SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

ДОНИШНОМА – ДОИРАТУ-Л-МАОРИФ – ENCYCLOPEDIA, китоберо гӯянд, ки маълумоти ҷомеъу мухтасаре роҷеъ ба ҳамаи донишҳои башарӣ ва ё як соҳаи махсус иртиботдоштаро дар бар гирад. Ин маълумот ба шакли мақолаҳо, ба тартиби алифбоӣ ва мавзуъӣ аст. Донишнома муодили калимаи фаронсавии encyclopédie (энсиклопеди) ва калимаи англисии encyclopédie (энсиклопедия) буда, ҳар ду гирифташуда аз вожаи encyclopaedia, сурати лотинии ибораи юнонии enkukliospaudeia ба маънои омӯзиши умумӣ ва мураккаб аз се ҷузъи en ба маънои «дар» ва kuklios ба маънои «доира» ва paudeia ба маънои «омӯзиш» аст. Энсиклопедия беш аз ду ҳазор сол ҳамчун китоби дарбаргирандаи хулосаи қобили фаҳм аз донишҳои мавҷуда пазируфта мешуд. Юнониёни бостон ин вожаро ба маънои маҷмуае аз мавод ва мавзуъоти омӯзишӣ ба кор мебурданд, ки шомили ҳафт мавзуъи асосии донишу фан, яъне дастури забон (сарфу наҳв), мантиқ, балоғат, ҳисоб, ҳандаса, мусиқӣ ва ҳайат буд. Аввалин бор Франсуа Рабле(адиби фаронсаӣ) ин калимаро дар тавзеҳи асари худ «Гаргантюа ва Пантагрюэл» ба кор бурд; нависандаи олмонӣ Раул Сколич нахустин шахсе буд, ки соли 1559 дар унвони навиштаи донишномагунаи худ – «Энсиклопедия ё маҷмуаи дониши ҷаҳон, аз ҷумла илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ» (Encyclopaedia seu orbis disciplinarum tam sacrarum quam prophanarum epistemon) калимаи энсиклопедияро ба кор бурдааст. Барои тақсимбандии донишномаҳо меъёрҳои гуногун ба назар гирифта мешаванд. Масалан, донишномаҳо аз назари ҳаҷм ба муфассалу мухтасар, аз назари фарогирии маълумот ба донишномаҳое, ки ҷавобгӯи ниёзҳои фаврӣ, донишномаҳои ҷавобгӯи ниёзҳои тахассусӣ, донишномаҳои электронӣ (онлайн), донишномаҳое, ки маълумоташон ҳам барои мутахассисон ва ҳам барои донишҷӯён ба кор меояд, донишномае, ки ҷанбаи омӯзишӣ низ доранд, тақсим шудаанд. Ҳамчунин донишномаҳо аз назари меъёру тартиб ба алифбоиву мавзуъӣ, вобаста ба ҳаҷми онҳо ба бузург (иборат аз даҳҳо ҷилд), кӯчак (10 – 12 ҷилд), мухтасар (4 – 6 ҷилд) ва 1–3-ҷилдӣ, ки маъмулан қомус ё луғати донишномаӣ ном доранд, тақсим мешаванд. Ҳар як аз ин донишномаҳо дорои нақшаи хос (тақсимбандии ҳаҷми умумии мақолаҳо мувофиқи соҳаву навъ) ва луғатнома (номгӯи комили вожаҳое, ки аз онҳо мақола сохта мешавад)-анд.

САБКУ НИГОРИШИ ДОНИШНОМА

Мақолаҳои донишнома талхисӣ (фишурда, хулосашуда), ихчам, кутоҳ, муҷаз, мухтасар, роҳнамоӣ, тафсирӣ ва ҳаволаӣ (роҳнамоӣ ба вожаи дигар) мешаванд. Ду навъи аввалии мақолаҳо аз ҷиҳати ҳаҷм аз якдигар фарқ карда, дар онҳо матлаб равшан аст ва мақолаҳои меҳварӣ барои донишнома ба шумор мераванд; онҳо дарбаргирандаи маълумоти аслии мавзуъи матраҳшудаанд: ироаи назари илмӣ, баёни ҳодисоти таърихӣ, овардани маълумоти ҷуғрофиёӣ, шарҳиҳолӣ, оморӣ ва ғ. Роҳҳои дарёфти маълумоти амиқтару муффассалтар тавассути номгӯи адабиёт дар дохили мақола ё поини он ва ё дар поини ҷилдҳову ҷилди масуси китобшиносӣ нишон дода мешаванд. Дар донишномаҳо маводди тасвирӣ (иллюстратсионӣ) ҷои намоён доранд: нақшаҳо, харитаҳо, тарҳҳо, бозофаринии мусаввараҳо, аксҳову портретҳо, нусхагирӣ, тасвири сиккаҳо, парчамҳо ва ғ. Донишномаҳои бисёрҷилдӣ, маъмулан, бахши иловагӣ доранд. Донишнома ҳамаи донишҳои башариро дар бар мегирад ва мекӯшад хулосаи ҷомеъ аз огоҳиҳои мавҷуд дар бораи ҳар унвонро фаро гирад. Бинобар ин дар донишномаҳо аз бисёр воситаҳои кумакрасон, монанди тасвиру нақшаҳову харитаҳову диаграммаҳо ва ҷадвалҳои оморӣ истифода бурда мешавад. Донишнома маҳз бо чунин вижагӣ аз дигар маълумотномаҳо тафовут дорад. Масалан, дар луғатҳо танҳо маънои вожаҳо, ваҷҳи тасмияи онҳо оварда мешавад, аммо дар донишнома шарҳу баррасии зиндагию аъмолу осори дастандаркорони ягон соҳа, ба монанди шоирон, нависандагон, хушнависон, донишмандон, сиёсатмадорон, шахсони таърихӣ, умуман зиндагиномаи афроди машҳурро меоваранд. Дар матнҳои омӯзишӣ мавзуъҳо ба таври соҳавӣ баён мегарданд, аммо донишнома мавзуъҳои гуногунро муҷазу кӯтоҳ бо сабки осону сода шарҳ медиҳад. Барои он ки як донишнома аз дониш ва арзишҳои зарури илмӣ бархурдор бошад, он аз маҷмуаи мақолаҳои ҷудогона, ки муассисаву пажӯҳандагони соҳаҳои гуногуни илм менависанд, таҳия мегардад. Ин мақолаҳо фарогири огоҳиҳои таърихии мувофиқ ба тақозои рӯз ҳастанд. Шеваи танзими мақолоти як донишнома бояд тавре бошад, ки хонанда иттилоотро дар бораи мавзуъи зарурӣ ба осонӣ пайдо намояд. Танҳо дар ду-се асри охир донишномаҳо ба тартиби алифбоӣ тадвин мешаванд. Дар давраи қадим бисёре аз муаллифони донишномаҳо мавзуъҳои муҳимтарро дар оғози китоб ҷо медоданд. Масалан, «Ъуюну-л-ахбор»-и Ибни Қутайба, ки аз куҳантарин доирату-л-маорифҳои арабӣ ба шумор меравад, бо «Китобу-с-салотин» ва «Китобу-л-ҳарб» оғоз гардида, бо «Китобу-т-таъом» ва «Китобу-н-нисо» анҷом меёбад. Дар донишномаҳои мавзуъӣ низ, ки дар гузашта ривоҷ доштаанд, матлабҳо аз рӯи соҳа ё мавзуъҳои бузургтар дар саҳифаҳои аввал гунҷонида мешуданд ва мавзуъҳои кӯчактар дар саҳифаҳои охири китоб сабт мегардиданд.

ҲАҶМУ НАВЪИ ДОНИШНОМА

Донишномаҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва мундариҷа низ аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекунанд. Бархе аз донишномаҳо кӯчак ва якҷилдиянд («Доирату-л-маорифи Колумбия», «Донишномаи Ларусс» (Le Petit Larousse Illustré); аммо боз донишномаҳое будаанд, ки беш аз 100 ҷилд доштаанд, монанди доирату-л-маорифи чинии «Йу-ҳи», ки соли 1738 дар 240 ҷилд ба чоп расидааст. Донишномаҳои умда, маъмулан, дониши башариро дар бар мегиранд, вале боз донишномаҳое навишта шудаанд, ки ба мавзуъҳо ё соҳаҳои хос ихтисос дода шудаанд, ба монанди «Доирату-л-маорифи ислом» («Encyclopedia of Islam», 1913–38 чопи Лейден, ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ ва баъдан ба арабию туркию форсӣ тарҷума шуд), «Доирату-л-маорифи яҳуд» («Jewish Encyclopedia», 1901–06), «Доирату-л-маорифи католикӣ» («Catholic Encyclopedia», 1907–22), «Доирату-л-маорифи дониши фалсафӣ» (1818) ва «Доирату-л-маорифи «Ироника». Аксарияти донишномаҳо барои бузургсолон омода мешаванд, аммо донишномаҳои хосси кӯдакон ва наврасон низ мавҷуданд. КӢ

НАХУСТИН ДОНИШНОМА НАВИШТ?

Донишнома дар ҷаҳон таърихи тулонӣ дорад. Бархе бар ин ақидаанд, ки собиқаи донишноманигорӣ дар Шарқ нисбат ба Ғарб тӯлонитар аст. Чиниҳо нахустин донишноманависон будаанд, ки аввалин донишномаи онҳо дар асри 15 пеш аз милод навишта шудаанд. Бузургтарин донишномаи катбӣ «Юн-ле» мебошад, ки таҳияи онро соли 403 м. императори Чин Юн-ле фармон дода буд. Ин Донишнома аз 11 ҳазору 95 ҷилд иборат буд ва 510 ҳазор ё худ 300 млн иероглифро дар бар мегирифт. То имрӯз 40 дарсади матни он маҳфуз мондааст. Дар Ғарб, дар аҳди бостон касеро файласуф мегуфтанд, ки фарогирандаи ҳамаи донишҳову илмҳо бошад. Аз ин рӯ осори онҳоро чун ҷузъи аввалин донишномагунаҳо овардаанд ва ба ҳамин далел таълифоти Арастуву Афлотунро аз аввалин донишномаҳо шумураанд. Донишноманигориро дар Аврупо ба се давра тақсим кардаанд: аз Юнони Бостон то асри 17, аз аввали асри 18 то аввали асри 20 ва давраи муосир. Давраи нахустин давраи донишномагунаҳо ном гирифтааст. Дар давраи бостон таснифи пешинаи донишнома ба кишварҳои Юнону Рум бозмегардад. Мақсади юнониён ин буд, ки фарҳанги шифоҳии худро ба фарҳанги навишторӣ табдил диҳанд. Румиҳо низ мекӯшиданд, ки хулосае аз дониши замони худро ба китоб ворид намоянд. Муҳимтарин осори ин давра «Таърихи табиӣ» («Naturalis Historia»-и Гай Плиний Секунд (77 м.) буд, ки баъзе онро мувофиқи шеваи гирдоварии иттилоот аввалин донишнома дар ҷаҳон донистаанд. Асари донишманди фаронсавӣ Винстони Боваӣ (1190–1264), «Оинаи бузург» («Speculum majus», асри 13), бузургтарин дастоварди асри миёна ва бузургтарин донишномаи қабл аз асри 18буд. Бо «Эҳёи улуми кабир» («Great restoration of Sciences»)-и Ф.Бекон таҳаввули донишноманависӣ дар Аврупо оғоз гашта, дар асри 17 ва ибтидои асри 18 равиши танзими матолиби доирату-л-маориф аз мавзуъӣ ва соҳавӣ ба алифбоӣ табдил дода шуд. «Фарҳанги бузурги таърихӣ» («Grand dictionnaire historique» – 1643–80)-и донишманди фаронсавӣ Луи Морери яке аз нахустин донишномаҳои алифбоӣ дар Аврупо буд,ки аз ҷиҳати матолиби зандагиномаӣ ва ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ ғанӣ мебошад.Он соли 1674 дар ш. Леон интишор ёфта, ба забонҳои олмонӣ, итолиёӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуд. Давраи дуввум давраи таҳаввули донишноманигорӣ дар Ғарб аст. Дар ин давра гароиш ба истифода аз шеваи муназзам дар тақсими улум дар миёни аҳли илм бартарӣ ёфт. Муҳимтарин донишномаҳои давра: «Доирату-л-маорифи фаннӣ»-и донишманд ва руҳонии инглис Ҷ. Ҳаррис (1666–1719), «Сиклипедия ё Фарҳанги ҷаҳонии улум» -и Е. Чамберс (1680–1740) дар соли 1727; «Донишномаи ҷомеъ»-и донишманди олмонӣ И. Ҳ. Зедлер («Great Universal Lexicon»(1732–50, дар 64 ҷилд), «Энсиклопедия ё Доирату-л-маорифи Ҷомеъ» («Encyclopédie») таҳти сарпарастии адиб ва файласуфи фаронсавӣ Д. Дидро, ки дар ҳамкорӣ бочанде аз мутафаккирони замонаш таълиф ва дар 27 ҷилд солҳои 1750–65 чоп шуд); Донишномаи маъруф ба «Брокҳаузи Бузург» (Brockhaus encyclopedia), тадвини Фридрих Арнолд Брокҳауз, ки дар солҳои 1796–1811 (чопи баъдӣ дар солҳои 1927–35,дар 20 ҷилд) интишор ёфт; «Донишномаи бузурги Британика» («Encyclopædia Britannica»), ки нахустин бор соли 1768 (Эдинбург, 3 ҷилд) оғоз шуда, соли 1771 ба поин расид ва батадриҷ соли 1929 чопи 14-уми он дар 24 ҷилд мунташир шуд; «Қомуси бузурги ҷомеи қарни 19» («Grand dictionnaire universel du XIXe siècle»)-изабоншиноси маъруфи фаронсавӣ Ларусс Пйер дар 17 ҷилд, солҳои 1866–76 ба нашр расид. Дар давраи севум донишноманигорӣ ба тарзи нав, бо роҳу равиши тоза шуруъ шуд. Дар нигориши донишномаҳои муосир на як муаллиф, балки ҳайати бузурги кормандон иштирок намуда, донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро ба навиштани мақолаҳо ҷалб мекарданд. Яке аз донишномаҳои маъруфи давраи муосир «Донишномаи Бузурги Шӯравӣ» («Большая Советская Энциклопедия») мебошад, ки аз соли 1926 то 1978 се бор интишор ёфт; нашри охири он аз 30 ҷилд иборат аст. Барои он 8 ҳазор донишманд мақола навишта буданд, ки беш аз сад ҳазор мадхалро дар бар гирифтааст. Дар кишварҳои Аврупову Амрико донишноманависии муосир аз охири асри 19 ва ибтидои асри 20 оғоз шуд. Донишномаҳои маъруфи ин кишварҳо «Американа» («Encyclopedia Americana»), солҳои 1903–20 ду маротиба нашр шуд, нашри дувум – 30 ҷилд), «Британика» (Англия), «Донишномаи Брокҳаус» («Brockhaus», аз соли 1805 то кунун мунташир мешавад); «Донишномаи Колумбия» (1935); «Ларусси ҷадиди мусаввар» (Фаронса, 1897–1904, 7 ҷилд) мебошанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё, ки узви СММ мебошанд, донишномаҳои худро доранд.

ДОНИШНОМАНИГОРӢ ДАР ШАРҚ

Дар асрҳои нахустини зуҳури ислом, бахусус пас аз тарҷумаи нахустин матнҳои хориҷӣ ба забони арабӣ, зарурати табақабандии танзими маорифи ҷадид эҳсос гардида, дониши қавмҳои мағлуб низ, ки аз оғози ислом шакл гирифта буданд, бояд бо улуми исломӣ ҳамоҳанг мешуд. Ин зарурат сабаби падид омадани навъҳои мухталифи таълифоти донишномагунаи фарогирандаи мавзуъҳо ва масъалаҳои донишу фаннҳои гуногун гардид. Қисме аз онҳо то асрҳои 10–11 ва баъд аз он ба забони илмии онвақта – забони арабӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои дигар аз тарафи тоҷикону донишмандони эронитабор, ки дини исломро пазируфта буданд ва забони арабиро медонистанд, навишта шуданд. Муҳимтарин донишномаҳо дар ҷаҳони ислом «Ъуюну-л-ахбор»-и Ибни Қутайба (828–854), «Ниҳояту-л-араб фӣ фунуни-л-адаб»-и Аҳмад ибни Абдулваҳҳоби Нувайрии Киндӣ (1279–1331, 30 ҷилд), «Субҳу-л-аъшо фӣ синоъати-л-иншо» (14 ҷилд, ки ба форсӣ бо номи «Бомдоди шаби кӯр дар оини нигориш» аз ҷониби Аҳмади Қалақашандӣ (асри 15) баргардон шудааст) ва «Муҳозарату-л-аброр ва мусофирату-л-ахбор»-и Ибни Арабӣ ва ғ. ба шумор мераванд. Аз байни доирату-л-маорифҳои муосири арабӣ низ метавон «Доирату-л-маориф»-и Б. Бустонӣ ва писаронаш (1876–83, 6 ҷилд), ки баъдан таҷдид чоп шудааст ва ҳамчунин «Мавсуъоту-л-улуму-л-арабийя»-и А. Закипошшо (1934)-ро ном бурд. Вожаи «доирату-л-маориф»-ро бори нахуст Б. Бустонӣ (1876) ба забони арабию фарҳанги мардуми арабиалифбо ворид намуд. Алҳол барои ифодаи номи асарҳои донишномавӣ истилоҳи «ал-мавсуъа» корбурд мешавад. Чунончи Донишномаи фиқҳ дар 45 ҷилд бо номи «Ал-Мавсуъоту-л фиқҳия» дар Кувайт ба табъ расид.

ГУСТАРИШИ ДОНИШНОМАНИГОРӢ ДАР ЭРОНЗАМИН

Тоҷикон ва эронитаборон дар ҷаҳон аз нахустин мардуми дорандаи донишнома−Авесто мебошанд, ки дар асрҳои 8−7 то м. тадвин шудааст. Дар замони давлатдории Сосониён (асрҳои 3−7) ва як-ду аср баъд аз он асарҳое, аз қабили «Динкард», «Бундаҳиш», «Додистони динӣ» ва амсоли инҳо тадвин шуданд, ки хусусияти донишномавӣ доранд. Эрониён пас аз пирӯзӣ бар румиёну баҳрагирӣ аз асирони донишманди онҳо, дар чандин шаҳрҳо дору-л-илмҳо таъсис дода, дар натиҷаи тарҷумаи осори файласуфони бузург бо фарҳангу адабиёти олами Ғарб ошно шуданд ва дар заминаҳои мухталифи илмӣ рушду пешрафт карданд. Ҳамчунин дар оғози густариши ислом забони арабиро азбар намуда, дар ҳамаи соҳаҳо ба таълиф пардохтанд. Аз ҷумла таълифи китобҳои чанддонишӣ ё донишномагуна дар ин замина ривоҷ ёфт, ки намунаҳои нахустини онҳо бо забони арабӣ буд. Ба ин хотир бисёре аз донишмандони тоҷикро, ки осори арабӣ доранд, араб хонданд. Дар он давра дастовардҳои андешаи форсию исломӣ дар заминаҳои донишу фарҳанг бо забони арабӣ баён мешуданд, аммо аз охирҳои асри 9, ки забони форсӣ забони фарҳангӣ эълон шуд, донишмандони тоҷик (эрониён) тавонистанд бо баргардондани китобҳои арабӣ ба форсӣ, илмҳои арабиро, ки худ дар падид овардани он саҳми босазо гузашта буданд, ба қаламрави фарҳанги форсӣ бозгардонанд. Баъзе аз ин донишномаҳо ҳамаи илмҳоро дар бар гирифта, баъзе фақат ба як соҳаи хос бахшида шудаанд. Осоре, ки то асри 11 навишта шудааст, вижагиҳои яксоне дорад, ва ба қалами як донишманд ё як файласуф, ки аз ҳамаи илмҳои замони худ хабардор будааст, таълиф шудаанд. Бештари осор ба супориш ё ҳимояти шоҳ ё вазири донишманду донишпажӯҳон, барои таълими ашхоси босавод ва ё гурӯҳи махсусбо сабки содатаре навишта мешуд. Ба ҳамин далел ҷанбаи умумии онҳо бештар буд; муаллифон бештар ба инъикоси ҳамон илмҳое мепардохтанд, ки мардум бо онҳо сари кор доштанд. Шеваи танзими ин осор бештар мавзуъӣ буд ва тақсими илмҳо дар онҳо тибқи тақсими чаҳоргонаи арастуӣ (мантиқ, табииёт, риёзиёт, илоҳиёт) сурат мегирифт; матолиби китоб бар пояи таҷрибаҳои шахсию завқи муаллиф ё таҷрибаҳои гузаштагон тарҳрезӣ мешуд. Номи онҳо тавре гузошта мешуд, ки хонанда бо дидани он чанддонишӣ будани онро пай мебурд. Дар бисёре аз ин осор матлабҳои гуногуну ақидаҳои аҷоибу ғароиби хурофотнамо ба таври фаровон дида мешуданд, ки ба воситаи он метавон то ҳадде бо андешаву тафаккури илмӣ ва рушди маънавии гузаштагонамон ошно шуд. Аммо дар шароите, ки забони арабӣ дар ин давра ривоҷ ёфта, забони расмии дастгоҳи идорӣ гардид, осори фаровоне ба ин забон навишта мешуд, зеро барои мардуми зиёд ҳатто мансабдорони ин забон бегона буд. Тадриҷан гаравидан ба забони модарӣ дар мардум ва сипас дар ҳокимон зиёд шуда, пас аз давраи Сомониён забони форсии дарӣ ривоҷ ёфт. Дар давраи Ғазнавиён ва Салҷуқиён истифода аз забони арабӣ камтар шуда, баръакс, забони форсӣ дар коргузорӣ ва мукотиботи идорӣ, осори адабию илмӣ равнақ гирифт. Дар давраи муғул, пас аз тасарруфи пойтахти хилофат– Бағдод (1258), заминаи дигаре барои истифода аз забони арабӣ дар дастгоҳҳои сиёсӣ вуҷуд надошт ва муаллифон аксарияти осори худро ба забони форсӣ таълиф мекарданд. Муҳимтарин донишномаҳое, ки ба забони арабӣ таълиф шудаанд инҳостанд: «Эҳсоу-л-улум»-и Абунасри Форобӣ, «Мафотиҳу-л-улум»-и Муҳаммади Хоразмӣ, «Расоили Ихвону-с-сафо», «Эҳёу улуми-д-дин»-и Муҳаммади Ғазолӣ ва ғ. «Эҳсоу-л-улум»-ро аввалин донишнома дар Эрони пас аз ислом донистаанд. Ба гуфтаи Форобӣ, ҳадаф аз таълифи он арзи иттилооти мухтасар ба донишпажӯҳон будааст. Форобӣ дар ин китоб дар панҷ фасл ба чаҳор риштаи фалсафаи назарӣ, яъне мантиқу риёзиёту табииёту илоҳиёт ва ду риштаи фалсафаи амалӣ, яъне ахлоқу сиёсат пардохтааст. Ин китоб аз ҷиҳати сари кор доштанба забону адабиётаҳаммийяти бузургдорад. Дар фасли аввали он муаллиф пас аз тақсими илми забон ба ду қисми ёдгирии алфозӣ ва шинохти қонунҳои ин алфоз, онҳоро ба муфраду мураккаб ва илми забонро ба ҳафт бахш тақсим карда, шоҳидҳои арабӣ меоварад. Вале қонунҳоеро зикр мекунад, ки умумиянд ва бар ҳар забоне мувофиқ меоянд. Дар фасли дуввум ба илми мантиқ ва бахшҳои он, фасли севум ба илмҳои таълимӣ, фасли чаҳорум ба илмҳои табиӣ ва бахшҳои он, фасли панҷум ба илми маданӣ ва бахшҳои он пардохтааст. «Мафотиҳу-л-улум» дар 2 мақолату 15 боб ва 93 фасл навишта шудааст. Мақолоти аввал шомили илмҳои шариат ва бахше аз илмҳои мардуми ғайриараб (Аҷам) дар 9 бобу 41 фасл гирд оварда шудаанд. Се боби ин китоб ба адабиёт бахшида шуда, дар боби севуми он (дар 12 фасл) ба мабдаҳои илми наҳв, шева ва шаклҳои иъроб дар равиши кори тамоми наҳвиён ва амсоли ин пардохтааст. Боби панҷум дар бораи куллиёти илми аруз ва номи баҳрҳо, номи зиҳофҳо, қофияҳо решаи номҳову истилоҳот ва нақди шеъру истилоҳоти аҳли нақд аст. Агарчи «Мафотиҳу-л-улум» чун доирату-л-маориф тарроҳӣ шудааст, аммо муҳтавои он монанди қомусҳои арабист. Ба гуфтаи муаллиф, ҳадафи он омӯзишу таҳқиқи решаи калимаҳое будааст, ки ниёз ба шиносоӣ доранд. «Расоили Ихвону-с-сафо», ки ҳамчун донишнома аз аҳаммийят холӣ нест, дар нимаи асри 11 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Онро метавон дар ҷаҳони араб нахустин асаре донист, ки дар натиҷаи кори гурӯҳӣ тартиб дода шудааст. Баъзе нависандагони онфорсизабон будаанд, гарчанде ки номи худро зикр накардаанд. Вижагии ин асар дар якмаром будани қолиби таълифоти он аст, агарчи нависандагони сершуморе доштааст. Ин далел бар ҳамфикрии нависандагони онҳо ва назорати куллии олими бузурге чун Мақдисӣ дар таҳияи он аст.

ДОНИШНОМАҲО БА ЗАБОНИ ПОРСИИ ДАРӢ

Муҳимтарин донишномаҳое, ки ба забони форсӣ навишта шудаанд: «Нузҳатномаи Алоӣ»-и Шаҳмардон ибни Абулхайри Розӣ, «Баҳру-л-фавоид» (муаллифи ношинос), «Фаррухномаи Ҷамолӣ»-и Абубакр Мутаҳҳари Ҷамолии Яздӣ, «Явоқиту-л-улум ва дарори-н-нуҷум» (нависандаи ношинос), «Ҷомеъу-л-улум»-и Фахруддини Розӣ, «Наводиру-т-табодур»-и Шамсуддини Дунайсирӣ (адиби порсигӯи Ҳинд, асри 12), «Нафоису-л-фунун ва ароису-л-ъуюн»-и Шамсуддин Муҳаммади Омулӣ ва «Кашшофу истилоҳоти-л-фунун»-и Муҳаммадалии ибни Алӣ ва ғ. Донишманди эронӣ Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ дар муқаддимаи «Явоқиту-л-улум» беш аз 40 китобро чундонишномаи умумӣ ба забони модарии мо ёд кардааст. «Баҳру-л-фавоид» аз куҳантарин донишномагунаҳои форсист, ки дар Шом дар ҳудуди солҳои 1158–63 таълиф шуда, аз 36 китобу 300 боб иборат аст. Бахши аввали мавзуъоти он марбут бо дини ислом ва бахши дуввуми он шомили усули ахлоқист. Арзишаш, аз он ки дар кишвари арабӣ ба форсӣ таълиф шудаааст, хеле болост. Навиштаҳои он намунаҳои беҳтарин барои фарҳангу дастури забони форсӣ ҳастанд. Ин асарро аз сабаби аҳаммийяти вижа додан ба масоили динӣ метавон донишномаи мазҳабӣ донист. «Фаррухномаи Ҷамолӣ» китобест дар боби манфаатҳо ва шинохти ҷонварон, гиёҳон сангҳои гаронбаҳо ва ситорагон, ки соли 1175 дар пайравӣ ва такмили «Нузҳатнома» таълиф шудааст. Аз ин китоб ду таҳрир мавҷуд аст; таҳрири аввал (ба 16 фасл тақсим шудааст) соли 1185 ва таҳрири дуввум (танҳо аз 8 фасл иборат аст), ки ба ақидаи муҳаққиқон хулосаи матолиби таҳрири нахустин аст, ки худи нависанда сохтааст. Гарчи Ҷамолӣ дар ин китоб ба адабиёт ба таври хос напардохтааст, вале ин китоб аз лиҳози зикри вожаҳои куҳан муҳим аст ва донишмандон онро ба хотири қадимӣ ва дорои беш аз 350 калимаи форсии қадим будан, баъд аз «Луғати Фурс», яке аз манбаъҳои муҳимми форсӣ медонанд. «Явоқиту-л-улум ва дарори-н-нуҷум», ки қабл аз соли 1178 барои истифодаи навомӯзон навишта шудааст, аз30 фан иборат аст, ки ҳар фан шомили як фотиҳа, 12 масъала ва посухи он ва дар маҷмуъ шомили 360 пурсишу посух аст. Дар он бештар масъалаҳое омадааст, ки донишмандон дар маҳфилҳои халифагон ва маҷлисҳои бузургон матраҳ кардаанд. Тибқи пажӯҳишҳо, ин китоб шомили ду бахши ҷудогона аст. Бахши нахуст (бахши асосии он) вижаи илмҳои исломист ва бахши дуввум ба фалсафаи назарӣ робита дорад. Муаллиф дар ин бахш ба далели надоштани иттилооти кофӣ ба ҳамаи баҳсҳои фалсафӣ напардохта, танҳо илмҳоеро, ки мешинохту онҳоро муносиби як донишнома мешумурд, гирд овардааст. Мавзуъҳои дигари он илмҳои луғат, наҳву иъроб, тасриф, аруз ва наводири шеъру хат мебошанд. «Ҷомеъу-л-улум» ё «Ҳадоиқу-л-анвор фӣ ҳақоиқи-л-асрор» муҳимтарин ва машҳуртарин асари форсии Фахруддини Розӣ ва нахустин донишномаи муназзаму тадвиншуда ба забони форсист. «Наводиру-т-табодир ли туҳфати-л-Баҳодур»-и Шамсуддини Дунайсирӣ (1271) баъд аз «Фаррухнома» ва «Нузҳатнома» севумин донишномаи илмҳои табиист,ки ба «Нузҳатнома» монанд аст. Дунайсирӣ дар поёни китоб аз «Нузҳатнома» ба унвони яке аз манбаъҳо ёд мекунад. Ин китоб дар 12 фан буда, ҳар фан дар 6 мақола танзим шудааст.Китоб ба забони форсӣ таълиф шуда, иттилоотеро дар бораи илмҳо дар бар гирифтааст, вале аҳаммийяти он дар истифодаи «истилоҳоти илмиву калимоти куҳану асил» аст. Асари мазкур аз лиҳози вижагиҳои сабкшиносӣ низ аз аҳаммийят холӣнест. «Нафоису-л-фунун ва ароису-л-ъуюн»-и Шамсуддин Муҳаммади Омулӣ байни солҳои 1335–42 дар як муқаддимаву ду қисм илм (улуми авоил ва улуми авохир) таълиф шуда,шомили 9 мақола аст. Ин китоб донишномаи ҷомеъ ва муфассал дар илмҳои қадим аст. Улуми авоил шомили 75 илм дар 23 фан аст, ки дар 5 мақолаи ҳикмати илмӣ, ҳикмати назарӣ, усули риёзӣ, фурӯи табиӣ ва фурӯи риёзӣ танзим шудааст. Улуми авохир шомили 85 илм дар 36 фан аст, ки дар 4 мақолаи адабиёт, шаръиёт, тасаввуф ва улуми муҳовара омадааст. Китоб ба сабки умумии навиштаҳои донишмандони асрҳои 14–15 таълиф шудааст. Фахруддини Розӣ муаллифи «Ҷомеъу-л-улум» ва Омулиро донишноманигорони воқеӣ шумурдааст. «Кашшофи истилоҳоту-л-фунун» (1748,ба забони арабӣ-форсӣ)-и Муҳаммадалӣ ибни Алии Наҳовандӣ фарҳангидонишномагуна ва манбаи муътабар барои аҳли таҳқиқ аст.Дар он истилоҳоти илмҳои гуногун: сарфу наҳв, маъонию баён, бадеъ, усул, калом, мантиқу ҳикмат, илми адад, ҳандаса, тиббу нуҷум оварда шудаанд. Дар таълифи ин асар муаллиф аз маъхазҳои бисёр истифода бурда, ибороти муаллифонро бо зикри манбаъ ба форсӣ ё арабӣ нақл кардааст.

