SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ ва нахустин классики он. Аз оилаи ашрофи сарватманди қа зоқ. Дар оила ӯро «Абай» ном мебурданд, ки маънояш «ҳушёр», «зирак» мебошад. Маълумоти ибтидоиро дар хонавода ва аз муаллимони хусусӣ гирифтааст. Дар тарбияи маънавии ӯ нақши модаркалонаш Зарра хеле калон буд. А. аз ӯ шеърҳову достонҳои мардуми қазоқро омӯхт ва ҳазорҳо мисраъ азёд кард. Дар мадрасаи Имом Аҳмад Ризои Семипала­тинск ва мактаби русӣ таҳсил кардааст. А. дар мад­раса Қуръон, улуми динӣ, назми форс-тоҷик, арабӣ, туркиро омӯхт, бо осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳо­­физ, Низомии Ганҷавӣ, Ун­сурул­ма­олии Кайковус, Алишери На­воӣ шинос шуд. А. зулму таад­диеро, ки аз ҷониби феодалон ба сари мардуми қашшоқу бенаво меомад, мушоҳида мекард ва чун шахси адолатхоҳ доимо дар кӯшиши ҳимояву дастгирии онҳо буд. Дар синни 28-солагӣ ба та­риқи худомӯзӣ ҷиддан ба омӯзиши забони русӣ машғул шуд. Донистани забони русӣ барои шинос гардидани ӯ бо осори Гёте, Байрон, Дарвин ва диг. мусоидат намуд. Эҷодиёти А. чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу европоӣ маншаъ гирифтааст. А. пеш аз ҳама оқини қазоқ буд; достонҳои ҳамосии қазоқро дар ҷамъомадҳо ба мардум нақл мекард ва ё бо навои мусиқӣ месароид. А. донандаи шеъру адаби Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик буд. Вай арӯзро дар шеъри қазоқӣ татбиқ намуд ва шеърҳои ғазалмонанд, ба шаклҳои гуногун (шашмисраӣ – мусаддас, ҳаштмисраӣ – мусамман) эҷод кард. Умуман А. дар назми қазоқ 17 шакли нави шеър­ро ихтироъ кард. Достонҳои А. – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд. Дар достони «Искандар», ки ба асарҳои Низомиву Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамоҳангӣ дорад, шоир ғоратгариҳои Искандари Мақдуниро маҳкум карда, дар симои Арасту хиради инсонро ситоиш кардааст. Ба қалами А. асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони то­ҷикӣ ин асар бо номҳои – «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и А. таъсири «Қо­буснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ ошкоро аён аст. А. баъзе масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, порчаҳои достони А. С. Пушкин «Евгений Онегин»-ро аз русӣ ба қазоқӣ тарҷума кардааст. Ҷараёни зиндагии А. дар романи нависандаи қазоқ, акад. М. Авезов «Абай» тасвир ёфтааст. Бо сарварии ҳамин нависанда «Куллиёт»-и А. дар ду ҷилд ба табъ расидааст (1957; 1977). Дар маҷмӯае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» (Теҳрон, 1374/1996) зиёда аз 100 шеъри А. дар баргардони Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд. Осори мансури А. бо номи «Панднома» (мутарҷим Фатҳуллоҳи Азиз) солҳои 2002 ва 2010 дар Душанбе ба табъ расидаанд. Дар Қазоқистон Бунёди байналмилалии Абай таъсис ёфтааст. Дар вил. Қараганда шаҳре ва дар Душанбе кӯчае ба номи А. мавҷуданд.

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР