SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ ИҚТИСОДИЁТ, САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ

Мудири редаксия:  Султон Ҳамадов

Тел: 233 35 02

Дар замони шӯравӣ  вақте Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик ба фаъолият шуруъ кард  мақолаҳои иқтисодиро барои  китоби энсиклопедия  кормандони редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт таҳия ва таҳрир мекарданд. Ҳамон вақт ин редаксияро номзади илмҳои биологӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мақсуд Ҳоҷиматов раҳбарӣ менамуд. Акрамов Сано, Голтс Татяна Михайловна, Ёқубов Музаффар, Қурбонов Фидомад, Шарифов Нуриддин, Эшонова Мавлуда, Ҷӯраева Муаттара, Раҳимова Ситора, Ғафурова Солеҳа ба ҳайси муҳаррирони калони илмӣ, муҳаррирони илмӣ, муҳаррирон ва муҳаррирони хурд   дар ин редаксия  дар солҳои мухталиф ифои вазифа намудаанд. Мақсуд Ҳоҷиматов  соли 1986 ба вазифаи мудири редаксияи Назорати илмӣ ва адабии ЭСТ гузаронида мешавад. Тошев Абдушукур, ки  ба ҳайси муҳаррири калон дар ҳамин муассиса фаъолият мекард, мудири редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт таъин мегардад. Мақолаҳои иқтисодии ҷилдҳои 7 ва 8-уми ЭСТ таҳти раҳбарии Абдушукур Тошев  таҳия ва таҳрир шудаанд. Абдушукур Тошев яке аз кормандони собиқадори ин муассисаи давлатӣ ба ҳисоб рафта феълан дар вазифаи мудири редаксияи Биология, химия, тиб ва кишоварзӣ дар ҳамин идора кор мекунад. Яке аз собиқ кормандони редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёти ЭСТ Шарифов Нуриддин дар ҳамин идора аз соли 1991 ба ин тараф мудири рдаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолиятӣ дар сохтори Энсиклопедия тағйиротҳои ҷиддӣ ба вуқуъ пайвастанд. Муддате  мақолаҳои иқтисодиро дар редаксияи Иқтисодиёт ва география таҳия ва таҳрир мекарданд. Чунончи  мақолаҳои иқтисодии ҷилди аввали Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, ки  соли 2011 ба нашр расидааст, мудири ин редаксия Шарифова Мушаррафа ва кормандони он Тошева Шаҳрбону (муҳаррири пешбар) ва Зафаров Ангуршоҳ (муҳаррири) таҳия ва таҳрир намудаанд.  Дар таҳия ва таҳрири мақолаҳои иқтисодии ҷилди дуввуми  китоби ЭМТ ( соли 2013 нашр шудааст) кормандони редаксияи География, иқтисодиёт ва саноат Тошева Шаҳрбону (мудири редаксия), Раҳматуллоев Исо (муҳаррири пешбар), Шарифов Беҳрӯз (муҳаррири пешбар), Зафаров Ангуршоҳ (муҳаррир) саҳм гирифтанд. Мақолаҳои иқтисодии ҷилди саввуми ЭМТ-ро, ки соли 2014 ба нашр расидааст, ходимони редаксияи  Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ Абдуллоев Раҳматуллоҳ (мудири редаксия), Қурбонов Ҳокимшоҳ (муҳаррир) ва Холиқов Ифтихор (муҳаррир) таҳия ва таҳрир намудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар редаксияи Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзии ЭМТ  Ҳамадов Султон (мудири редаксия), Холиқов Ифтихор (муҳаррир) ва Рауфова Адолат (оператори компютер)  дар таҳия ва таҳрир ва омодасозии  мақолаҳои иқтисодии  барои ҷилди 6-и энсиклопедия фаъолият карда истодаанд.

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА