Редаксияи таърих, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвини мақолаҳои соҳаи таърихи халқи тоҷик, таърихи ҷаҳон, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ машғул аст. Соли 1969 ба унвони редаксияи таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва санъат ташкил ёфт. Соли 1973 ба ду редаксияи алоҳида: Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС; Таърихи умумӣ, археология ва этнография ҷудо шуд. Солҳои 1989‒2008 редаксияи Таърих ном дошт. Тӯли солҳои 2008‒12 бо редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ муттаҳид ва редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ номгузорӣ шуд. Аз соли 2012 бо номи кунуниаш амал мекунад. Кормандони редаксия дар табъу нашри ҷилди махсуси «Таджикская ССР», «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Революцияи Кабири Социалистии Октябрь», «Лениннома», «Энсиклопедияи Хуҷанд», «Энсиклопедияи Душанбе», «Тоҷикистон» ва саҳм гузоштанд. Тӯли ин муддат дар редаксия А. Қосимов, М. Муродов, А. Самадов, Р. Шарифов, Т. Шокиров, Р. Раҷабов, А. Ҷалолов, А. Умаров (муҳаррирони калони илмӣ), С. Абдуллоев, Х. Салимов (муҳаррирони илмӣ), С. Ғоибов, Ю. Бозоров, Д. Холмуродов, Х. Нозиров, В. Салоев (муҳаррирон) ва дигарон кор карданд. Ҳоло дар редаксия 4 нафар: Ф. Муҳаммадӣ (мудир), Қ. Расулиён (муҳаррири пешбар), Шамсиддинов А. (муҳаррир), (муҳаррир) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғуланд. Мудирони редаксияи Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС: Ӯ. Пӯлодов (1969‒73), А. Абдуманнонов (1975‒78), М. Саъдиев (1973‒75; 1979‒82), У. Назиров (1982‒89); редаксияи Таърихи умумӣ, археология ва этнография: Ӯ Пӯлодов (1973‒75), Н. Мирзоев (1975‒78), А. Валиев (1979‒94); редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ: Б. Раҳматов (2008‒12); редаксияи таърих: Б. Абдураҳмонов (2012‒15), С. Ҳусайнӣ (аз 2015–25), Ф. Муҳаммадӣ (аз 2026).