ДОНИШНОМАҲОИ ТАХАССУСӢ

Аз давраи нахустини нигориши донишнома баъзе аз нависандагон дар як заминаи хос ба таълифи китобҳои маърифатӣ пардохтанд ва бад-ин тартиб дар баробари донишномаҳои умумӣ донишномаҳои ихтисосӣ таълиф шуданд. Иншои ин осор ҳосили мутолаот ва дидаҳову шунидаҳои донишмандони ҳавзаи тахассусист. Дар дастабандии мавзуъии донишномаҳои ихтисосии форсӣ (қабл аз асри 19) метавон аз донишномаҳои фалсафӣ, назири «Шифо», «Донишнома» (ҳар ду аз Абуалӣ ибни Сино), «Дуррату-т-тоҷ»-и Қутбуддини Шерозӣ (ба форсӣ),донишномаҳои пизишкӣ, ба монанди «ал-Қонун»-и Абуалӣ ибни Сино (ба арабӣ), «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ (ба форсӣ), донишномаҳои ҷуғрофиёии «Нуҳзату-л-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (ба форсӣ) ном бурд. Аз донишномаҳое, ки махсус барои адабиёт таълиф шудаанд, метавон ба «ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ (ба форсӣ) ва «ат-Таърифот»-и Мирсаййид Шарифи Ҷурҷонӣ (ба арабӣ) ишора кард. «Мифтоҳу-л-улум»-и Абуяъқуби Саккокӣ (фавт 1229) китобест, ки муаллиф дар он ба навъҳои адаб (ба ҷуз луғат) пардохтааст.Он дар се қисм танзим шудааст: сарф, наҳв ва маъонию баён. Дар қисми севум, ки бисёр муфассал ва аз назари адабӣ аҳаммийяти бештаре дорад, шарҳҳои бисёре навишта шудаанд (шарҳи Қутбуддини Шерозӣ, Муллосаъди Тафтазонӣ, Шарифи Ҷурҷонӣ ва дигарон).«ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ (асри 13), муштамил бар се фан аз фанҳои адаб: илми аруз, илми қофия, илми нақду-ш-шеър аст. «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот яке аз манбаъҳои аслии Шамси Қайс дар таълифи ин китоб будааст. «ат-Таърифот»-иҶурҷонӣ (1340–1414) фарҳангест алифбоиву доирату-л-маорифгуна. Ин китоб ба арабист ва наздик бар 1700 истилоҳро дар заминаҳои фиқҳ, ҳадис, тафсир, нуҷум, риёзиёт, калом, мантиқ ва фалсафа дар бар гирифтааст. Нависанда ҳар истилоҳро нахуст аз ҷанбаи луғавӣ муаррифӣ карда, сипас ба шарҳи маънои он мепардозад.

ДОНИШНОМАНҲОИ ПОРСИИ ШИБҲИҚОРРА

Аҳли донишу адаби ҳавзаи Ҳинд ҳарчанд дар фарҳангнависии форсӣ ва шукуфоии он нақше босазо доштанд, аммо рушди донишноманависии форсӣ дар ин ҷо бисёр кунд будааст. «Донишномаи Алоӣ», нахустиндоирату-л-маорифи арзишманде ба форсӣ дар Ҳинд аст. Аз сабаби кунд будани оҳанги донишноманависии форсӣ дар ин сарзамин, он ниёзманди як пажӯҳиши дақиқ дар таърихи донишноманигории форсӣ буд. Муҳимтарин китобҳои чанддонишию доирату-л-маорифгунаи форсӣ, ки дар Ҳинд навишта шудаанд, инҳоанд:

  1. «Ҷавоҳиру-л-улуми Ҳумоюнӣ»-и Муҳаммадфозил ибни Алӣ ибни Муҳаммади Мискинии Қозии Самарқандӣ. Ин китоб соли 1528 ба номи Насируддин Ҳумоюни Курагонӣ (1508–1556) дар саду бист илми рӯзгор навишта шуд, ки аз як муқаддима, ду қисм, се мақола (ҳар як дар ду қисму чанд боб) ва як хотима сохта шудааст. Муҳамадфозил дар китоби худ, ки онро бар асоси «Нафоису-л-фунун»-и Шамсуддини Омулӣ ва «Ҷомеу-л-улум»-и Фахруддини Розӣ навиштааст, ба таҳқиқи улуми гуногун, монанди пизишкӣ, ҳандаса, мусиқӣ, таърих, адабиёт, ахлоқ ва ғ. пардохтааст.
  2. «Шаҷараи дониш»-и Низомуддин Аҳмади Гелонӣ оид ба рӯзгори Абдуллоҳи Қутбшоҳ (ҳукмронӣ 1636–73), ки дар дарбори Қутбшоҳиён дар Ҳайдарободи Дакан зиндагӣ мекард. Ин китоб 102 рисоларо дар бар гирифтааст, ки беш аз 80 рисолаи он маҳсули нигориши худи Гелонӣ ва баъзе рисолаҳо баргузида аз китобҳои дигарон аст. Гелонӣ дар ин асар ба мавзуъҳои гуногун, монанди шарҳи аҳволи Форобӣ ва ҳакимони дигар, шарҳи зиндагонии мулуки Аҷам, шаъбадабозӣ, истилоҳоти пизишкӣ, мусиқӣ, усули илми мантиқ ва ғ. пардохтааст.
  3. «Шоҳиди Содиқ»-и Мирзо Содиқи Исфаҳонӣ, мулаққаб ба Мино, мутахаллис ба Содиқӣ (1610–51), ки дар солҳои 1645–50навишта шудааст. Ин китоб аз 5 боб ва хотима иборат аст: боби якум – Худовандӣ, паёмбарӣ, вилоят, имон ва ислом дар 107 фасл; боби дуввум – раёсат, салтанат, ҳукумат ва одоби он дар 77 фасл; боби севум– ақлу илм дар 80 фасл; боби чаҳорум – ишқу маҳаббат дар 75 фасл, боби панҷум – оламу замону аносир, таъриху ҷуғрофиё дар 96 фасл; хотима дар забти асмо (номҳо) дар 107 фасл.
  4. «Туҳфату-л-Ҳинд»-и Мирзохон ибни Фахруддини Муҳаммад, ки дар даврони Аврангзеб (1618–1707) барои шоҳзода Муҳаммади Аъзам, писари севуми Аврангзеб дар як муқаддимаву ҳафт боб навишта шудааст. Муаллиф дар муқаддима алифбои ҳиндиву шеваи нигориши он ва дастури забони ҳиндиро шарҳ додааст. Ҳамчунин дар поёни китоб вожаномае аз калимоти санскриту ҳиндӣ овардааст, ки дарбаргирандаи ҳудуди се ҳазор вожа аст. Бобҳои ин асар: боби якум – илми арузи аҳли Ҳинд; боби дуввум – илми қофияи аҳли Ҳинд; боби севум – илми бадеъи аҳли Ҳинд; боби чаҳорум – илми ошиқию маъшуқӣ; боби панҷум –илми мусиқии аҳли Ҳинд; боби шашум –илми кук, яъне илми маърифати ақсоми зану мард ва суҳбат доштану муошарату мубошарат бо занон; боби ҳафтум – дар илми қиёфашиносӣ ва хотима дар луғоту истилоҳоти аҳли Ҳинд. «Туҳфату-л-Ҳинд» аз он кибори нахуст шеъри ҳиндиробаррасӣ кардаааст, аз арзише шоён бархурдор аст.
  5. «Ҳақоиқи Нурия»-и Ҳофиз Саййиднуруллоҳи Навшоҳӣ (1735–1814), аз 4 боб иборат буда, дар бораи илми қуръонӣ, ҳадис, фиқҳ, тасаввуф, аврод, таърих, пизишкӣ, луғат ва амсоли ин навишта шудааст.
  6. «Ташреҳу-л-ҳуруф», (ё «Ташреҳи нодир»)-и Мирҳусайн Дӯсти Сунбҳалӣ, ки соли 1760 таълиф шуда, дар боби сарфи забони форсӣ, саноеъ, бадоеъ, арузу қофия ва меъморӣ баҳс мекунад.
  7. «Тарвиҷу-л-қулуб»-и Саййидҳофиз Муҳаммад Ҳаёти Навшоҳӣ (фавт 1760), ки дар 15 боб тадвин гардидааст (оид ба таҳмид, муноҷот, таърихи силсилаи Навшоҳиён, илми Қуръон, фиқҳ, тасаввуф, хобгузорӣ, таърих, фолгирӣ, илми луғат, пизишкӣ ва ғ.).
  8. «Равзату-з-закийя фӣ-л-ҳақоиқи-л-илмия»-и Саййид Илоҳибахши Навшоҳӣ (1769–1838) дар 20 боб, ки бо чунин шарҳ навишта шудааст: дар маноқиб, фиқҳ, тасаввуф, урду ва шаҷараи ансоб, зиндагиномаи мардони бузург, ҳисоб, мусиқӣ, саноеи бадеӣ, чистону муаммо, ғазалу манзумаҳо, рисолаву номаҳо ва ғ.
  9. «Туҳфату-л-фасоҳа» (1800)-и Мирзомуҳаммад Ҳасан Қатили Лоҳурӣ (фавт 1819); муаллиф ба масоиле чун сарфи забони форсӣ, номанигорӣ, аруз ва санъатҳои бадеии лафзӣ, тасҳеҳи вожаҳову истилоҳҳои форсӣ, ки ба иштибоҳ дар забони форсии қаламрави Ҳинд ба кор рафтааст, пардохтааст.
  10. «Матолеъу-л-Ҳинд» ё «Матлаъу-л-Ҳинд» (1809)-и Саломаталии Табиб ибни Шайхмуҳаммади Аҷиб, ки дарбаргирандаи панҷ матлабу такаммула дар фалсафа, ҳандаса, ҳисоб, ҳайат, мусиқӣ, русуму одоби аҳли Ҳинд мебошад.
  11. «Махзану-л-фавоид»-и Муҳаммадфойиқ ибни Ғуломҳусайн ибни Муҳаммадазими Лакҳнавии мутахаллис ба Фойиқ, ки соли 1811 бо як муқаддима ва 12 боб гирдоварӣ шудааст. Дар муқаддимаи асар баъзе усулу қонунҳои забонҳо омада, дар бобҳои он мавзуъоте ҳамчун қавонини сарфу наҳви забони форсӣ, алфози аввалу охири калима (пешванд, пасванд), ташбеҳот, истиорот ва муболағот, санъатҳои бадеии забони форсӣ, фазилати шеъру шоирӣ, зарбулмасалҳои форсӣ, баъзе аз қонунҳои ситорашиносӣ, истилоҳоти илми мусиқӣ, арузу қофия ва ғ. шарҳ дода шудааст.
  12. «Уқули ъашара» (1655)-и Муҳаммади Барорӣ. Ин китоб моҳияти доирату-л-маорифӣ дорад ва шомили даҳ боб, дар бораи асотиру воқеоти ақлҳои даҳгона аст. Боби чаҳоруми он – «Дар зикри замин», муфассалтарин ва ҷолибтарин бахши ин китоб буда, нависанда дар он ҳамаи шаҳрҳои бузурги дунёро ба тартиби алифбоӣ шарҳ дода, осори таърихии онҳоро баршумурдааст. Як фасл дар тилисмот ва фасле дигар дар латоиф аст. Шоирон, ҳофизон, муҳаддисон ва суфиён дар фасли ҷудогона омадаанд. Маъхазҳо ҳамчунин «Матлаъу-л-улум ва маҷмаъу-л-фунун» (Ҳаким Фоқид Алихон, ду ҷилд), «Хазойину-л-улум» (Аҳмадҳусайни Қурайшии Гуҷаротӣ), «Кашкул» (Мирзосултон Маҳмуд), «Кашкул» (гирдовардагон Муҳаммади Маъсум ва Муҳаммадзамони Кирмонӣ), «Фарҳанги Аврангшоҳӣ» (Ҳидоятуллоҳи Қурайшӣ). «Ғизолони Ҳинд» (Озоди Балгиромӣ), «Рашаҳоту-л-фунун» (Аминуддини Оламгирӣ) ва чанд асари дигарро низ чун намунаи донишномагунаҳо дар Ҳинд ном мебаранд.

ДОНИШНОМАҲО ДАР БОРАИ САРЗАМИНИ МО

Дар охирҳои асри 19 ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни Ғарб ва шинохти шеваи ҷадиди тадвини китобҳои манбаӣ дар Осиёи Марказиву Афғонистону Ҳиндустону Эрон заминаро барои таҳаввул дар нашри осори марҷаъ дар ин минтақа ба вуҷуд овард. Пеш аз ин дар Ғарб китобҳои манбаӣ дар бораи тамаддуну фарҳанги эронию Шарқ навишта шуда буд. Соли 1697 дар Порис китобе бо унвони «Китобшиносии Шарқ»-и ховаршиноси фаронсавӣ Арбели Бартелмей Ҳербелот де Молайнвил (1625–95) мунташир шуд. Ин китоб тақрибан ҳамаи мавзуъҳои марбут ба мардуми Шарқро фаро гирифта буд. Дар асри 19 ва ибтидои асри 20 чанд асари дигари ховаршиносон аз ҷумла «Фарҳанги Эрони Бостон» («Iranische Altertumskunde»)-и Фридрих фон Шпигел (1820–1905) ба забони олмонӣ дар се ҷилд, (солҳои 1871–78) дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла улуму адабиёти Эрон аз оғоз то подшоҳии Сосониён мунташир шуд. «Номномаи эронӣ» («Iranischs Namenbuch»)-и забоншиносу мусташриқи олмонӣ Фердинанд Юсти (1837–1907) шомил бар тавзеҳи исмҳои касоне, ки дар таъриху тамаддуни Эрон мақоме доштаанд; «Донишномаи филологияи Эрон»(«Grupdriss der Iranischen Philologie»), зери назари Гейгер ва Куҳн шомили таълифоти эроншиносӣ дар шинохти забонҳои Эрони Бостон, таърих, ҷуғрофиё, адабиёту мазҳаб ва гӯишҳои Эрон; донишномаи «Ираника», соли нашри он 1973, бо сарпарастии доктор Эҳсони Ёршотир дар донишгоҳи Колумбияи ИМА оғоз ёфта,16 ҷилди он то соли 2015 ба нашр расидааст ва нашри 45 ҷилдидигари он дар назар аст.

ДОНИШНОМАНИГОРӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ПОРСИГӮЁН ДАР ЭРОН-и имрӯз

«Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо фарҳанги донишномагуна буда,шомили ҳазорон луғат, таркиб, киноя, амсоли баргирифта аз матнҳои назму наср, номи шахсиятҳо, маконҳои ҷуғрофиёӣ ва бисёре аз истилоҳоти илмӣ аст, ки ҳама бо тартиби алифбоӣ ва шоҳидҳои фаровон омадааст. Дар тадвини асар аз бисёр матнҳои муътабари назму насри форсӣ, луғатномаҳои дастнавису чопӣ, китобҳои таърих, ҷуғрофиё, тибб, нуҷум, риёзӣ, улуми фиқҳ ва ғ.-ҳо истифода шудааст. Аз ин рӯ, он манбаи бисёр ғанию муфид барои хонандагон ва комилтарин луғатномаи форсӣ то замони ҳозир маҳсуб меёбад. «Доирату-л-маорифи форсӣ» дар ду ҷилд (ҷилди дуюми он иборат аз ду бахш) солҳои 1967–94 бо ибтикори Муассисаи китоби Франклин («Franklin Book Program»)-и Ню-Йоркбо сарпарастии Ғуломҳусайни Мусоҳиб ва бо ширкати гурӯҳе аз нависандагону виросторони эронӣ ба форсӣ тадвин шудаст, ки аввалин таҷрибаи донишноманигорӣ дар Эрон ба шумор меравад. Он ҳудуди 51 ҳазор мақолаву мадхал, 27 ҳазор мақолаҳои хориҷӣ ва 13 ҳазор мақолаҳои марбут ба Эрону исломро дар бар гирифта, яке аз маълумотномаҳои муҳимтарин барои муҳаққиқони адабиёт ба шумор меравад. «Донишномаи адаби форсӣ» бо сарпарастии доктор Ҳасани Анӯша, муштамил бар 6 ҷилд, дар заминаҳои гуногуни забону адаби форсӣ навишта шудааст. Ҷилди аввали он (соли 1997) марбут ба Осиёи Марказист, ҷилди дуввум – (1999) таҳти унвони «Фарҳангномаи адаби форсӣ» дарбаргирандаи истилоҳоту мавзуъҳои адаби форсист. Ҷилди севум (соли 2000) пиромуни адаби форсӣ дар Афғонистон, шомили шарҳи ҳоли адибону бузургони ин кишвар ва муаррифии осори онҳост. Ҷилди чаҳорум (соли 2002) дар бораи «Адаби форсӣ дар Шибҳиқорра» (Ҳинд, Покистон ва Бангладеш) дар се китоб аст,ҷилди панҷум (соли 2004) роҷеъ ба адаби форсӣ дар Қафқоз –кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Мухтори Доғистон аст. «Донишномаи забону адаби форсӣ» – донишномаест мухтасар, ихтисосӣ ва алифбоӣ.Аз 6 ҷилди ҳудуди 750-саҳифаӣ иборат буда, муҳимтарин маълумоти адаби форсиродар шакли мақолаҳо дар мавзуъҳои шахсиятҳову китобҳои адабӣ, дастури забон, истилоҳоти ирфонӣ ва маъонию баёну арузу қофия, қолабҳои шеърӣ, сабкҳои адабӣ, забонҳои эронӣ, навъҳои адабиёт, адабиёти пеш аз ислом, устураҳои эронӣ, номҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, осори эроншиносӣ, адабиёти муосир, номҳои қуръонӣ ва амсоли инро дар бар гирифтааст. «Доирату-л-маорифи ташайюъ»асари бисёрҷилдӣ буда, аз соли 1981 то 2011-ум 14 ҷилди он чоп шудааст. «Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ» (ба се забон – форсӣ, арабӣ ва инглисӣ мунташир мешавад) аз зумраи муфассалтарин ва муҳимтарин донишномаҳои Эрони муосир донистаанд, кито кунун (2015) 21 ҷилди он мунташир шудааст. «Донишномаи ҷаҳони ислом» дар боби дини ислом ва тамаддуну фарҳанги миллатҳои мусулмон аз оғози пайдоиши ислом то замони ҳозир аст. Аз ин асар, ки дар маҷмуъ беш аз 40 ҷилд нашр хоҳад шуд, то кунун (2015) 16 ҷилд мунташир шудааст. Ин асарро метавон аз як сӯ тахассусӣ донист, зеро ба ҷаҳони ислом ихтисос дорад,аз сӯи дигар онро метавон умумӣ донист, зеро ҳамаи мавзуъҳои марбут ба ҷаҳони исломро дар бар мегирад. Ғайр аз ин дар солҳои охир чопи як силсила донишномаҳои муҳим аз қабили «Донишномаи Донишгустар» (18 ҷилд), «Доирату-л-маорифи ҳунар», «Доирату-л-маорифи мусиқии куҳани эронӣ», «Доирату-л-маорифи созҳои ҷаҳон», «Доирату-л-маорифи эминӣ ва беҳдошти кор», «Донишномаи Эрони Бостон», «Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ», «Доирату-л-маорифи улуми иҷтимоӣ», «Донишномаи ҷурмшиносӣ», «Доиратулморифи меъмории ҷаҳон», «Донишномаи кӯдак ва навҷавонони Оксфорд» (тарҷума), «Донишномаи кӯдакону навҷавонон» ва амсоли инро дар Ҷумҳурии исломии метавон зикр кард.

ДОНИШНОМАНИГОРӢ ДАР АФҒОНИСТОН

«Доирату-л-маорифи Ориёно» асари шашҷилда буда, (ҳам ба забони форсии дарӣ ва ҳам ба забони пашту) солҳои 2007–14 таҳти сарпарастии АИ Афғонистон мунташир шудааст.

ДОНИШНОМАНИГОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон охири солҳои 1950, пас аз барҳам додани алифбои аҷдодӣ ва таҳмили алифбои лотинию кириллии анҷнабӣ ибтикори навиштани донишнома ё энсиклопедияҳо оғоз шуд (албатта баробари равнақ гирифтани таснифи донишноманигорӣ ба забонҳои миллӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои шуравӣ). Мунтаҳо султаи болшвик-рус маҷол надод, ки донишмандони мо вожаи ноби ДОНИШНОМА-ро, ки на танҳо ёдгор, балки далели мутқане аз пешинаи пурравнақи дониши мо аст, дубора унвон кунанд. Руси мутаҷовиз воқиъан тавоно будааст, ки Тоҷикистон пас аз истиқлол ёфтан ҳам ҳамоно гирифтор дар панҷараи ин ҷаҳонбинии русӣ, китоби муътабари миллиро на ба унвони ДОНИШНОМА, балки бо номи дағали ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК (??) пешкаш кард ва маълум нест, ки ин дағалунвони номуносиб кай аз рӯйи китобҳои мо бардошта мешавад. Аммо таснифоти даврони шуравиро метавон ба ду бахш ҷудо кард: умумӣ ва минтақавӣ (хосси худи ҷумҳурӣ). «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд) аввалин донишномаи умумӣ мебошад, ки солҳои 1978–88 аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷикба табъ расидааст. Дар ин асар мақолаҳо дар бораи таърихи кишвару мамолики олам, ҷуғрофиё, илму техника, иқтисодиёт, фарҳангу адабиёт санъат, зиндагиномаи шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, давлат, илму маърифат, адибон ва санъаткорони маъруф ва умдатарин донишҳои илми муосир дарҷ шудаанд. Ҳамзамон ба русӣ ҷилди махсусе бо номи «Таджикская ССР» (1974) ба муносибати 50-солагии Тоҷикистони шуравӣ ва соли 1984 ба муносибати 60-солагии Тоҷикистон чоп гардид. Асари дигар – «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик»-ро метавон донишномаи соҳавии ҷомеъ шумурд, ки солҳои 1988–2004 дар 3 ҷилд, бо беш аз 9 ҳазор мақола мунташир шудааст. «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта, нахустин донишномасоҳавӣ дар боби фарҳангу адабу ҳунар дар Тоҷикистони муосир мебошад. Ин қомус давраҳои мухталифи рушди адабиёту ҳунари моро аз даврони бостон то имрӯз, анвои жанр, сабк, истилоҳоти мухталифи ҳунарию адабӣ, чеҳраҳои барҷастаи адабиёту санъат, ҳунари тасвирию меъморӣ, бостоншиносӣ ва амсоли инро дар бар мегирад. Донишномаҳои дигари соҳавӣ:«Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (соли 1988, 625 сафҳа) ва «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (2 ҷилд, 1989). Дар даврони шуравӣ ҳамчунин осоре мунташир гашт, ки дорои унсурҳои донишномаӣ буданд. Дар ин гуна фарҳангҳо ба ғайр аз луғатҳои умумӣ вожаҳо аз илмҳои гуногун ва касбу ҳунарҳо, номҳои шахсони таърихӣ, ҷуғрофӣ ва ғ. шарҳ ёфтаанд:«Фарҳанги забони тоҷикӣ»,«Фарҳанги осори Ҷомӣ» (1983–84), «Фарҳанги осори Рӯдакӣ» (1990), нашри кириллии қомусҳои классикии «Ғиёсу-л-луғот» (1987–89), «Чароғи ҳидоят» (1992), «Туҳфту-л-аҳбоб» (1992) ва «Бурҳони қотеъ» (1993) аз ин намунаҳостанд. Пас аз расидан ба истиқлолият дар Тоҷикистон бо дидгоҳи наву тақозои меъёрҳои муосири илмӣ силсилаи донишномаҳое арзи вуҷуд карданд.Аз ҷумла ба муносибати 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999) бо ташаббуси Ҳукумати вилояти Хуҷанд бо забони русӣ қомуси «Худжанд» интишор гардид. Асари бисёрҷилдии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ки солҳои 2008–16 чаҳор ҷилди он (аз ҳарфи А то Г) мунташир шуд. «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» нахустин донишномаи миллист, ки нашри беш аз 25 ҷилди он дар назар гирифта шудааст. Дар он пиромуни таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, кишоварзӣ, фарҳангу ҳунару адабиёт, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф, ҳамчунин бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника, фарҳанги ҷаҳонӣ ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ оварда шудаанд. Асари дигар – «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» мебошад, ки соли 2013 чоп шуда, падидаи тоза дар Тоҷикистон аст. «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» – донишномаи соҳавии бисёрҷилда оид ба суннатҳои дерин, урфу одатҳо, маросиму ҷашнҳои мухталифи миллӣ, рӯзгордорӣ, ҳунарҳову машғулиятҳои вижаи тоҷикон, ки дар гузашта ривоҷ доштанду имрӯз ҳам устуворанд ё унсурҳое аз онҳо боқӣ мондааст, баҳс мекунад. «Донишномаи Рӯдакӣ» муштамил бар 4 ҷилд буда, ду ҷилди он соли 2008 ба чоп расид ва ду ҷилди дигари он акнун дар дасти чоп аст. «Энсиклопедияи мухтасари тиб» – донишномаи соҳавӣ (5 ҷилд; мураттиб А. Раҷабзод) буда, солҳои 2011–12, ба ифтихори 20-солагии Тоҷикистон аз чоп баромадааст. «Вожаномаи тиббӣ» қомуси дуҷилдӣ (соли 2014, мураттибон У. Қурбон ва А. Раҷабзод), дар соҳаи пизишкӣ таҷрибаи нахустин буда, наздики 60 ҳазор истилоҳро аз тибби қадим то имрӯз бо номҳои лотинии онҳо ва тарзи навишташон бо ҳуруфи форсӣ дар бар мегирад.Осори дигаре ба монанди: «Душанбе» (Энсиклопедия;ба забони русӣ, ), «Донишномаи Сомониён» (ду ҷилд, соли 2008), «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» (соли 2014, 16 ҷилд дар 8 китоб)-ро низ метавон аз таълифоти барҷастаи донишномаӣ дар Тоҷикистон ном бурд.

Обид ШАКУРЗОДА

муҳаррири пешбари редаксияи забон,

адабиёт ва фолклори СИ ЭМТ

ДОНИШНОМА – ДОИРАТУ-Л-МАОРИФ – ENCYCLOPEDIA, китоберо гӯянд, ки маълумоти ҷомеъу мухтасаре роҷеъ ба ҳамаи донишҳои

ВАРЗИ́ШИ САБУ́К, як намуди варзиш, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук

БУРҲОНУДДИ́Н РАББОНӢ (1940, ш. Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон – 20.09.2011, маҳаллаи Вазир Акбархони

АВЗОИ РӮҲӢ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору

АВТОГРЕЙДЕР (аз авто…ва грейдер), мошини худгарди чархдор, ки барои ҳамвор кардани хоктӯда, ҷой­гардон,

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА