SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДФМ 1

Китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» дар номгӯи «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» дар намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» сазовори ҷои аввал гардид.

9 октябр пас аз анҷоми Намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ғолибони озмуни «Беҳтарин китоб» дар се номгӯ - “Бадеият ва мазмун”, “Ороиш ва сифат” ва “Асари илмӣ” муайян гардиданд.

Дар озмуни «Беҳтарин китоб» 41 номгӯи асарҳо аз 8 нашриёти ватанӣ иштирок намуданд, ҳайъати ҳакамон аз байни онҳо ба 10 асари беҳтарин ҷойҳои ифтихориро сазовор донистанд.

Дар номгӯи «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» нашриёт ва китобҳои зерин сазовори ҷой гардиданд: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»- соҳиби ҷои аввал, ҷои дуввум - Ганҷ – нашриёт бо «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва ҷои сеюм насиби Нашриёти «Адиб» «Шеърборон» гаридид.

Дар номгӯи «Беҳтарин мазмун ва бадеият» ҷои аввал насиби ду асар: –Нашриёти «Адиб» бо китоби «Пайғоми Истиқлол» ва - Нашриёти «Ношир» бо китоби «Девони Фарзонаи Хуҷандӣ» дониста шуд .

Ҷойҳои дуввум ва сеюмро бошад, Муассисаи нашриявии Адабиёти бачагона, асари Муҳаммад Ғоиб «Ба хона меҳмон омад» ва Нашриёти Ношир, асари Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-у-шуаро» соҳиб гардиданд.

Дар номгӯи «Беҳтарин китоби илмӣ» бошад, асарҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Ҷои аввал - Нашриёти «Ирфон», асари Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ҷои дуввум - Нашриёти «Истеъдод», китоби Салими Хатлонӣ «Бенавое дар навои най» ва ҷои сеюмро бошад, - Ганҷ-нашриёт, китоби С. Ятимов «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад» гирифтанд.

Ғолибони озмун ва иштирокчиёни Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

© Ҷавонони Тоҷикистон // javonon.tj

Амиршоҳӣ ва АкбаровСанаи 1-2 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Мусобиқаи озоди қаҳрамонии Каратэ кёкушини Осёи Марказӣ доир гардид.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз муҳаррири редаксияи фарҳанги Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ширкат варзида, дар вазни 85 кг сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Рӯзи 3-юми ояктябр сармуҳаррири Сарредксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ зимни як нишасти вижа бо ҷамъи ҳамкорон Неъматулло Акбаровро бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуда, ба ӯ дурахши тоза ба тозаи эҷодиву варзишӣ таманно карданд.

Пеш аз ин ҳам Неъматулло Акбаров соли 2012 дар Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе дар риштаи варзиши карате киёкушин-кан сазовори ҷойи якум ва барандаи медали тиллои ин мусобиқа дар вазни 70 кг гардида буд.

Каратэ киёкушин кан 2

Каратэ киёкушин кан

Навид

НАМОИШГОҲИ ҲАШТУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ»

18 октябри соли 2018 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» дар доираи Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» муаррифии китобҳои тозанашр баргузор гардид. Дар расми кушодашавии намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғози ин чорабинии бонуфузи фарҳангиро ба аҳли фарҳанг, ноширону китобдӯстон ва адибону мутафаккирон шодбош гуфт.  «Маҳз

+ View

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР