SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

ХУШХАБАР

Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии пуршарафи худ огоҳ буда бошад.

Ин, ки дар гузаштаи таърихӣ шукӯҳи илмииаҷдоди тоҷикон (эрониён) оламгир будааст, бар касе пӯшида нест. Акнун дар асари таҳқиқоти навин баъзан ошкор мегардад, ки ин ё он кашфиёти илмии маъруфе, ки қаблан мутааллиқ ба дигаре дониста мешуд, аслан кашфшудаи донишманде аз аҷдоди мо будааст. Масалан, усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададро, ки ба номи П. Руфинӣ (1804) ва У. Горнер (1819) дар Аврупо маъруф аст, 800 сол пеш аз онҳо Абулҳасани Насавӣ (вафот 1030) кашф карда буд. Формулаи бином, ки ба номи Нютон маъруф аст, акнун маълум шуд, ки аслан ихтирои Умари  Хайём будааст, ки онро 600 сол қабл аз Нютон кашф кардааст. Мусалласи ҳисобии Б. Паскал (асри 17), ки дар риёзиёти ҷаҳонӣ маъруф аст, низ дар асл ихтирои Умари Хайём будааст. Пешгӯии Беруниро дар бораи вуҷуд доштани қитъаи дигари саёраи Замин, тақрибан баъди 500 сол (дар асри 15) Х. Колумб собит намуд. Усули ҳал намудани муодилаҳои кубиро, ки ба Вист ва Нютон нисбат дода мешавад, донишманди тоҷик Шарафуддин Музаффари Тусӣ (вафот 1212) пешниҳод ва баён карда буд. Кашфи инкисори нур аз ҷониби Камолуддини Форсӣ сурат гирифта буд, вале дар асри 17 ба номи донишмандони аврупоӣ Кристиан Гюгенс ва Пиерре де Фермет, ки низ онро таҳқиқу собит намуда буданд, сабт шуд ва акнун боз дар асари таҷрибаҳои навтарини ҷаҳонӣ комилан собит шуд, ки он натанҳо кашфи Камолуддини Форсӣ будааст, балки натиҷагирии илмии Камолуддин дар пояҳои беҳтари илмӣ қарор дорад. Ва ғайраву ҳоказо.

Ин шукӯҳи пурҷилои ҳазорсолаи илмӣ, дар сарзамини таърихии тоҷикон чунон ифтихоротеро барангехтааст, ки имрӯз ҳатто мардумони дигаре, ки дар ин хиттаи бузурги аҷдодии тоҷикон дер боз ба сар мебаранд, мехоҳанд таҳти дирафшҳои афрохтаи илмии донишмандони маъруфи форс-тоҷик гом зананд ва бо ибороте аз қабили зер эълом доранд, ки: «эшон падарони пуршарафи мо буданд», «фалон аз хонадони мост», «ин ифтихори миллии мост» ва ҳоказо. Аммо ин эъломияҳои эшон набояд мавриди таън задан бар онҳо аз ҷониби мо буда бошад, баръакс, аз ин бояд моро ифтихори бештаре фаро гирад, яъне ин, ки падар ё ҷадди бузурги мо чунон ба авҷи эътибору маънӣ рафтааст, ки дигаре мехоҳад ӯро аз худи худ кунад ва ҳатто ба тамоми ҷаҳон эълом ҳам дорад, дар сурате ки аз кадом нажоду миллат будани он мутафаккир дар назди донишмандони арсаи ҷаҳонӣ чун рӯз равшан аст. Бояд дониста бошем, ки чунин донишмандон аз ҷониби миллати тоҷик тақдимҳои тамаддуниеанд ба улуми ҷаҳонӣ, бидуни тамйизу тафриқаи миллатҳо ё тааллуқ гирифтан ба халқу миллате. Мо танҳо бояд муътақид бад-ин буда бошем, ки минбаъд низ афроди миллати мо метавонанд ба баландтарин зинаҳои илмии ҷаҳон бароянд ва гоҳе дар садри он низ буда бошанд, чунонки намояндагони аҷдоди мо дар ҳар асру замоне дар он қуллаҳо будаанд.

Ва акнун ҳам, шояд дар миёни донишмандони мо нафароне буда бошанд, ки воқеан ҳам кашфиёте ҷаҳонгир кардаанд. Чунончи, дар авохири замони шӯравӣ буд, ки физикдони тоҷик Адҳам Бобоев дар баробари қувваи ҷозибаи ҷаҳонӣ назарияи мавҷудияти неруи фишорро низ дар олам ба миён гузошта буд, ки баъдан донишмандони соҳа бар ду ҷаноҳ нишаста, аз будану набудани он баҳс мекарданд ва алҳол низ он мубоҳисот дар миёни донишмандони олам дар ҷараён аст. Ва ҳамин донишманд аст, ки чандин формулаи эквиваленти (мусовӣ)-и муайян кардани суръати нурро низ кашф кардааст. Ва ҳамчунин метавон то дараҷае таҳқиқоту муҳокимарониҳо ва назарияҳои илмию фалсафие, ки дигар физикдони тоҷик – Раҷабов Тоҳир пешниҳод мекунад, ҳадди ақалл нисфе аз донишмандони соҳа (дар Тоҷикистон ва махсусан, хориҷ аз он) дурустии баъзе аз таҳқиқоти  ба истилоҳ «шубҳанок»-и ӯро аз эҳтимол дур намедонанд, зеро барои рафъи «шубҳаҳо» солиёни дароз ва таҷориби зиёди илмӣ лозим аст, то ҳақоиқи онҳо равшан гардад, чунонки теъдоде аз назарияҳои маъруфи донишмандони олам бештаре дар имтидоди садсолаҳо собит ё ботил шудаанд. Ва аммо ин, ки баъзе аз донишмандони имрӯзии мо бо кашфиёти илмии худ дар илми ҷаҳонӣ шинохта шудаанд, ҳарфи дигар аст, ки хонандаи арҷманд дар сафаҳоти ин китоб онҳоро бо суҳулат дархоҳад ёфт.

Ва аммо мӯҷиби асосии даст задан ба таълифу тадвини ин китоби бузург чӣ буд? Фикре чунин солиёни зиёде қабл падид омада буд, аммо ба иллати воқеаҳои ногувори сиёсӣ ва дар ин замина муддате рӯ ба хомӯшӣ ниҳодани пешравиҳои илмӣ ва суқути эътибори олимон кор ба дарозо кашид. Тақрибан понздаҳ сол қабл аз ин чун эътибори илм бар шамшер боло гирифт, имкон даст дод ва кори тадвин оғоз шуд. Аввал дар нақша чунон буд, ки ҳар соҳаи илм дар алоҳидагӣ аз қадим то ба имрӯз омӯхта, дар бобҳои махсус тадвин гардад. Баъд аз ворид шудан ба кор душвориҳо пеш омад ва равшан шуд, ки барои як нафар анҷом додани чунин амале начандон кори осон аст. Пас, қисмате аз давраи қадими он, ки мураттаб шуда буд (қисматҳои дигар, аз ҷумла давраи муосир парокандаву номураттаб буданд), ба хотири эҳтиёт аз ҳаводиси рӯзгор, дар китобе бо номи «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим» (Душанбе, 2007) мунташир шуд. Ва аммо корҳои таҳқиқу тадвини минбаъдаи китоб ҳангоми фаъолияти банда дар Академияи улум идома доштанд.

Чун дар аввали соли 2012 корҳои инҷониб дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик оғоз шуданд, дар ин ҷо боз бештар ба мушоҳада расид ва феълан эҳсос шуд, ки мавҷуд будани чунин як китобе дар мунтаҳои зарурат қарор дорад. Ин зарурат чанд ҷиҳат дошт, аммо муҳимтараш он буд, ки ба иллати камтаваҷҷуҳии олимон ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳои илмии китоби мазкур нисбат ба даврони шӯравӣ рӯ ба заъф оварда буданд. Барои муҳаррирон ва ҳайати илмии муассиса дар дарёфти муаллифони мақолаҳои илмӣ мушкили зиёд пеш омада буд, муҳаққиқони воқеии риштаҳои тахассусии улум камтар маълум буданд, илова бар ин, нисбатан кам будани ҳаққи қалам мутахассисони дигар соҳаҳоро ба навиштани мақолаҳои «ғайр» ҷалб намекард. Ҳарф сари он аст, ки барои таълифи як мақолаи донишномаӣ мутолааи чандин китоб зарур аст, то собит гардад, ки ин мақола дорои мухолифате нест, зеро рисолати донишномаҳо низ танҳо ҳамин аст, яъне иттилооти илмии қадиму ҷадиди оламро дуруст ба мардум расонидан. Дар чунин ҳолат буд, ки зарурати ҳарчӣ зудтар таълифу тадвин кардани китобе андар шинохти донишмандони имрӯзии мамлакат ва осори онон ба миён афтод, то бад-ин восита соҳибон ва мутахассисони бевоситаи мақолаҳои баъдӣ «кашф» шаванд ва бидуни такудавҳои пай дар пай ва гоҳе бенатиҷаи муҳаррирони муассиса кори таълиф аз ҷониби худи онҳо ва ё ба воситаи таҳрири энсиклопедии мақолаҳои санҷидашудаи мунташираи эшон осонтар гардад ва анҷоми корҳо суръати бештар гирад. Зеро дар самти суръат бахшидани таълифи донишномаҳои миллӣ таноқузоти бузурге дар миён аст, яъне миллати тоҷик дар минтақа бузургтарин мардуми тамаддунию фарҳангӣ шинохта шудааст, аммо дар таълифи донишномаҳои миллии худ қариб аз ҳама мардумони дигари ҳамминтақаи худ қафо мондааст. Ҳатто дар асари ин «ақибмондагӣ» аст, ки баъзе аз арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба номи миллату мардумони дигар навиштаву муаррифӣ мешаванд.

Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд дар навбати аввал донишномаи донишмандоне мураттаб гардад, ки эшон дар қайди ҳаёт буда бошанд, то ба воситаи огоҳӣ аз осори эшон битавон онҳоро ба навиштани мақолоти навбатии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ва дигар донишномаҳои соҳавии илмӣ ҷалб кард ё ақаллан мақолаҳои нашршудаи онҳоро дар таҳрири энсиклопедӣ ба китоб ворид намуд. Ин натанҳо ба кори тадвину таълифи ҷилдҳои навбатии ин китоб суръат мебахшад, балки сифати илмии онҳоро низ хеле боло мебарад, зеро ҳар мақолае, ки минбаъд интихоб мешавад, дар доираи таҳқиқоти чандинсолаи донишманде ё олимони шинохтаву эътирофшудаи соҳаи илме сурат мегирад.

Чун ҳамарӯза дар анҷуманҳои илмӣ, васоити иттилооти омма, китобҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, донишномаҳо ва амсоли инҳо дар хусуси теъдоди осори баъзе аз донишмандон ба иғроқ рафта, онҳоро аз садҳо то ба ҳазору якуним ҳазори шубҳаангез муаррифӣ мекарданд, бад-ин хотир дар тадвини ин китоб дар баробари номи китобҳо овардани унвони ҳама мақолаҳои илмии донишмандон (ки таҳти унвони «асарҳо» ёд мешуданд) зарур дониста шуд. Ин амал дар ҷилди аввал, ки инак ба дасти хонанда мерасад, собит сохт, ки то ин ҷо донишманде ба назар намерасад, ки осори илмии ӯ аз 500 адад убур карда бошад. Аз ҷангалзоре бо номи «асарҳо» берун кашидани мақолаҳо, ташхис додани онҳо аз ҷузваву дастурамалу китобҳо, ба низом даровардани кулли онон барои дарёфти ҷойгоҳи илмии донишмандон ва бад-ин восита муайян ва осон кардани роҳҳои ҳамкории муҳаррирони Энсиклопедия бо эшон хеле мусоид барои тарафайн ва албатта, муфидтар аз ҳама барои пешрафти кори донишномаҳои миллӣ ва умуман илми муосири тоҷик хоҳад буд.

Зарурати дигари падид овардани ин китоб вуҷуд надоштани маълумотнома – донишномаи умумиватание роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти илмии кулли донишмандони Тоҷикистон буд. Мутобиқи меъёрҳои таъйиншудаи Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба ин китоби бузурги миллӣ танҳо донишмандоне ворид карда мешаванд, ки дорандагони унвони доктори илм буда бошанд. Албатта, ин меъёр дар замони шӯравӣ, ба сабаби дар он давлат вуҷуд доштани ду зинаи илмӣ – номзадӣ ва докторӣ (дар бештари мамолики ҷаҳон чунин низоми дузинаӣ вуҷуд надорад) ҷорӣ дошта шуда буд ва ҳамон анъана то ба имрӯз дар мо низ боқӣ мондааст. Дар натиҷа кулли донишмандони дигар барои аҳли мамлакат дар ин сатҳ муаррифӣ намегарданд, дар сурате ки моро номзадҳои илмиеанд, ки дар мамлакат ва берун аз он маъруфанд ва ба хубӣ шинохта шудаанд. Албатта, дар ин миён нафароне ҳастанд, ки ба сабаби бисёр маъруф буданашон, гоҳе ба таври истисно ба ин китоб ворид карда мешаванд, вале дар ҳар сурат кор ноқис боқӣ мемонад.

Илова бар ин, дар ин миён донишмандони дигаре ҳастанд, ки умуман унвони илмӣ надоранд, аммо таҳқиқоте анҷом додаанд, ки аҳаммияташон на камтар аз рисолаҳои муътамади илмист. Акнун дар ин китоб донишмандони ба истилоҳ «бе унвони илмӣ»-е «кашф» шуданд, ки воқеан ҳам корҳои арзишманди илмӣ ва мондагореро ба анҷом расонидаанд ва ҳатто дар соҳаҳои таҳқиқотии худ беназир будаанд, ки хонандаи арҷманд, ҳангоми мутолааи китоб бо онҳо шинос хоҳад шуд. Яъне, дар китоб тамоми донишмандоне оварда шудаанд, ки таълифоти илмииэшон дар маҷаллаву китобҳои дастаҷамъонаи илмӣ (ё дар шакли китобҳои инфиродӣ) дар Тоҷикистон ва берун аз он ба табъ расидаанд, бидуни доштан ё надоштани унвони расмии илмӣ.

Ба хотири шиносоии беҳтар бо осори илмии донишмандон унвони китобу мақолаҳо бо ҳамон забоне сабт гардиданд, ки мунташир шудаанд. Танҳо унвони рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба тоҷикӣ барои доираи васеътари хонандагон тарҷума шуданд. Чун ин китоб бештар барои муҳаққиқон ва мутахассисини илмии мамлакат аст, эшон унвонҳои асли (ба кадом забон будан)-и таълифотро боэътимодтар талаққӣ мекунанд. Ва аммо баъдан дар нақша ҳаст, ки ин китоби бузург комилан ба забони тоҷикӣ тарҷума хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир чун зарурати ҳарчӣ зудтар гирд овардан ва тадвин кардани ҳама ҷилдҳои китоб дар миён аст, фурсат ва имкони ҳаминлаҳзаӣ даст намедиҳад, ки он барои оммаи васеи хонандагон комилан тарҷума ва бо теъдоди зиёд нашр карда шавад.

Гумон меравад аз ин мухтасар хонандаи арҷманд ҳадафи таълифу тадвини китобро ба хубӣ дарёфт ва умед аст, ки аз камбуду норасоиҳои он (чун ин таҷрибаи аввалин ва бесобиқаи таҳияи чунин китоб аст) ва роҳҳои беҳтари тадвини ҷилдҳои баъдӣ маслаҳати худро аз мо дареғ нахоҳад дошт, зеро, бидуни шубҳа, аксар хонандагони ин китоб аз табақаи донишмандони мамлакат хоҳанд буд.

Тартиби сабти маълумотномаи инфиродии донишмандон дар китоб:

- Лавҳаи ибтидоии мухтасари ҳар донишманд, ки дар аввали мақолаи бахшида ба ӯ дар чаҳоркунҷаи ранга меояд, аз сабти ному насаб, соли тавваллуд, баландтарин унвонҳои илмӣ (ва агар ифтихорӣ бошанд, танҳо теъдоди онҳо), почтаи инфиродии электронӣ ва акс иборат аст. Сабти ному насаб ба тартиби алифбоӣ, бидуни ба назар гирифтани унвонҳои илмӣ аст.

- Баъдан номи рисолаҳои дифоъшуда (агар унвони илмӣ набошад, номи самти таҳқиқ), китоб, ҷузва, дастурамал, мақола, мухтасари шарҳи ҳол, дастоварди илмӣ ва мукофот омадааст.

- Чопи як китоб ё мақола бо чанд забон ишора мешавад, вале номи онҳо такроран навишта ва ҳам шуморагузорӣ намешавад.

- Дар рӯйхатти осори донишмандон мақолаҳои рӯзномаӣ (газетӣ) нестанд, аз мақолоти энсиклопедӣ унвони ҳамонҳое ворид мешавад, ки таҳқиқоти бевоситаи муаллиф буда бошанд, боқӣ танҳо шумораашон навишта мешавад.

- Унвони мақолаву китобҳо, айнан, ҳамон гуна ки худи муаллиф ба идораи Энсиклопедия ирсол доштаааст, навишта мешавад. Ин ҷо унвонҳое ба мушоҳада мерасанд, ки тарзи навишташон ба меъёрҳои имрӯзии забон мувофақат намекунад, ин аз он аст, ки шарти илмии айнан сабт гардидани таълифот дар китоб риоят шудааст.

Дар ниҳоят, ин нукта таъкид дошта мешавад, ки ҳангоми таҳияи бештар аз даҳсолаи китоб мушкилоти зиёд пеш омад, яъне ба иллати дастрас набудани баъзе аз маълумот, ки корро ба дарозо мебурд, ҳар сол мақолоти тайёр бозбинӣ ва такмил мешуданд ва дар ин миён донишмандони дигаре ошкор мегаштанд, ки раванди кор боз ба қафо мерафт. Ҳатто дар арафаи ба чоп супурдан нафарони дигаре низ падид омаданд, аммо чун дигар илоҷи ворид кардани онҳо дар ҷилд набуд, бад-ин натиҷа расидем, ки агар минбаъд касони дигаре «кашф» мешаванд, онҳоро дар аввали ҷилди баъдӣ ҷой хоҳем дод. Бидуни шак, пас аз мунташир шудани ин китоб номи донишмандоне, ки марбут ба ҳарфи «А» ҳастанд, боз ошкор хоҳанд шуд ва ҳатман маълумоти эшонро дар навбати аввал дар ҷилди баъдӣ мунташир хоҳем кард.

Алҳол дар теъдоди ҷилдҳои ин китоби бузург чизе гуфта наметавонем, зеро танҳо дар як ҳарфи «А» гирд омадани ин миқдор донишманд, ки акнун хонандаи азиз худ мушоҳада мекунад, ҳам мураттибон ва ҳам хонандагонро ба як дарку фаҳмиши тақрибӣ тавъам месозад. Аммо ин ки аз ин шукӯҳи илми тоҷик ҳамагии моро ифтихоре фаро гирифта, бар ҳеҷаз ду ҷониби мо пӯшида намонад.

Агарчи ҷилди аввали ин китоб баъди даҳ соли шурӯъи кор мунташир шуд, хонандаи гиромиро башорат бод, ки минбаъд ҳар сол як ҷилдӣ аз он ба табъ хоҳад расид.

 

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ.

 

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид.

Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ», Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Палатаи савдо ва китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар нишаст директори Китобхонаи миллӣ доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии академик Имомзода  Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, номзади илми таърих, дотсент Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филологӣ, профессор Равшани Раҳмонӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ҳукумати кишвар дар самти ҳифз ва гиромидошт ва омӯзиши  тамаддуну фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, урфу одат, тарзи тасаввуру баён, донишу таҷрибаҳо, – инчунин афзори вобастаи онҳо, ашё, нигораҳо ва фазои фарҳангиро, ки аз тарафи ҷамоат гурӯҳҳо ва дар баъзе маворид афроде дар алоҳидагӣ ба сифати қисмате аз мероси фарҳангии худ барномаҳои махсусро тасдиқ карааст. Дар ин замина маводи гуногун дар китобу маҷаллаҳо нашр гардида, барои густариш, арҷгузорӣ ва ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ хидмати хоса доранд.

Китоби «Тақсимоти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 20.02.2017, № 424 «Дар бораи нашри Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» нашр гардидааст. Қобили зикр аст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳё ва ҳифзи мероси фарҳанги мардум, рисолати таърихӣ номгузории мавзеҳои ҷуғрофии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти суннатҳои номгузории миллии тоҷикӣ роҳандозӣ гардида шудааст.

Чунин иқдом дар асоси дастури роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2011 инҷониб бо вусъат идома дорад. Чунин вазъ дар харитаи ҷуғрофии кишвар тағйироти куллиро ворид намуд. Дар китоби «Тақсимоти марзиву маъмурӣ» феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин феҳристҳои деҳаҳои ҳамном, номҳои қаблӣ ва номҳои ҳозираи онҳо, дар бораи муҳимтарин тағйирот маълумот дода шудааст. Ин китоб таърихии замони истиқлолиятро бо ҳимоят аз фарҳанги суннати миллии номгузории кишвар ва инъикоси маҳалли ҷуғрофӣ дар саҳифаи таърихи кишвар барои насли оянда мерос хоҳад монд.

«Донишномаи фарҳанги мардум» дар асоси «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2012, №263) аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар ҳамкори бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҷилди аввали китоб соли 2015 ва ҷилди дуюми он имсол ба нашр расид.

Ҷилди аввал «Донишномаи фарҳанги мардум» аз ҳарфи «А» то «М» ҷилди дуюм идомаи қисмати аввали он буда, аз ҳарфи «Н» то «Я»-ро дар бар гирифта, ҳамчун намунаи луғати муфассали фарҳанги мардум аз моддӣ ва ғайримоддӣ оид ба суннатҳои гуногун, аз қабили ҷашну маросимҳо, навъҳои хӯрокҳои миллӣ, тибби мардумӣ, либосҳои миллӣ, нақшу нигорҳо маълумоти возеҳи донишномавӣ дода шудааст.

Хонандагон метавонанд, аз ин китоб дар бораи бисёр аз суннатҳои волои миллӣ, махсусан анаъанаҳои гузашта, ки имрӯз дубора дар марҳилаи эҳёшавӣ қарор доранд маълумоти муфассал бигиранд.

Дар нишаст ҳамчунин Бароти Абдураҳмон, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов ва Шоири халқи Тоҷикистон Назри Яздон суханронӣ намуданд.

© Китобхонаи Миллии Тоҷикистон

Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни муаррифии китобҳо:

Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ

Навид

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии пуршарафи худ огоҳ буда бошад. Ин, ки дар гузаштаи

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнеси Тоҷикистон, дотсент – Зокиров Дилшод –

+ View

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА