SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ ФАРҲАНГ, МАЪРИФАТ, КОРҲОИ ҲАРБӢ, ВАРЗИШ ВА ТУРИЗМ

Мудири редаксия: Қодиров Сайфулло

Тел: 233 42 22

Редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризм, яке аз сохторҳои калони Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик». Дар давраи таҳияи китоби «Энсиклопедияи советии тоҷик» (1979–1987) аз ду редаксия иборат буд: редаксияи маданият ва санъат (мудираш М. Шарифова, муҳаррири калони илмӣ Б. Абдураҳмонов, муҳаррири калон С. Саъдиев, муҳаррири хурд  И. Калонов); редаксияи матбуот, маорифи халқ ва педагогика (мудираш  М. Ҳасанов, муҳаррири калони илмӣ Ф. Хӯҷаев, муҳаррири калон С. Абдуллоев, муҳаррири хурд Г. Олимова). Ҳангоми   таҳияву тадвини «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» редаксияи санъат ном дошт (2000–2005, мудираш Б. Раҳматов). Аз соли 2005 бо номи имрӯзааш  фаъолият дорад. Мудиронаш: Н. Шарипов (2005–2014), С. Қодиров (аз соли 2014). Шумораи кормандонаш 4 нафар: Н. Акбаров – муҳаррири калон (вобаста ба соҳаҳои маърифат: масъалаҳои маориф, мактабҳои олӣ, педагогика, психология, физиология; матбуот: ВАО, табъу нашр, кино ва ғайра), И. Раҳматуллоев – муҳаррир (вобаста ба соҳаи санъат: мусиқӣ, театр, рассомӣ, ороиши амалӣ, кандакорӣ, меъморӣ, хаттотӣ), П. Саъдуллоева – муҳаррир (вобаста ба соҳаҳои корҳои ҳарбӣ: қаҳрамонҳои ҶБВ, генералҳо, иншооту таҷҳизоти ҳарбӣ; туризм: иншоот ва маҳсулоти туристӣ; варзиш: иншоот ва намудҳои варзиш, чемпионҳо ва ғайра),  М. Нурова – муҳаррири хурд  (вобаста ба соҳаи фарҳанг: ҳунарҳои мардумӣ, арзишҳои ғайримоддии фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра). 

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА