SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҳашари покнигаҳдорӣ ва ободонии муҳити муассиса сар аз моҳи март то нимаи моҳи июн идома дошт ва дар давоми он гирду атроф аз вуҷуди касофот ва зуболаҳо пок, дарахтони сояафкани атрофи коргоҳ аз шоху бутта ва алафҳои ҳарз раҳову пероста, замини назди муассиса нарму сабзкорӣ ва дар ҳамин мавзеъ ниҳолҳои арча шинонида шуданд. Минбаъд замини сабзкоришуда пайваста обмонӣ ва ниҳолҳои навруста мавриди параваришу нигаҳбонӣ қарор гирифтанд. Бинои муассиса то ҳавливу ҷодаҳояш ҳар ҳафта рӯзи шанбе тамизу озода шуда, барои иҷрои ин корҳо тамоми шароит, аз ҷумла либосу афзори кор мавҷуд буданд.

Дар рӯзҳои ҳашар кормандони муассиса худ фаъолона ширкат варзиданд ва бо дарки ин ки назофат ва сарсабзӣ дар шаҳр ба ҳамкории тамоми мардуми ҳамон шаҳр вобаста аст, аз шаҳрнишинон ва ҳамсоягон дигар низ хоҳони покиву назофат дар муҳити зист шуданд. Ҳадаф аз ин кор аз як тараф покнигаҳдории муҳити муассиса унвон шуда, аз тарафи дигар тарвиҷи фарҳанги саҳмгирӣ дар корҳои шаҳрвандӣ буд. Бо ин роҳ кормандон ба гуфтору рафтор дар ниҳодина шудани фарҳанги шаҳнишинӣ саҳми худро гузоштанд. Дар оянда низ барои покӣ ва назофати шаҳр, ки хонаи муштараки мост, ҳамагӣ саҳим ҳастем.

Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни шанбегиҳо:

Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ

Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ Ҷараёни шанбегӣ дар СИ ЭМТ

Бахшида ба рӯзи Саъдӣ 20-уми апрел, соати 16:00 дар толори Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон рӯнамоӣ аз китоби муҳаррири пешбари Энсиклопедияи миллии тоҷик, рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик Обид Шакурзода «“Гулистон”-и Саъдӣ. Матни комил ва шарҳи он» бо ҳузури густардаи донишмандон, намояндагони аҳли адаб, рӯзноманигорон ва хонандагон баргузор гардид.

Ин ҳамоишро Абдулқодири Рустам, нависанда ва забоншиноси тоҷик ифтитоҳ намуда, мӯҳтаво, зарурат ва аҳамияти китоби номбурдаи донишманд Обид Шакурзодаро шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки китоби рӯнамоишаванда маҳсули заҳматҳо ва ҷустуҷӯю пажӯҳишҳои пайвастаи чандинсолаи муаллиф мебошад.

Китоби мазкур бо кӯмаки молии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо теъдоди 500 нусха мунташир шудааст.

Пас анҷоми рӯнамоии китоб аз ҷониби муаллиф ба ширкатдорони ҳамоиш як донаӣ аз ин китоб ҳадя шуд.

Ҳамчунин ба дунболи рӯнамоии китоб филми “Нон ва шеър”-и коргардони шинохтаи Эрон - Каюмарси Пураҳмад намоиш дода шуд.

Гузориши тасвирӣ:

Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Рӯнамоии китоби Гулистон Рӯнамоии китоби Гулистон Рӯнамоии китоби Гулистон Рӯнамоии китоби Гулистон Рӯнамоии китоби Гулистон Рӯнамоии китоби Гулистон

Навид

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР