
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик шоҳкории безаволи мутафаккири бузург Абунасри Форобиро бо номи «Мусиқии кабир» ба чоп расонд.
Ин асар яке аз муҳимтарин ва муфассалтарин манбаъҳо дар таърихи назарияи мусиқии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Форобӣ дар ин китоб пояҳои илмии мусиқӣ, сохтори созҳо, таносуби овозҳо ва таъсири руҳии оҳангро бо дақиқии камназир баррасӣ кардааст.
Ин нашри гаронқадр, ки заҳмати чандинсолаи олимону мутарҷимонро дар бар мегирад, дар соли 2025 бо сифати баланд ба табъ расидааст.


