SJ Health - шаблон joomla Авто

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ – ...

+ View

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС ...

+ View

РЕДАКСИЯИ НАЗОРАТИ ИЛМӢ  ВА ТАҲРИРИ АДАБӢ

Мудири редаксия: Шарипов Нуриддин

Тел: 233 27 55

Редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ» дар  Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик соли 1970 дар ҳайати 7 нафар ташкил карда шуд. Мудири редаксия Муҳиддин Фарҳат, муҳаррирони редаксия Фазлиддин Муҳаммадиев, Сотим Улуғзода, Баҳром Фирӯз, Нодир Шанбезода, Т. М. Голс, Татяна Мухамедова буданд.

Мақсад аз ташкили редаксия назорати илмӣ ва таҳрири адабии мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедӣ буд. Редаксия мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедиро аз ду ҷиҳат назорат ва таҳрир менамояд:

  1. Аз ҷиҳати сохтори орфографӣ ва услуб;
  2. Аз ҷиҳати архитектоникаи китоб (транскрипсия, ихтисора, ҳавола,

этимология ва ғайра).

Соли 1974 ба сабаби зиёд шудани шумораи кормандон ва ҳаҷми кор дар  Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик редаксия «Назорати илмӣ  ва адабӣ» номгузорӣ ва шумораи коргаронаш ба 12 нафар: мудир, 7 муҳаррири калони илмӣ,  муҳаррири калон, 2 муҳаррир, муҳаррир-библиограф расонида шуд.

Аз соли 1978 штати кормандони редаксия кам карда шуд ва редаксия то соли 1988 дар ҳайати 9 нафар: мудир, 5 муҳаррири калон, 1 муҳаррири илмӣ, 1 муҳаррир ва 1 муҳаррири хурд фаъолият намуд.

Дар редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ» соли 1988-ум 8 нафар, 1989-ум 7 нафар, солҳои 1990–91-ум 5 нафар ва аз соли 1992-юм 2 нафар кор мекарданд. Ҳоло редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ» дар ҳайати мудир, 1 муҳаррири пешбар, 1 муҳаррир ва 0,5 ставка муҳарир-унификатор фаъолият дорад.

Солҳои гуногун Холмуҳаммадов Нусур, Ҳазратқулов Муҳаммадқул, Ҳоҷиматов Мақсудҷон, Искандаров Муқаддас мудири редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ»-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик буданд.

Вазифаи мудири редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ»-и Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷикро аз соли 1990 Шарипов Нуриддин ба зимма дорад.

Редаксияи «Назорати илмӣ  ва таҳрири адабӣ» дар тӯли фаъолияти худ мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедии дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи  Советии Тоҷик ва Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашршуда, аз қибили «Энциклопедияи Советии Тоҷик»  (дар 8 ҷилд), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (дар 2 ҷилд), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик»  (дар 3 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Энциклопедияи Хуҷанд»,  «Лениннома»,  «Энсиклопедияи Душанбе»   (нашри 1 ва 2), «Энсиклопедияи Кӯлоб», 5 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ва ғайраро аз ҷиҳати илмӣ ва адабӣ таҳрир намудааст.         

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА