SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Гузориш аз ҷараёни корҳои анҷомдодашуда дар шанбегии рӯзҳои 11–12 марти соли 2017.

Дар робита ба дастури Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№24/10-8, аз 1 марти соли 2017) ҷиҳати баргузор кардани ҳашару шанбегиҳо дар рӯзҳои 4-5, 11-12, 18-19 март ва дар ин замина супориши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 03.03.2017) оид ба анҷом додани корҳои сохтмону ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани боғҳои истироҳатию фароғатӣ бо иштироки командони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат рӯзҳои 11 ва 12 март дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (СИ ЭМТ) шанбегӣ дар доираи ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи СИ ЭМТ корҳои ободонӣ   дар ҳудуди муассиса ва атрофи он бо иштироки кормандони муассиса сурат гирифтанд.

Дар рафти шанбегии рӯзҳои 11–12 март ҳавлӣ ва атрофи корхона аз партовҳо, шоху буттаҳои хушку худрӯй тоза, дарахтони сояафкани атрофи коргоҳ аз шоху баргҳои нозарур раҳову пероста, замини назди муассиса нарму сабзкорӣ ва дар ҳамин мавзеъ ниҳолҳои арча шинонида шуданд. Умуман, дар ду рӯзи ҳашар 35 нафар корманди муассиса фаъолона ширкат намуда, ҳамчун сокинони шарафманди пойтахт дар тозаву тамиз гардонидани муҳити шаҳр саҳми худро гузоштанд.

Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни ҳашар:

Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ

Навид

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР