SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ БИОЛОГИЯ, ХИМИЯ, ТИБ ВА КИШОВАРЗӢ (БХТК)

Мудири редаксия: Тошев А. Р. (Абдушукур Раҷабзод)

Тел: 233 42 53

Редаксия соли 1968 бо номи редаксияи Биология, химия ва тиб ташкил карда шудааст. Он бо ҳамин унвон то миёнаи солҳои 90-ум фаъолият дошт. Аввали соли 2000 дар натиҷаи муттаҳид сохтан бо редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт номи редаксияи «Тибииёт»-ро гирифт. Номи кунуниаш аз соли 2005 мебошад. Кормандони редаксияи БХТК дар табъу нашри Энсиклопедияи Советии Тоҷик (иборат аз 8 ҷилд) фаъолона ширкат доштанд. Редаксия ҳамчунин китобу луғатҳои зиёдеро ба табъ расондааст, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд, чунончи, фарҳанги тиббии русӣ-тоҷикӣ-лотинӣ (Медицинский словарь, муаллиф Расулов М. Ё., иборат аз 5 ҷилд; 1973–1988), Энсиклопедияи Хоҷагии Қишлоқи Тоҷикистон (иборат аз 2 ҷилд; 1989–1991), Энсиклопедияи мухтасари тиб (мураттиб Абдушукур Раҷабзод, иборат аз 5 ҷилд; 2011–2012), Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (мураттиб Абдушукур Раҷабзод, 2009), «Вожаномаи тиббӣ» (мураттибон Убайдулло Қурбон ва Абдушукур Раҷабзод; иборат аз 2 ҷилд ва тақрибан 60000 вожа, 2014). Китоби дигари мураттибон Убайдулло Қурбон ва Абдушукур Раҷабзод, ки дар дасти чоп аст, «Фарҳанги тибби қадим» ном дорад. Феълан кормандони редаксияи БХТК ба навиштани мақолаҳо барои ҷилдҳои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик машғул мебошанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки китобҳои энсиклопедии «Донишномаи тибби тоҷик» ва «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино рӯи чоп оварда шаванд. 

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА