SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии китоби Душанбе, ки таи 2- рўз 5-6-сентябр баргузор гардида буд ба анҷом расид.
Дар ҷамъбасти ин намоишгоҳ Орумбекзода Шамсиддин Шодибекович - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Низом Қосим-раиси иттифоқи нависандагон, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷатуллоҳи Фағони, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғафур Орзу, сафири Ҷумҳурии Беларус хонум Гаврук Олга Анатолевна ва дигар мехмонон иштирок доштанд. 

Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе-2015» тибқи низомномаи намоишгоҳ аз рӯи панҷ наминатсия: «Беҳтарин китоби бадеӣ», «Беҳтарин ороиши китоб», «Беҳтарин китоби дарсӣ», «Беҳтарин китоби бачагона» ва «Беҳтарин китоби илмӣ» байни нашароти ватанӣ озмун эълон намуда буд. Ҳайати бонуфузи ҳакамони озмун асарҳои пешниҳодшударо мушикофона мавриди баррасӣ қарор доданд.

Корхонаҳои табъу нашри зерин соҳиби диплому туҳфаҳои хотирави гардиданд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бадеӣ» барои китоби «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» ба нашриёти «Адиб» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бадеӣ» барои китоби «Ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» ба матбааи «Илм» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бадеӣ» барои китоби «Таърихи нофеъ» ба КВД «Шарқи озод» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бадеӣ» барои китоби «Золотая пиала любви» («Пиёлаи заррини муҳаббат»)ба ҶДММ «Эр-граф» Дипломи дараҷаи 3 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ороиши китоб» барои китоби «Ҳайкали тиллоӣ» ба нашриёти «Истеъдод» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ороиши китоб» барои китоби «Наврӯз - шиносномаи миллат» ба нашриёти «Адиб» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ороиши китоб» барои китоби «Тазкираи Ворис» ба КВД «Шарқи озод» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ороиши китоб» барои китоби «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таълифоти илмӣ, ирфонӣ ва адабӣ» ба нашриёти «Ирфон» Дипломи дараҷаи 3 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби дарсӣ» барои китоби «Химия, синфи 11» ба ҶДММ «Ганҷ-нашриёт» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд. - Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби дарсӣ» барои китоби «Буквар» ба ҶДММ «Эр-граф» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби дарсӣ» барои китоби «Адабиёти тоҷик, синфи 8» ба ҶДММ «Ганҷ-нашриёт» Дипломи дараҷаи 3 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бачагона» барои китоби «Шинохт ва ёдгирӣ» ба МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бачагона» барои китоби «Эътиқод» ба нашриёти «Адабиёти бачагона» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби бачагона» барои китоби «Замзамаи баҳор» ба нашриёти «Адиб» Дипломи дараҷаи 3 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби илмӣ» барои китоби «Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо» ба ҶДММ «Ганҷ-нашриёт» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби илмӣ» барои китоби «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» ба МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» Дипломи дараҷаи 1 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби илмӣ» барои китоби «Унсур-ал-Меаоли Кей-Кавус о разуме» («Унсурмаолии Кайковус оид ба хирад») ба нашриёти «Истеъдод» Дипломи дараҷаи 2 дода шуд.

- Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин китоби илмӣ» барои китоби «Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ба нашриёти «Ирфон» Дипломи дараҷаи 3 дода шуд.

Инчунин ба тамоми ноширони ватаниву хориҷӣ барои иштироки фаъолонаашон дар намоишгоҳ дипломҳо супорида шуд.

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Ирон директори намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон доктор Аббоси Назарӣ дар ҷамъбастӣ озмун суханрони карда аз тамоми ноширони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар намоишгоҳи китоби Теҳрон, ки 2016 Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ пазирои мешавад ширкат варзанд.

Душанбе, 08.09.2015. (ТВ "Сафина")

Китоби «Шигифтиҳои бадан» таълифи Ричард Вокир аст, ки дорои матни тавзеҳии пизишкӣ ва тасвирҳо, аз ҷумла, тасвирҳои 3D мебошад. Китоби мазкур аз муқаддима, бахши «Тавлиди тасвирҳо», муаррифии дастгоҳҳо ва аъзои бадани одам дар 32 бахш ва бахши луғат фароҳам гардидааст.
Донишномаи «Шигифтиҳои бадан» дар Редаксияи «Донишномаҳои кӯдакон ва наврасон»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик тавассути Муборакшо Шамсов аз тарҷумаи форсии Лодан Хонларӣ (Теҳрон, интишороти «Паёми озодӣ», 1391 ҳ.ш.) ба хатти кириллии тоҷикӣ баргардон шуда ва соли 2015 интишороти «ЭР-граф» онро дар 92 сафҳа ва шуморагони 5 000 нусха мунташир кардааст.

© http://pertoj.com

Навид

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК