Мушовири илмӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Мушовири илмии СИЭМТ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, маъруф бо исми мустаъори Ибни Қурбон), таърихнигор ва донишноманависи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1996), Мушовири...

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Мушовири илмии СИЭМТ

НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, маъруф бо исми мустаъори Ибни Қурбон), таърихнигор ва донишноманависи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1996), Мушовири илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2023) ва барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012).

26 сентябри соли 1958 дар деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1965—1975 дар мактаби миёнаи ҳамин деҳа таҳсил карда, соли 1983 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст.

Зиндагинома ва собиқаи корӣ

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1983 ҳамчун лаборанти калон дар Институти шарқшиносӣ (баъдан Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ) оғоз намуда, то вазифаи ходими пешбари илмӣ адои хидмат кардааст.

Солҳои 2012—2025 вазифаи Сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик»-ро бар уҳда дошт. Аз соли 2025 Мушовири илмии ҳамин муассиса мебошад.

Фаъолияти илмӣ ва донишноманависӣ

Соли 1996 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Давлати Куртҳои Ҳирот» ҳимоя намуд. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи масоили таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар ҷуғрофиёи таърихии Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон буда, ҳамзамон таҳияву таҳқиқи осори хаттии форсиро анҷом медиҳад.

Тавассути таҳқиқоти ӯ омӯзиши таърихи давлати асримиёнагии Ғуриён дар Тоҷикистон вусъат ёфта, аввалин бор давлати тоҷикии Куртҳои Ҳирот таҳқиқ ва ба доираҳои илмии мамлакат ворид карда шуд.

Таҳти роҳбарӣ ва таҳрири бевоситаи ӯ 10 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», 7 ҷилди «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» ва китоби 16-ҷилдаи «Таърихи Табарӣ» (ба ҳуруфи кириллӣ) ба нашр расидаанд.

Унвон ва ҷоизаҳо

  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2023);
  • Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012).

Осори асосӣ

  • Давлати Куртҳои Ҳирот (1245–1381). — Душанбе, 1996.
  • Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. — Душанбе, 1999.
  • Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш. — Душанбе: Эр-граф, 2003.
  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. — Душанбе: Эр-граф, 2007.
  • Таърихи халқи тоҷик (Ҷилди 2). — Хатлон, 2008.
Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    17 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.