SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ АСТРОНОМИЯ,  ФИЗИКА, МАТЕМАТИКА, ТЕХНИКА ВА ГЕОДЕЗИЯ

Мудири редаксия: Сулҳия Содиқова 

Тел: 233 35 64

Редаксияи астрономия,  физика, математика, техника ва геодезия баробари таъсиси Сарредакисяи Илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик  соли 1968 таъсис ёфтааст. Нахустин мудири редаксия Абдуллоев Наримон  таъйин шуда буд. Солҳои минбаъда  сарварии редаксияро номзади илмҳои физика ва математика Самадов А., Раҳматов Х.Р., Курбонов А., К., Содикова С.Х. , Холов М.Ш. 

Сарпарастии редаксияро ҷонишинони сармуҳаррир  бар уҳда  доштанд.

Редаксия барои  8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик  бо ҳамкории зич  бо олимони АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи ш.Хуҷанд, Донишгоҳи ш.Кулоб, Донишгоҳи ш.Қӯрғонтеппа  маколаҳоро оид ба физика, математика, техника  таҳия намудааст. Соли  1977  кормандони редаксия Луғати русӣ -тоҷикии астрономия”-ро  аз чоп баровард. Соли 1983 ба зиммаи  кормандони редаксия таҳияи Энсиклопедияи рузгордорӣ” гузошта шуд. Китоби мазкур дар муддати кутоҳ  харидорони худро ёфта,  ноёб гардид.  Сипас,  редаксия  маводхои Донишномаи физика, Донишномаи кудаконро таҳия ва барои чоп омода кард. 

Бо редаксияи мазкур муаллифони зиёд, аз ҷумла муаллифони хеле  фаъол Ҷӯраев Т., Тоҳиров И., Тӯйчиев Ш. Т., Қодирӣ С., Самарқандӣ Я.Ш., Раҳмонов А., Қозиҷонова Н. М. ҳамкории зич доранд.

Феълан редаксия барои ҷилдҳои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, маводҳоро  омода мекунад. Таҳияи Донишномаҳои  астрономия ва Донишномаи физика ба нақша гирифта шудааст.

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА