз соли 2010 ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегарданд.

Ад.: Школа легкой атлетики. 2 изд. М., 1968; Сияркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968; Латипов Н., Мирзоев А. Душанбеспортивный город. Д., 2004.

Н. Шарипов, Ӯ. Олимов.

ДОНИШНОМА – ДОИРАТУ-Л-МАОРИФ – ENCYCLOPEDIA, китоберо гӯянд, ки маълумоти ҷомеъу мухтасаре роҷеъ ба ҳамаи донишҳои

ВАРЗИ́ШИ САБУ́К, як намуди варзиш, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук

БУРҲОНУДДИ́Н РАББОНӢ (1940, ш. Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон – 20.09.2011, маҳаллаи Вазир Акбархони

АВЗОИ РӮҲӢ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору

АВТОГРЕЙДЕР (аз авто…ва грейдер), мошини худгарди чархдор, ки барои ҳамвор кардани хоктӯда, ҷой­гардон,

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА