SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ АДАБИЁТ, ЗАБОН ВА ФОЛКЛОР

Мудири редаксия: Маҳмадуллоев Фаридун 

Тел: 233 38 28

Редаксияи Адабиёт, забон ва фолклордар қатори 13 редаксияи дигар, аз рӯзҳои аввали таъсиси Сарредаксияи илмии Энциклопедияи советии тоҷик (соли 1968), арзи ҳастӣ намудааст. Сарварӣ ва мудирии онро аз рӯзҳои нахуст, устод Ҷумъабой Азизқулов (1978 −81), то дар вазифаи котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррир буданашон ба зимма гиирфта буданд. Ба қавли эшон (китоби «Андухти рӯзгор»), баъди қарори якҷояи Шӯрои Вазирон ва КМ ҲК Тоҷикистон барои таъсиси Сарредаксияи илмии Энциклопедияи советии тоҷик аз соли 1968 то нашри ҷилди аввали энсиклопедия яъне 10 сол, то соли 1978, кор фақат болои таҳияи луғатномаҳои соҳавӣ мерафт ва дар қатори дигар соҳаҳо луғатномаи соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ, низ ба нашр расонида шуд. Ин ҳодиса дар фазои фарҳангии Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таҷрибаи аввалин буд. Дар асоси ҳамин луғатнома кори минбаъдаи редаксияи Адабиёт ва забон маълум карда шуд. Дар баробари 110-115 нафар корманди штатӣ 5 воҳиди корӣ барои редаксияи Адабиёт ва забон ҷудо гардида буд. Мудирони редаксия: Азизқулов Ҷумъабой (1968−1981), Диловаров Муаззам (1981−88; 1989−2015), Бақозода Ҷӯра (1985−89), муҳаррирони редаксия; Асроров А., Ансоров М., Исломова М., Каримов Ф., Музаффарова М., Муртазоева Н., Саъдиев С., Турсунзода П., Ҷалолов А., Ҷумъаев Ш., Шоалиева М., Эшов М., Яҳёев У. ва дигарон дар нашри мақолаҳои соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ саҳми бениҳоят калон гузоштанд. Кормандону муҳаррирони редаксия аз соҳаҳои ҷудогонаи адабиёт ва забон аз давраҳои бостон то замони муосир дар асоси ҷамбасту хулосаҳои навтарини илмӣ, истилоҳу тарҷумаи ҳоли ашхос ва тасвирот ҷамъ намуда онҳоро ба мутахассиони муассисаҳои муътабари илмӣ барои такмилу муҳокима пешниҳод менамуданд. Бинобарин сифати мақолаҳои соҳаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ дар ҷилдҳои Энциклопедияи советии тоҷик дар сатҳи балнди илмӣ омода шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, низ редаксия фаъолияташро қатъ накард. Баъди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (№ 424, 20 февралисоли 2008), нашри нави Энсиклопедияи миллии тоҷик ба нақша гирифта шуд. Аз файзи соҳибитиқлолии кишвар, корҳои фарҳангиву маърифатӣ рӯҳияи тоза ба худ касб намуд ва редаксияи Адабиёт, забон ва фолклор, низ бо як рӯҳияи тоза дубора таҷдид шуд. Мутассадиёни редаксия мувофиқ ба завқи хонандаи энсиклопедия миллӣ мақолаҳоро шарҳу тафсир намуда, оҳоро таҳррир, таҳия ва ба кондитсия мерасонанд. Редаксия дар бораи олимону адабиётшиносон, забоншиосону фолклоршиносон, мутарҷимон, аҳли адаби халқҳои ҷаҳон, ки ба ягон сабаб ба фарҳангу адаби тоҷикон иртибот доранд, дар тарғиби осори гаронбаҳои адабиёт ва забони тоҷикон саҳм гузоштаанд, мақола нашр мекунад. Инчунин дар бораи шоирони соҳибдевони асрҳои гузашта, аз рӯи маълумоти маъхазҳо муътамади адабӣ, тазкираҳо, истилоҳоти махсуси соҳа, ашхосе, ки барои маънавиёти мардуми тоҷик корҳои арзанда кардаанд, маълумот медиҳад. Дар редаксия муваффақиятҳои ба дастовардаи адибону олимони соҳа, мавқеъу мақоми онҳо ба назар гирифта мешавад. Дар тӯли фаъолияташ редаксияи Адабиёт ва забон (1968 − 2016), дар нашри 8 ҷилди Энциклопедияи советии тоҷик ва 4 ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик  дар ҳар ҷилди алоҳидааш зиёда аз 400 мақола ба нашр расондааст. Редаксия беш аз 150 муаллифро аз муассисаҳои илмии соҳа, марказҳои илмии вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба навиштани мақолаҳои соҳа ҷалб намудааст. Дар омодасозии 3 ҷилди Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик (1988 − 2004) редаксия саҳми асосӣ дорад. Инчунин, китобҳои бадеии «Самаки айёр», «Бадоеъ-ул-вақоеъ», «Бахтиёрнома», «Ҷамоеъ-ул-ҳикоёт» ва даҳҳо китоби хурду бузургҳаҷми соҳавиро таҳия, тарҷума таҳррир ва ба табъ расонидааст. Айни замон дар редаксия 3 нафар корманд: Устоди соҳибтаҷриба ва донишманди донишноманигор, Диловаров Муаззам, Шакурзода Обидҷон ва Фаридуни Маҳмадулло фаъолият карда истодаанд. Хулоса редаксия ба толибони илм алоқамандони соҳаи адаб, забон ва фолклор дониш, маънавиёт, фарҳанг ва маърифатро бе миннат мерасонад. Ҳар як истилоҳ, зиндагиномаи ашхос мақола ба хонанда дарси ибрат аст. Минбаъд редаксия нашри «Донишнома»-и соҳаи забоншиносиро ба нақша гирифтааст. Умед аст, ки бо ҷонибдории олимони соҳа, алоқамандону забоншиносон ин кори хайр ба итмом расад. Барои ҳамкорӣ аз муаллифони фаъол, онҳое, ки барои нашри силсилаҷилдҳои Донишномаи миллати тоҷик бе тараф нестанд комёбиҳо орзумандам. Саломат бошед! Ба умеди ҳамкорӣ.

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА