SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳо­рон мешукуфад). Мевааш сегӯ­ша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангакмонанд дорад. А. асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибоғу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи д. Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, қ-кӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 350 – 1800 м баландтар аз с. б.) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. А. алафи бегонаи кишти ғалладона аст. А. гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. А. хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. А. дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.
Ад.: Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967; Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968.  

М. Ҳоҷиматов.

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР