SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

Барномаи расмии таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кормандони муассиса дар рӯзи 31 март баргузор шуд. Раиси Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар ин маросим иди Наврӯзро ба мардум шодбош гуфт. Вай гуфт: Тайи ҳазорон сол талош карданд, то монеъи пешвози тоҷикон аз ин ҷашн шаванд ва онро аз байн баранд, аммо бо вуҷуди ҳама монеаҳо ин ҷашни бостонӣ дар Тоҷикистон эҳё шуд ва аз байн нарафт.

Баъд аз сабти ҷаҳонии Наврӯз дар соли 2012, аз ин ҷашн дар Тоҷикистон ба таври густарда таҷлил мешавад. Маросими наврӯзӣ аз 21 март оғоз гардида 13 рӯз идома мекунад, ки анҷоми он бо номи “Сездаҳбадар” маъруф аст.

Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни таҷлили ҷашн:

Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ Таҷлили Наврӯзи СИ ЭМТ

Ҳамасола 11-уми март дар кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Бахшида ба имрӯз дар толори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок намуданд. Маҳмадшариф Бобошоҳзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа, аҳли қаламро бо иди касбиашон табрик намуд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ба беш аз 90 нафар кормандони фаъоли соҳа нишонҳои фахрӣ, "Ифтихорнома" ва "Сипоснома"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим кард.

Дар ҳамин радиф кормандони фаъоли СИ ЭМТ Маҳмадуллоев Фаридун, мудири редаксияи адабиёт, забон ва фолклор бо нишони "Аълочии матбуоти ҶТ", Шамсов Нурмаҳмад, мудири харита, тасвирот ва дизайн бо нишони "Аълочии фарҳанги ҶТ" ва Ҷобатшоева Улфатмо, Ғаффурова Замира, Мирзоева Майрам бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд ва инчунин ба ин муносибат дар СИ ЭМТ бо иштироки сармуҳаррири СИ ЭМТ ва кормандони муассиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сармуҳаррири сарредаксия зимни суханронии худ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф”, ки 105 сол муқаддам таъсис ёфта буд, ёдовар шуд. Инчунин қайд намуд, ки маҳз бо шарофати дастгирию сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти ВАО фазои озоду заминаи рушдкунанда фароҳам оварда шудааст. Сармуҳаррир қайд намуд, ки барои рушду такомули кор дар сарредаксияи муассиса ҳамасола беҳтаринҳо дар маросими имрӯз бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.

Сармуҳаррири сарредаксия Нурмаҳаммад Амиршоҳӣ аз дастовардҳо ва созандакориҳои кормандон ёдовар гардида, дар баробари ин вуҷуд доштани баъзе камбудиҳоро дар фаъолияти кормандон изҳор дошт. Дар ин замина, кормандони пуртаҷрибаро даъват бар он намуд, ки барои беҳтар намудани кори сарредксия мутахассисони ҷавонро тарбия ва дастгирӣ намоянд то дар оянда ворисони арзандаву созанда ва идомабахши фаъолияти пурсамар ва пурмасъулияти онҳо бошанд. Дар интиҳо Сармуҳаррири сарредаксия тамоми кормандонро бо иди касбияшон табрик намуда онҳоро аз ҷумла: Маҳмадуллоев Фаридун "Аълочии матбуоти ҶТ", Шамсов Нурмаҳмад "Аълочии фарҳанги ҶТ", Ҷобатшоева Улфатмо, Ғаффурова Замира, Мирзоева Майрам бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрик намуд ва Баҳриева Меҳрангез, Султон Ҳаитов, Муминшоев Давроншо, Сулҳия Содиқова, Мастура Нурова ва Додов Ниҳматулло ба ифтихорномаи СИ ЭМТ қадрдонӣ намуд.

Таҷлили Иди матбуот дар СИ ЭМТ Таҷлили Иди матбуот дар СИ ЭМТ Таҷлили Иди матбуот дар СИ ЭМТ Таҷлили Иди матбуот дар СИ ЭМТ Таҷлили Иди матбуот дар СИ ЭМТ

Навид

ШОҲҶОИЗАИ ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Инчунин чанд китоби дигари муассиса дар бахшҳои гуногун сазовори ҷой ва диплом гардиданд: «Шинохт ва ёдгирӣ» ҷойи якум дар бахши «Адабиёти таълимӣ», «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи дуввум

+ View

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК