Фарҳанг, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризм

Редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, туризм ва варзиш, редаксияи калонтарини СИЭМТ, ки бо тадвин ва таҳрири мақолаҳои марбут ба фарҳанги умумибашариву миллӣ, санъати мусиқиву меъморӣ,...

Редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, туризм ва варзиш, редаксияи калонтарини СИЭМТ, ки бо тадвин ва таҳрири мақолаҳои марбут ба фарҳанги умумибашариву миллӣ, санъати мусиқиву меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маориф (педагогика ва психология), корҳои ҳарбӣ, соҳаҳои туризм ва варзиши ЭМТ ва энсиклопедияҳои соҳавӣ машғул аст. Редаксия соли 1968 баробари ЭСТ таъсис ёфта, ибтидо аз ду редаксия – Маданият ва санъат; Матбуот, маорифи халқ ва педагогика иборат буд. Баъдан ба як редаксия табдил дода шуда, таҳти унвони Маданият ва санъат (1981), Санъат (1986) амал мекард. Аз соли 2005 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Ҳангоми ду редаксия будан 8 корманд дошт. Ҳоло дар редаксия 6 нафар (Мирзоев Б., Нурова М., Мирзоев С.,  Раҳмоншоева М., Саъдуллоева В., КалоноваМ.) кор мекунанд. Редаксия дар ҳайати СИЭМТ дар таҳияи мақолаҳои марбути «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд, 1978–88), «Таджикская ССР» (1974, 1984), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (3 ҷилд, 1988,1989, 2004), энсиклопедияи «Душанбе» (2004, 2016), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), «Ҳазору як корнома» (3 ҷилд), «Китоби хотира» (2005, дар бораи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (12 ҷилд, 2011–2026), Донишномаи фарҳанги мардум (5 ҷилд, 2015–2010) иштироки фаъол дошт. Барои таълифи мақолаҳои энсиклопедӣ редаксия ҳамеша ба олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор такя мекунад, ки шумораи онҳо ҳоло ба беш аз 60 нафар расидааст. Муаллифони фаъоли мақолаҳои марбут ба редаксия: Раҷабов А., Низомов А., Обидпур Ҷ., Нуров А., Ҳабибов Ш., Раҳмонқулов А., Муқимов С., Раҳмонӣ Р., Раҳимов Д., Шарифзода Қ. ва дигарон.

Мудирони редаксия: Беҳбудӣ М. (1974–76, редаксияи Маданият ва санъат), Раҳимов Х. (1974–76, редаксияи Матбуот, маорифи халқ ва педагогика), Шарифова М. (1975–82, редаксияи Маданият ва санъат), Ҳасанов М. (1975–82, редаксияи Матбуот, маорифи халқ ва педагогика), Абдураҳмонов  Б. (1982–88), Раҳматов Б. (1990–2005), Шарипов Н. (2005–14), Қодиров С. (2014–2020), Мирзоев Б. (аз октябри 2020).

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    15 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.