Душанбе (форсӣ: دوشنبه; шаҳр аз соли 1925, то соли 1929 — Душамбе, солҳои 1929—1961 — Сталинобод) — пойтахти Тоҷикистон, шаҳре бо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, санъатӣ ва идории кишвар. Болотарин ниҳодҳои давлатии кишвар дар Душанбе воқеъ шудаанд. Аз соли 1924 то 1929 пойтахти ҶМШС Тоҷикистон, аз соли 1929 то 1991 пойтахти ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 1991 токунун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қариб 40 фоизи иқтидори санъатии Тоҷикистон дар шаҳр мутамарказ шуда, 12 % аҳолии кишвар (ба ҳолати 1 июли соли 2023 — 1 228 400 тан) дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд. Аз 12 январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе мебошад.
Ҷойном
Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: دوشنبه) барои нахустин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (таълиф 1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Русияи Подшоҳӣ Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қӯрғон» номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт. Соли 1924 Душанбе, ки ба шаҳр табдил ёфта пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълом гардид. То соли 1929 он Душамбе (Дюшамбе) ном дошт. Аз соли 1929 пойтахти ҶШС Тоҷикистон ба шарафи Иосиф Сталин Сталинобод номида шуд. Дар соли 1961, дар давраи сталинзудоӣ, шаҳр ба номи аслии худ баргардонида шуд, аммо бо имлои дуруст ба Душанбе иваз карда шуд.



