Котиби масъул

Дӯстмурод Зиёзода, Котиби масъули СИЭМТ ДӮСТМУРОД ЗИЁЗОДА (Зиёзода Дӯстмуроди Саид), донишноманавис, муҳаррир ва омӯзгор. Котиби масъули Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2026). Аълочии...

Зиёзода Дӯстмурод Саид

Дӯстмурод Зиёзода, Котиби масъули СИЭМТ

ДӮСТМУРОД ЗИЁЗОДА (Зиёзода Дӯстмуроди Саид), донишноманавис, муҳаррир ва омӯзгор. Котиби масъули Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2026). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2024).

5 июни соли 1990 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат (2010) ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015) мебошад.

Зиндагинома ва собиқаи корӣ

Фаъолияти кориашро соли 2008 ҳамчун омӯзгори фанни технологияҳои иттилоотии МТМУ № 1-и шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, баъдан дар Коллеҷи омор (2010–2012) ва Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии назди МТМУ № 139-и шаҳри Ваҳдат (2013–2015) ҳамчун тренер-омӯзгор фаъолият кардааст.

Дар Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба ҳайси устои компютерҳо (2013–2015), муҳаррири хурди редаксияи Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ (2015), муҳаррири редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ (2015–2017), муҳаррири пешбар (2017), роҳбари гурӯҳи кории «Википедияи Тоҷикӣ»-и редаксияи Харита, тасвирот ва комплектатсия (2017–2018), муҳаррири пешбари редаксияи Донишномаи кӯдакон ва наврасон (2018–2020) ва мудири шуъбаи Википедияи Тоҷикии СИЭМТ (2020–2025) фаъолият намудааст.

Аз соли 2026 Котиби масъули Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик» ва ҳамзамон ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад.

Фаъолияти илмӣ ва донишноманависӣ

Дар ҷамъоварии расмҳо ва ороиши китоби «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017) саҳми арзанда гузоштааст.

Аз соли 2012 дар рушду такмили донишномаи озоди Википедия ширкати фаъол дошта, дар соли 2016 яке аз мудирони Википедияи Тоҷикӣ интихоб гардидааст. Беш аз 20 000 мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хатти форсӣ эҷод намудааст.

Аз соли 2018 сарвиростории фарҳанги интернетии «Вожаҷӯ»-ро бар уҳда дошта, яке аз мураттибону муҳаққиқони китоби сеҷилдаи «Феҳристи номоварони Хуросони Бузург» (2024) дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси хаттии АМИТ мебошад.

Унвон ва ҷоизаҳо

  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024).
Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    17 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.