SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ ҶУҒРОФИЁ, ГЕОЛОГИЯ, ПЕТРОГРАФИЯ, ГЕОДЕЗИЯ ВА СЕЙСМОЛОГИЯ

Мудири редаксия: Тошева Шаҳрбону

Тел: 233 27 56

Редаксияи География ва геология  баробари таъсиси Сарредакисяи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик соли 1968 таъсис ёфтааст. Он бо ҳамин унвон то миёнаи солҳои 90-ум фаъолият дошт. Нахустин мудири редаксия Ӯлмас Олимов аз соли 1968 то соли 1988 ин вазифаро бар дӯш дошт.  Кормандони редаксияи Геграфия ва геология барои  ба табъ расидани 8 ҷилди  Энсиклопедияи Советии Тоҷик ширкат доштанд. Солҳои 2008–2011 редаксия унвони Иқтисодиёт ва географияро гирифта, дар он Мушаррафа Шарифова (мудир), Шаҳрбону Тошева (муҳаррири пешбар) ва Ангуршо Зафаров (муҳаррир) фаъолият доштанд. Солҳои 2011–13 ба редаксияи География, иқтисодиёт ва саноат бадали ном карда, мудири редаксия Шаҳрбону Тошева ва муҳаррирон Исо Раҳматуллоев, Ангуршо Зафаров ва Беҳрӯз  Шарифов буданд.Номи кунуниаш аз соли 2013 мебошад.

Редаксия ҳамчунин дар нашри 4 ҷилди “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”, Донишномаи кӯдакон ва наврасон”  ва “Донишномаи Душанбе” ширкат варзида, китоби “Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон”-ро ба нашр омода кардааст. Феълан кормандони редаксия дар ҳамкорӣ  бо олимони АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, донишгоҳи шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва  Қӯрғонтеппа   ба навиштани мақолаҳо барои ҷилдҳои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик машғул мебошанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки китобҳои энсиклопедии «Луғати тафсирии ҷуғрофиё»,  «Топонимикаи Тоҷикистон» ва топонимикаи ҳар як шаҳру ноҳияи Тоҷикистон рӯи чоп оварда шаванд. Бо редаксияи мазкур олимони муаллиф, аз ҷумла муаллифони фаъол Муҳиддин Раҳимов, Холназар Муҳаббатов, Муродилло Ҷанобилов, Юнус Мамадҷонов, Кабуд Вазиров, Беҳрӯз Шарифов, Ҳайдаршо Пирумшоев, Зайниддин Мӯсоев, Ансор Ниёзов  ҳамкории зич доранд. 

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА