Редаксияи донишномаҳои кӯдакон ва наврасон, яке аз воҳидҳои СИЭМТ, ки ба таълифу таҳия ва ба чоп омода кардани донишнома барои кӯдакон ва наврасон машғул аст. Соли 1983 дар таркиби СИЭСТ бо номи «Энциклопедияи атфол» таъсис ёфта, то соли 1986 фаъолият дошт. Дар ҳайати он 6 нафар – С. Содиқова (мудир), Р. Раҷабов (муҳаррири калони илмӣ), Р. Маҳмадиева (муҳаррири илмӣ), Н. Салимов, Н. Ҷӯраев, О. Дадоев (муҳаррирон) кор карда, асосан бо таҳия ва тадвини мавод барои китоби донишномаии «Кист он? Чист он?», ки мутаассифона чоп нашудааст, машғул буданд. Бо супориш ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти редаксия аз январи 2015 аз нав ба роҳ монда шуд. Дар тӯли 11 соли фаъолияти худ редаксия китобҳои «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» (2013, 2018), «Шинохт ва ёдгирӣ» (2015), «Шигифтиҳои бадан» (2015), «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» (2016), «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ ва тасвири ҳикояҳо (2018), «Кайҳон» (2020), Бозиҳои кӯдакона (2020), Ҳунарҳои мардумӣ (2020), Ҳафт мӯъҷизаи олам (2020), Таърихи дунёи қадим (2020), Парандаҳо (2020), Ҳайвоноти ширхӯр (2020), Техника (2020), Ҷуғрофия (2020), Саёҳатнома (2021), «Ахтарони илм»(2022) «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик» (2022), «Ахтаршиносӣ» (2022), «Сайёраи Замин» (2024), «Ҳашарот» (2024), «Ихтирооти инсон» (2025), «Аносири кимиё»-ро таҳия ва ба чоп омода кард. Дар редаксия 8 нафар: Ғиёсов И. (мудир), Маҳмадаминов Ш. (муҳаррири пешбар), Маҳмадаминов Ш. (муҳаррири пешбар), Нарзиева Д. (муҳаррири пешбар), Абдураҳмонов Б. (муҳаррир) Вазирзода Г. (муҳаррир) Имадинова С. (рассом), Имадинова Ф. (рассом) кор мекунанд. Мудирони редаксия: Содиқова С. (1983–86), Абдураҳмонов Б. (2015–16), Сафарзода Н. (аз 2016–24). Ғиёсов И. (аз 2024).


