SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

dknДонишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон (нашри дуввуми такмилшуда) / Сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ; Муҳаррири масъул Б. Абдураҳмонов; Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. - 656 саҳ.

Аввалин Донишномаи мухтасари кӯдакону наврасон дар доираи "Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, таҳти рақами 85 тасдиқ шуда, бо теъдоди 800 нусха дар соли 2013 ба нашр шуд буд. Бори дуввум, пас аз такмил ибтидои соли 2017 донишномаи мазкур бо теъдоди 5000 нусха дар интишороти ЭР-граф ба табъ расид.

Донишнома бо назардошти қонуниятҳои инкишофи синнусолӣ ва фардӣ-равонии кӯдакону наврасон (шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилияту истеъдод, талабу эҳтиёҷ) иншо шуда, дар он усулҳои муассири шарҳи афкор мавриди истифода қарор гирифтаанд. Муаллифону мураттибон ва муҳаррирону тарроҳони донишнома кӯшиш ба харҷ додаанд, ки мазмуну муҳтавои ҳар як ҳодисаву воқеаҳои дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуқӯъ пайвастаро бо тарзи содаву фаҳмо, боварибахш маънидод намоянд.

Дар донишнома усули гузоштани савол ва пешниҳоди посух истифода шуда, матн бо расмҳои ранга ва ҷавобгӯй ба мазмуни навиштаҷот аз аввал то ба охир таъмин карда шудааст.

Дар 5 қисму 22 боби донишнома маълумоти мухтасар доир ба 288 мавзӯи марбут ба таърих, илмҳои дақиқ (физика, ахтаршиносӣ, техника), биология (олами рустаниҳо, олами динозаврҳо, олами ҳайвонот, олами парандаҳо, одам), ҷуғрофия ва санъат пешниҳод шудааст. Аз нисф зиёди маводи донишнома ба масъалаҳои омӯзиши таърихи миллати тоҷик бахшида шудаанд.

Донишнома ҳам аз нигоҳи ороишоту зебоӣ ва ҳам аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ҷавобгӯи талабот буда, барои донишандӯзии на танҳо кӯдакону наврасон, балки калонсолон (падару модарон, омӯзгорон ва китобдорон) низ аҳамияти калон дорад.

Донишнома ба ҳайси китоби рӯимизии ҳар як хонадони тоҷик метавонад дар баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтирому пос доштани сарзамини беназири аҷдодӣ, ошноӣ ба табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба таърихи миллати тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик мусоидат намояд.

ДФМ 1

Китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» дар номгӯи «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» дар намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» сазовори ҷои аввал гардид.

9 октябр пас аз анҷоми Намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ғолибони озмуни «Беҳтарин китоб» дар се номгӯ - “Бадеият ва мазмун”, “Ороиш ва сифат” ва “Асари илмӣ” муайян гардиданд.

Дар озмуни «Беҳтарин китоб» 41 номгӯи асарҳо аз 8 нашриёти ватанӣ иштирок намуданд, ҳайъати ҳакамон аз байни онҳо ба 10 асари беҳтарин ҷойҳои ифтихориро сазовор донистанд.

Дар номгӯи «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» нашриёт ва китобҳои зерин сазовори ҷой гардиданд: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»- соҳиби ҷои аввал, ҷои дуввум - Ганҷ – нашриёт бо «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва ҷои сеюм насиби Нашриёти «Адиб» «Шеърборон» гаридид.

Дар номгӯи «Беҳтарин мазмун ва бадеият» ҷои аввал насиби ду асар: –Нашриёти «Адиб» бо китоби «Пайғоми Истиқлол» ва - Нашриёти «Ношир» бо китоби «Девони Фарзонаи Хуҷандӣ» дониста шуд .

Ҷойҳои дуввум ва сеюмро бошад, Муассисаи нашриявии Адабиёти бачагона, асари Муҳаммад Ғоиб «Ба хона меҳмон омад» ва Нашриёти Ношир, асари Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-у-шуаро» соҳиб гардиданд.

Дар номгӯи «Беҳтарин китоби илмӣ» бошад, асарҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Ҷои аввал - Нашриёти «Ирфон», асари Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ҷои дуввум - Нашриёти «Истеъдод», китоби Салими Хатлонӣ «Бенавое дар навои най» ва ҷои сеюмро бошад, - Ганҷ-нашриёт, китоби С. Ятимов «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад» гирифтанд.

Ғолибони озмун ва иштирокчиёни Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

© Ҷавонони Тоҷикистон // javonon.tj

Навид

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР