Зардолупарварӣ бештар дар Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Аврупои Ҷанубӣ ва Қафқоз ривоҷ ёфтааст. Дар Тоҷикистон танҳо зардолуи муқаррариро мепарваранд. Дарахти он калон буда, 8-15 м (навъҳои осиёимарказӣ то 20 м) қад мекашад. Баргаш байзашакли дандонадор, гулаш сафед ё гулобии дуҷинса (пеш аз барг баровардан мешукуфад). Мевааш донакдор (8-12 дарсади ҳаҷми меваро ташкил медиҳад), сафедтоб, норанҷӣ (паллаи офтобрасаш), сурхранг, заъфарон, байзашакли мудаввар ё дарозрӯя, сершира ва хушбӯй; аввалҳои июн мепазад. Решааш пурқувват, сурхи гулгун ё бунафш; ба хок амиқ меравад.




