Редаксияи динҳо (таъсис: 1.1.2019), яке аз шуъбаҳои СИЭМТ, ки соли 2019 таъсис ёфта, кормандони он ба таълиф, таҳия ва таҳрири истилоҳоту мадхалҳои адёни мухталиф, ахлоқ, ирфону тасаввуф, тафсиру ҳадис, фиқҳу усул, калом ва дигар улуми динӣ барои китобҳои ЭМТ ва «Донишномаи фарҳанги исломӣ» машғуланд. Ҳоло дар редаксия 4 нафар: Наимов С. (мудир), Маҳмадуллоев С. (муҳаррири пешбар), Исроилов Р. (муҳаррири пешбар) ва Боқиев Ш. (муҳаррир) кор мекунанд.


